ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Август 2022 14:45

 Саидалӣ Шерхонов, омӯзгори мактаби №3-и н.Восеъ меҳмони редаксия шуда, дар бораи сиёсати глобалӣ ва ҷангҷӯии НАТО ибрози назар кард.

   - Дуо кунед барои тинҷиву ободии хонадонатон инчунин Тоҷикистон ва  рӯи замине, ки хонаи ҳамаи мову шумост. Худо нигаҳ дорад аз ҷанги 3-юми ҷаҳон.  Омин! Сиёсатро бинед, миллиардҳо барои ҷанг дар Украина, Афғонистон, Сурия, Ироқ ҷудо мешаваду барои гуруснагон якчанд миллионак на. Боз орзуи зиндагӣ дар МАРС доранд. Марсе, ки обу ҳаво надорад ва касе то ҳоло рафта омадагӣ нест. Ташкилотҳои сулҳпарвар куҷост? Ба гуфтаи Саъди Маҳдӣ, садқаи 1 сабзазори курраи замин кунад, яроқҳои  омкушатонро!

Дигар ин ки мехоҳам бигӯям, ки омӯзгорони н.Восеъ сари вақт маошу рухсатии худро гирифтанд ва дар ин кор саҳми раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода кам нест. Эшон ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса дошта, ҳамеша ғамхори моянд!

Чоршанбе, 10 Август 2022 14:40

Чоршанбе, 10 Август 2022 14:37

Чоршанбе, 10 Август 2022 14:23

 

Чоршанбе, 10 Август 2022 14:09

 

Чоршанбе, 10 Август 2022 14:02

 

Ростӣ, вақте, пас аз пандемияи сартосарӣ, нав ба худ омада, нахустин коре, ки Тоҷик кард, ин дар моҳи июли соли ҷорӣ, 213 млну 500 ҳазор сомонии расмӣ (3500 кас бо путевкаи $3350) ва шояд беш аз 10 млн доллари дигари ҳаҷ-тӯҳфагӣ бурда, ба ҳамёни Саудиву Хитой рехта, бо худ танҳо 1 префикс-часпаки ном овард (ҳоҷӣ-фулонӣ), ман маҷбуран, дуои бадтарини Бобои Ғуломро эътироф кардам:

-Мо бимирем ҳам, дигар одам намешавем!!!

Ва ин дар ҳоле, ки зумрае аз ҳуҷҷоҷи навтаъсис на танҳо аз ҳушдорҳои Президенти ҶТ оид ба гарониву гуруснагӣ ва захираи 2-солаи ғизо воқиф буданд, ки масъули ҷилавгирӣ аз ин хатар низ ҳастанд. Вале муҳим гуруснагӣ нест. Муҳим ин буд, ки касе бояд харҷ мекарду часпаке бо хеш меовард. Ҳарчанд бо ин пул мешуд, захираи 1-сола барои 100.000 аҳолӣ ғарам намуд.

Ҳоҷӣ, ки зи Хонаи Худо баргаштаст,
Морест, ки рафта, аждаҳо баргаштаст…

           

Дъо…

Ростӣ, ман чун 1 Тоҷики асил 1 умр аз 1 чиз метарсам: Аз дуо, ки дар бархе водӣ «до-о», ҷое «дъо» ва куҷое просто «за…барбанит кун» мегӯянд!!! Ва дар ин мавзеъҳо низ аз он, яъне дуо метарсанд, мисли ман…

-Ҷӯгие тирезаи мошинамро тақ-тақ мезанаду гизала садақа мепурсад. Додан лозим. Надиҳӣ дуо мекунад. Дуои ҷӯгӣ…ух как метарсам!

-Талбандаи 4 ишкелаш дуруст, чолок ва чуст дарро кушодаву пул мепурсад; надиҳам дуош мегирад! Медонам:

Даст аз тамаъ бишӯй, ки аз шумии тамаъ,

Дар ҳаққи худ дуои гадо нест мустаҷоб…

Вале ман-ку медонам, дуояш дигаронро не, маро ҳатман мегирад! Страшно…

Муллое гизала нигоҳам кард, талхакаф мешавам. 1 бало кунам, ки дуо накунад.

Калонсоле (на ҳама, албатта) дуо накунад гуфта, коре мекунам, ки 3-4 соат вақтам зоеъ меравад. А, вақт сарвати бебозгашт аст (албатта, барои тоҷик не, ки дигарон)…

Пикаеро, ки ним рӯзамро бо сафсатааш кӯр месозад, аз тарси дуои бадаш гӯш мекунам.

Ин чӣ, ки ҳатто мошенникеро, ки медонам 200% авомфиреб аст, аз тарси дуои бадаш нагирад, ба домаш худро меафганам:

Эй, кабки хушхиром, куҷо меравӣ, биист,

Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард!

…Дар бораи ту гап зада истодаам, хонандаи ин сутур. Оре, маҳз туе, ки ҳамин ҳоло STOP додаву пурсидӣ аз худат:

 «Дар бораи ман-мӣ, ако?»

«Да борай кӣ, брат?»

 «Да бурай мн, угам???»

«Бро, дар борай ман?»…

 Оре дар бораи ту-ҳо… Ва худам. Зеро худам низ аз ҳамин ҷамъиятам:

Ҳар он, ки айби туро пеши чашм ангорад,

Бибӯс дидаи ӯро, ки бар ту ҳақ дорад!!!

Ин памфлет ҳам дуост. Дуое бароят, вале қабул нашуд, бок нест. Боз дуо мекунем, ки писандат ояд:

Пеши ту дуо додаму дашном шунидам,

Ҳаргиз асаре беҳтар аз ин нест дуоро!!!

PS: Ҳар нафаре муаллифи ин абётро меёбаду тариқи СМС, почта, мактуб, телефон ба редаксия исрол менамояд, соҳиби китобҳои чопи редаксияи мардумӣ мегардад. Тафсилот дар саҳ-6. Мо Метавонем!

 

Дуои муслимину Гумбади яҳудӣ…

-15 рӯзи Рамазони гузашта тамоми олами Ислом дуои баде дар ҳаққи Исроил ва қавми яҳуд карду…1 тирашон хато нарафт ва ҷаррасти Фаластинро бароварда, чунон мушакборонаш кард, ки 100 соли дигар барқарор намешавад…

-15 рӯзе, ки мо дуои бад дар ҳаққи ин қавм мекардему бовар доштем, ки баъди ин ҳар сангу тири партобкардаи муслимин ба таъбири пешвои оппозитсияи исломии Тоҷик, мулло Нурӣ, тавассути фаришта-наводчикҳо ба синаи яҳуд мерасанд, онҳо ҳудуди 1000 фаластиниро куштаву 50 ҳазорро захмӣ ва 300 ҳазори дигарро бе хона сохтанд…

-15 рӯзе, ки мо дуо кардем, ки хонаҳояшон бар сарашон чаппа шаваду онҳоро Худо занад, онҳо мусалмононро заданду ҳазорон хонаро дар сари садҳо ҳазор фаластинӣ чаппа карданд...

-15 рӯзи Рамазон олами Ислом дуо мекард ва дар ҳамин 15 рӯз системаи зиддимушакии Исроил ҳудуди 300 ракетаи каҷу килебу примитиви «Қассам»-ро, ки назире аз «Чунгули Фос»-и ҷанги граждании мо-Тоҷикон аст, дар ҳаво боздошт кард (Воқеан ҳам он Чунгули Фосро барои мо-мусалмонони 5-вақта, ҳини ҷанги гражданӣ, 1 немиси «кофир» сохта буд!)…

-15 рӯзи Рамазон, ки мо аз гумбазҳои масоҷид дуо мекардем, яҳудиҳо кор мекарданд ва «Гумбади Ҳавоӣ»-яъне бомпӯши зиддимушакиро таҳия ва такмилу таҷдид намуданд…

 Умуман, эй мардум, э, до и после…муллоҳо, эй, бо ва бе намозони гиромӣ, 1 бор фикр кардаед, ки чаро Худо дуои мо-мусалмононро мустаҷоб намекунад??? Ин суол риторикӣ нест. Баҳси қуръонист. Шояд аз марҳамати Худо канор меравем? Не? Пас, чаро дуои эшони Нуриддинҷону «алломаҳои мо», ки садояшонро шунида, чорзону қад мешавем, ки мабод ҳавои алангаи дуояш тору пудамонро сӯзад ва дами нафаси шайхҳои мағрури араб, ки аз пасашон кафк бар даҳан, бо мазҳаби падари хеш ҷиҳод эълон кардаем, корагари яҳуду НАТО нест? Магар оташи дуои ишон фақат мусалмонро дар Афғонистону Ироқу Сурияву Ирону Покистон месӯзаду бас? Ва ё яҳуду тарсо «огнетушитель»-и инҳоро ёфтаанд?

Ҳақиқат ин аст, ки алломаву шайхҳои мо, атрофии нафси палиди полудаи хеш даврак задаву кӯрмуш шудаанд ва тибқи масали маъруф бо дуои кӣ ҳаво намеборад? То-та! Воқеан дар бораи ҳаво:

-Ҳоло боз инҳо дуои борону барф ва гармиву сардӣ ҳам мехонанд; магар ҷои синоптикҳоро гирифтаниянд?!

 -Дуои фарзанд ёфтану ҳомила шудану ҳомила кардан-ку барои ишон 2х2 мебошад. Яъне бархе муллоҳои мо гинеколог шудаанд.

 -ЗАГС ҳам дигар аз инҳост, ки гармиву сардӣ намуда, хонаҳои муъминонро хароб менамоянд.

 -Домулло-Шерлок Холмсҳо ҳам мӯл дорем. Кӯрхату хичикбанди ишон дилхоҳ ҷиноят, дуздӣ, авбошӣ ва қатлу кушторро «мекушоянд». Ва агар ба инҳо бовар кунем, Вазорати корҳои дохилиро бастан даркору ҷои Рамазон Раҳимзода ягон муллои хичикбандро бояд вазир баргузинем.

 -Мулло-аптекаҳо кайҳо амалан худро нишон медиҳанд. Бо даму куфу суфашон дилхоҳ мараз, ҳатто спиду туберкулёзро ҳам шифои комилу оҷил «мебахшанд». Ва дуоҳои ишон дар бархе маврид аз дорувори «аптекаи №1» хеле гарон аст: Имрӯз ё пагоҳ муллои дамгаре вазири тандурустӣ баргузида мешавад…

… Вале дилам ба худам месӯзад, о, мани ганда низ 15 рӯзи Рамазон бо тамомии олами ислом, дар намозҳои ҷумъаву иди фитр, содалавҳона бовар доштам, ки дуоям мустаҷоб мегардаду ракетачаҳои «Қассам»-аки арабакҳо Гумбади Ҳавоии Исроилро гузашта, давлати яҳудро нагун мекунанд (воқеан ман то ҳол ба бесадрнишинҳои ирунии Абобил (ном аз Қуръон аст) бовар надорам. Ну, надорам, и всё!!!);

-15 рӯз дар баробари эмоми масҷидамон ва даҳҳо ҳазор содаяки дигар, ман даст ёзондаву сахххтттт сукути дурӯғин карда, сидқан даст ба дуо кашидаву сафи…мулло-бомбардировшикҳоро зиёд кардам…

 …Хандидӣ, хонанда? Вале ту дониву Худо ту ҳам дар сафи ман нестӣ? Ту ҳам ҳар шабу рӯз ину онро дуои бад намекунӣ? Мекууунииӣ. Ещё как мекунӣ! Дуои некамон бошад, агар минимум бигирад, Тоҷикистон Шветсария мешаваду одамонаш норвегиявӣ!!! Э, дуо мекунемеее…

Воқеан медонед, ки дуо ҳамон тост ё худ нӯшбод аст? Касе бовар надорад, «любой» дуои арабиро гираду «перевод» кунад ва сипас гӯш кунад, ки дилхоҳ майпараст пеш аз 100 гр вардоштан, чӣ нӯшбоде мегӯяд. Паҳ-паҳ-паҳҳҳ…

…Намегӯям дуо намегирад. Шояд гирад. Ҳатто клоссики ворастаринамон ба ин содагӣ бовар дошт, ки:

Даст дуои Ҳофиз таъвизи чашмзахм аст,

Ё раб бубинам онро, дар гарданат ҳамоил!

Вале ба пиндори сирф инфиродии ман дуои олами ислом мустаҷоб намешавад, зеро мо муҳимтарин рукни мусалмонӣ, инсонгароӣ-одамгариро раҳо кардаем. Вежагии Одам, ки ӯро Худои Бузург дар Сураи Бақарааш «Халифаи худ» мехонад («Хозяин, царь природы!» оказывается не большевики придумали?-муаллиф), ин аст, ки мо ақл дорем ва бояд дониш андӯзем ва сӯи фатҳи қуллаҳои илму маърифат равем, пажуҳанда бошем, ихтироъкор гардем, бисозем, биофарем. Аммо мо ақл-бузургтарин неъмати Худоро харҷи хурофот кардаву олами исломро пасмондатарин мавзеъи оламиён ва аҳли исломро зомбиҳои камхирад ва машинаи тобеъияти хостаҳои нангину бади хеш сохтаем.

 Барои исломи имрӯза Одами Вораста лозим нест! Барои мо касе даркор, ки ба ана ҳамон мулло-аптека, дуо-синоптика, таштоб-гинекология, тӯмор-ЗАГС ва кӯрхат-милитсия бовар кунад. Мо, ки худро эмому пешвову ҳодии ин ҷамъият мехонем, бояд аз манфиати инфиродӣ, ки ҳамагӣ сари зани 2-ум ва 4 тангаи ҳарому қолини сари ҷаноза беш нест, худдорӣ кардаву ҷамъияти муслиминро сӯи донишпажӯҳишии асри муосир таҳрик диҳем, то ақаллан дар соли 3014 яроқи ядроии мусалмонони олам…дуо боқӣ намонад…

Худо кунад, ки чунин шавад, Омин… Боз дуо шуд ку?

Мо Метавонем!

01.07.2014.

PS: Матлаб, аккурат, 8 сол пеш чоп ва бо прологи ҷадид ва эпилоги андаке печу дарҳам бознашр шуд. А, ту чӣ фикр кардӣ, хонанда, нав навиштам? Хоки думушта-гуфти Бобои Ғулом. Вале ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки дар ин 8 сол (!!!) дар олам не, ҷамъият ҳам не, дар Тоҷикистон низ на, дар шаҳру навоҳӣ ҳам не, ки…дар ҷаҳонбинии ту, оре маҳз туе, ки бовар дорӣ, туро дар назар надорам, ягон тағйироти мусбие дар ин самт ворид шудааст? То-та…

Чоршанбе, 03 Август 2022 11:36

Чоршанбе, 03 Август 2022 09:08

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter