ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 03 Август 2022 08:18

Чоршанбе, 03 Август 2022 08:16

Абдуқодири Абдуқаҳҳор-журналисти фарҳехта ва шахсияти вораста меҳмони газетаи мардумӣ шуда, роҷеъ ба кофарҳукмгарони фанат, шогирдону муридони мулло Абдураҳими қазоқонӣ ва ғ. ва ҳ. изҳори таассуф намуд, ки мардуми мусалмонро кофар мехонанд. Ҳол он ки худ намедонанд, кофаранд ё мусалмон? Биҳишт мераванд ё дӯзах?

-Ман аз ҳама муллоҳои комилёфтаву рушдкарда, на мутаассибу фанат, фейкҳои хасакии Форуқу Чоруқ, балки маҳз аз мулло Абдураҳими Қазоқонӣ ва ҳаммаслаконаш 1 суол дорам: Оё, ту, шумо биҳиштиед ва 100% бовар доред, ки биҳишт меравед, на дӯзах?

Ва то онҳо ба ин суоли оддӣ посух меҷӯянд, ин шеъри Алимуҳаммад Муродии нозанинро хонандагони СССР хонда роҳат кунанд:

Он чӣ дорӣ аз ҷаҳолат, ном имонаш накун,

Ҳарчӣ дар ақлат нағунҷад, куфр эълонаш накун.

Бар савобу бар гуноҳи мо қазоват аз Худост,

Ту қазоват гар кунӣ, аз номи Яздонаш накун.

Чоршанбе, 03 Август 2022 08:08

      

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ унвони олии фахрӣ дар давлати шурави барои ххизматҳои барҷаста ва корнамоӣ ба нафъи ҷамъият ва  давлат дода мешуд.Ин унвон ба қарори КИМ  СССР аз 16 апрели соли 1934 таъсис ёфта қаҳрамон бо ордени Ленин медали “Ситодаи тилло” ва Грамотаи Призидиуми Совети Олии СССР сазовор мегашт.Ки маи соли 1973 бо дастурамали он бахзе тағирот ворид шуд.Дар давраи Чанги Бузурги ватании солҳои 1941 1945  бори якум ин унвон ба 3 нафар лётчикҳои қадркунанда М.П.Жуков С .Н Здоровсев ва П.Т  Харитонов 8 июл соли  1941 дар задухурди ҳавоӣ ба душман дар остонаи Ленинград барои ( ҳамлакуни бо самалёт) кардани сомолётҳои гитлерчиён қадр гаштанд.Ҳамаги дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани барои нишон додани корнамоии чангӣ зиёда аз 11600 нафар диловарон бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Совети мушарраф гаштаанд.Леётинанти хурд,тоҷикписар Неъмат Қарабоев нахустин қаҳрамони иттифоқи совети аз Осиёи миёна мебошад,ки ин унвонро 21.03.1940 барои нишон додани матонат дар задухӯрди мусаллаҳона миёни Финландия ва СССР сазовор гаштааст.

 СОЛҲОИ 80-УМ

Сарфарозгардонӣ  бо ин унвон то барҳам хурдани давлати шуави то соли 1991 идома кард.Ду тан аз зодагони Тоҷиистон, солҳои 80-ум охирин намояндаҳои бо ин унвон қадр шуда Александр Мираненко ва Наби Акрамов мебошанд.

Сержанти калон Мираненко Александр Грегоревич (1959- 1980) зодаи шаҳри Душанбе барои нишон додани матонат ва қаҳрамонӣ дар иҷрои қарзи интернетсионали дар ҶДА 28.04.1980 (пас аз марг) бо ин унвон сазовор гаштааст.Бо фармони президиуми Советии Олии СССР аз 5. 07.1982 лейтинанти калон Наби Арамов бо унвони қаҳрамони Иттифоқи Совети қард шудааст.

АКТО

Алҳол аз барандагони унвони қаҳрамони Иттифоқи Совети, фарзандони номдори тоҷик Набӣ Акрамов яккау ягона аст,ки дар шаҳри москва умр ба сар мебарад.

Тӯли даҳ сол зиёд дар бораи ин шахсияти таърихӣ дар матбуоти даврӣ қариб, ки маводе интишор нагаштааст  ва насли имрӯза аз мавҷудияти чунин як диловар бехабаранд. Аз ин хотир қарор додем то дар бораи шердили тоҷик сухане чанд гуфта бошем, зеро ӯ фарзанди замони хеш буд ва бо амри ватан адои хизмати ҳарбӣ кардааст. 

Акрамов Набӣ Маҳмудҷонович 17.07.1975 дар  шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравашан) дар оилаи низомӣ ба дунё омадааст. Соли 1975 пас аз хатми мактабӣ ошёнаи №57 и шаҳри Душанбе чанде ҳамчун ронанда кор мекунад.

Соли 1976 Набӣ Акрамов ба Омӯзишгоҳи олии командирии умумиҳарбии Аламато ба номи маршал И.С.Конев дохил шуд.

Чоршанбе, 03 Август 2022 08:02

 

1.08.1914.Олмон ба Русия ҷанг эълон ва Ҷанги Ҷаҳонии 1-ро поягузорӣ намуд.

1.08.1924.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Ордени Байрақи Сурх роҳандозӣ шуд. Ин Аввалин Ордени шӯравӣ барои мардонагӣ ва ҷасорати фавқулодда дар роҳи ҳимояи ватан тақдим карда мешуд ва яке аз олитарин нишонаҳои фахрӣ ба шумор мерафт.

1.08.1927. Таъсиси Артиши Халқӣ-озидихоҳии Чин. Дар ин рӯз дар шаҳри Нанкини Чин, қисмҳои артиши миллии Чин бо сарварии коммунистон шӯриш бардоштанд ва артиши навро таъсис доданд. Ин рӯз дар Чин чун рӯзи Артиш васеъ ҷашн гирифта мешавад.

1.08.1939. Дар Маскав Намоишгоҳи умумииттиҳодии хоҷагии қишлоқ (ВДНХ) ифтитоҳ ёфт. Дар ин намоишгоҳ ҳамасола дастовардҳои хоҷагии қишлоқи СССР ба намоиш гузошта мешуданд ва ҳар ҷумҳурӣ дар он гӯшаи худро соҳиб буд.

2.08.1930. Дар СССР дар рафти машқҳои округи ҳарбии Маскав, дар наздикиҳои ш.Воронеж барои аввалин бор десанти ҳавоӣ партоб шуд. Ин рӯз дар собиқ СССР чун Рӯзи нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ васеъ ҷашн гирифта мешуд.

2.08.1933. Дар СССР канали Беламор-Балтики ба номи Сталин ифтитоҳ ёфт, ки яке аз объектҳои стротегии СССР буду Балтикаро бо баҳри Сафед мепайваст.

2.08.1934. Дар Олмон баъди марги рейсхпрезидент Гинденбург, Адолф Гитлер фюрери ин кишвар эълон карда шуд.

3.08.1929. Дар шаҳри Ростови лаби Дон аввалин истгоҳи телефонии худкор (АТС) ба кор сар кард. АТС бо кумаки ширкати шведии «Эриксон» сохта шуд ва ба 6000 рақами телефонӣ хизматгузорӣ мекард.

3.08.1940.Иҷлосияи 7-уми Шӯрои Олии СССР ба дархости Сейми миллии РСС Литва ризоият дод ва Литваро ба ҳайъати СССР пазируфт.

3.08.1945.Баъди таъсиси ҷумҳурии Чехословак тамоми мардуми олмонӣ ва венгеритабори ин кишвар аз ҳаққи гирифтани шаҳрвандии Чехословакия маҳрум карда шуданд.

4.08.1962. Дар Африқои Ҷанубӣ, роҳбари Кунгураи Миллии Африқо Нелсон Мандела равонаи зиндон шуд. Ӯ 28 сол дар зиндон шишта, ба идеали муборизаи мардуми сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ бо низоми нажодпарастӣ-апартеид табдил ёфт.

Чоршанбе, 03 Август 2022 07:57

Чоршанбе, 03 Август 2022 07:53

Чоршанбе, 03 Август 2022 07:38

  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter