ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 20 2019

  Дар соли 2018 аз тарафи кормандони милитсия 11 амали террористӣ, ки аз ин 4 ҳолати сӯиқасд ба он буд, ба ҳисоб гирифта шуда, 7 ҳолат ошкор карда шудааст.
   Чуноне ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ зимни мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 99 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷ иштирок доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд.

М.Аминова, СССР

Душанбе, Фев 18 2019

   Соли 2018 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 957 ҷиноят аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб гирифта шуда, аз ин ҳисоб 14 ҳазору 725 адад аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст. Аз ин шумора 86 ҳолат одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, 149-расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 42-таҷовуз ба номус, 37-роҳзанӣ, 37-савдои одамон, 171-ғоратгарӣ, 1090-авбошӣ, 3161-қаллобӣ, 77-ҳолати гардиши ғайриқонунии силоҳ, 55 ҳолат-ҷиноят бо истифодаи силоҳ, 5078 ҳолати дуздӣ ва 668 ҳолати гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошанд. Дар ин бора рӯзи 14.02.2019 зимни нишасти матбуотӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ ба журналистон хабар дод.
   Бино ба иттилои вазир, дар давоми соли 2018 аз ҷониби ҷузъу томҳои ВКД 13 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 65 нафар дар содир намудани 71 ҷиноят муайан ва дастгир шуда, 873 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ошкор ва ба ҳисоб гирифта шуд. Дар натиҷаи чораандешӣ 298 нафар аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуданд.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Панҷшанбе, Фев 14 2019


Наздикони Рустамҷон Ҳотамов, як нафар сокини шаҳри Панҷакент, аз ҳукми додгоҳ, ки ӯро бо моддаи 212, қисми 1 “Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт” ба 6 моҳ суд намуд, изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, ки мурофиа ноадолатона гузашт ва суд дар чанд маврид сабукиҳоро истисно намуд. Пайвандони Ҳотамов мегӯянд, аввалан суд ба номи ӯ даъватнома нафиристодааст, балки 1 рӯз пеш аз мурофиа, бегоҳии санаи 11 феврал, соати тақрибан 19:00, ки вақти корӣ гузашта буд, бо телефон занг зада огоҳӣ доданд, ки пагоҳ бояд ба суд равем. Магар ҳамин амали суд дуруст аст? – мегӯянд пайвандони Рустам. Ба андешаи Дилноза Соҳибова, ҳамсари Рустам, ҳамчунин дар мурофиа талаби ҷабрдида-Зӯҳро Сатторова, ки мегуфт ягон даъво надораду шавҳараш пурра зарари расондаашро ҷуброн кардааст, аз тарафи судя Мақсудӣ Фирӯзҷон ба инобат гирифта нашудааст.
Хешовандони Ҳотамов мегӯянд, ин ҳодиса барқасд сурат нагирифтааст ва ақалан бо таъин намудани ҷарима ӯро озод мекарданд, онҳо розӣ буданд. Зеро Рустамҷон як фарзанди ноболиғ дораду ҳамчунин гирифтори бемории асаб аст. Президенти кишвар ҳам борҳо гуфтаанд, ки мақсади гунаҳкорон танҳо ҳабс кардани онҳо нест, балки дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия кардани эшон аст. Пайвандони Рустам мегӯянд, ӯ ягон маротиба ҷиноят накардааст ва барои аввалин бор он ҳам аз беэҳтиётӣ рух додани ҳодисаро ба инобат гирифта, суд мебоист ҷазои сабуктар аз ҳабсро татбиқ мекард.
Ҷабрдида Зӯҳро, ҳам дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки баъди ҳодиса Рустам ӯро хост ба беморхона барад, вале ӯ худаш рад кард. Аммо бо ин вуҷуд ҳамаи хароҷоташро, ки танҳо дандонаш осеб дида буд, пардохтааст: “Ман сидқан мехоҳам, Рустам озод шавад, ягон даъво надорам. Рустам мисли дигарон, ки ҷиноят мекунад, зада фирор накардааст. Балки худаш маро аз замин хезонида бахшиш пурсид”.
Аслан як чизи дигар ҷониби ҷавобгарро нороҳат кардааст, ки чаро мақомоти милитсия баъди 2 моҳи ҳодиса ба таҳқиқи он машғул шуданд? Ҳол он ки касе дар ин бора шикоят накардааст. Хешовандони Рустамҷон айни ҳол аз болои ҳалномаи мазкур ба суди болоӣ шикояти кассатсионӣ оварда, умед бар он доранд, ки судҳои зинаи болоӣ адолатро барқарор мекунанд.

Хуршед Фозил,
СССР, Панҷакент

Ҷумъа, Фев 08 2019


   Дар Раёсати агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон бо иштироки сардори он Носирзода Солеҳҷон нишасти  матбуотӣ барпо шуд.
   Носирзода Солеҳҷон гуфт, ки соли сипаригашта 530 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ  ошкор шудааст, ки 107 ададашро ҷиноятҳои вазнини коррупсионӣ ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти омории ин ниҳод амалҳои ришваситонӣ бештар дар самти фурӯши замин ва азхудкунии он ба назар мерасад, ки 117 амал ҷиноятӣ вобаста ба замин ошкор шудааст.
   Тибқи иттилои ин Раёсат аз ҳама ришваи баландтарине, ки ошкор гаштааст, маблағи 83 400 сомониро ташкил медиҳад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағи гирифташударо муайян накардааст, ки чӣ миқдори он амали коррупсионӣ буда метавонад. Масъулон мегӯянд, ки аз 1 сомонӣ бошад ҳам, агар ғайриқонунӣ гирифта шавад, амали коррупсионӣ ҳисоб мешавад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Фев 08 2019


   Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон вобаста ба гум шудани Беҳрӯзҷон Ҳоҷиматов, кӯдаки 2 сола аз н.Кӯшониён гуфт, ки мақомоти милитсияи вилоят тамоми кӯшишу малакаи хешро барои пайдо намудани ин тифл равона кардааст.
   - Мо дар ҳайратем, ки чӣ гуна дар 1 деҳаи хурд тифл ғайб мезанаду касе хабар намеёбад. Кормандони милитсияи вилоят шабонарӯзӣ Беҳрӯзҷонро ҷустуҷӯ доранд ва тамоми версияҳоро омӯхта, дида баромада истодаанд. Аз аҳолӣ низ хоҳиш дорем, ки дар чунин лаҳзаҳо бетараф набошанду ба мақомот кӯмак намоянд, -таъкид дошт Искандар Солеҳзода.
  

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Фев 08 2019

 Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи ш.Турсунзода ва бародараш, марди 33-сола бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуданд. 

   Тавре аз маркази маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР хабар доданд, номбурдагон, рӯзи 4.02.2019, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон ба марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо сабаби муносибат доштанаш бо ҳамсари яке аз онҳо дарафтодаанд. Сипас, бародарон аз ҳиссиёти рашк марди 44-соларо зери луту кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

   Рӯзи 5.02.2019, тахминан соати 14:00-дақиқа бошад, марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови ш.Конибодом, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 3-маротиба ба қисмати дили ҳамсараш задаст. Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 

саҳ 11 аз 77

Китобҳо

Flag Counter