ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Фев 04 2019

   3.02.2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, Раҷабов Сироҷиддин Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 2002, хонандаи синфи 9-уми МТМУ рақами 90 н.Рӯдакӣ сокини ноҳияи мазкур, ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Қосимобод ба майдони машқгоҳи (полигони) Қисми ҳарбии 201-и Федератсияи Россия, воқеъ дар н. Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Лоҳур бо мақсади ҷамъоварӣ кардани оҳанпора рафтааст.
    Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, номбурда дар майдони мазкур тири кӯҳнаи гранатамёти пайдо кардаашро барои гирифтани қисмати оҳанпораи он бо санг зарба задааст, ки дар натиҷа таркиш ба вуҷуд омада, ноболиғи мазкур дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.


Ҷумъа, Фев 01 2019


 Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ ва ҳамзамон сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 31.01.2019 дар ш.Хоруғ баргузор гашт, оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар соли 2018 дар пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо маълумоти муфассал дод.
    Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР расида, дар нишасти матбуотӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯз сухан рафта, рӯзноманигорон ва иштирокдорони нишаст оиди пешгирии ҷинояткорӣ дар вилоят, низоми ҳаракати нақлиёт дар шаҳр, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, сангҳои қимматбаҳо, шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, нашъамандӣ, майзадагӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саволҳо дода, аз тарафи масъулини соҳаҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
   Аламшозода Абдураҳмон Аламшо зимни суханронӣ қайд намуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун софдилонаю содиқона кору фаъолият менамоянд.
  



Чоршанбе, Янв 30 2019


Имрӯз, 30 январ, дар нишасти матбуотии Прокуратураи вил.Хатлон, прокурори вилоят Маҳмудзода Насрулло иброз дошт, ки дар соли гузашта 214 ноболиғ ҷиноят содир кардааст, ки аз ин 91 нафари онҳо хонандаи мактаб буданд. Ҷинояти содиркардаи онҳо дуздӣ, авбошӣ ва зарари ҷисмонист. Ҳамчунин, соли гузашта дар вилоят 272 ҷинояти хусусияти террористию экстремистӣ дошта ошкор ва оид ба ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
 

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Янв 30 2019


Дар с.2018 суди вилояти Хатлон 124 парванда оғоз кардаанд, ки аз ин 130 нафар мард ва 10 нафар занро ба мӯҳлати гуногун аз озодӣ маҳрум намудаанд. Зимни нишасти матбуотӣ дар додгоҳи вилояти Хатлон, раиси додгоҳ Мирзозода Рустам ба саволи хабарнигори СССР гуфт, ки дар соли 2018 124 парванда оид ба ҷинояти вазнин бо моддаҳои 401, 307, 179,187,189 ва 104 оғоз карда шудааст, ки аз ин шумора 10 нафарашон зан мебошад.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон 

Чоршанбе, Янв 30 2019


Дар Сарраёсати Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Хатлон нишасти матбуоти баргузор гардид. Сардори ин ниҳод Давлатзода Зарина ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода гуфт, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар с.2018 6002 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи с.2017 1,6% кам аст. Аз ин шумора 1273 ададаш ҷиноятҳои вазнин буда, нисбати с.2017 5,2% зиёд аст. Ҳодисаҳои дуздӣ 1589 ҳолат, ки нисбати с.2017 5,8% кам аст. Нисбати с.2017 ҷиноятҳои куштори бадқасдона ва суиқасд ба куштор 10% кам аст.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Янв 30 2019

  Рӯзи 29.01.2019, тахминан соати 18:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Куканиев Арабшо Аҳмадович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Курговади н.Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Қалайхумб-Хоруғ”, дар ҷамоати деҳоти Вишхарв аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Панҷ” чаппа шудааст.
    Чуноне ки аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР хабар доданд, дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Худододов Суҳроб Мамаднабиевич, соли таваллудаш 1978, Маъзамова Бунафша Бороновна, соли таваллудаш 1975, Маъзамова Маҳина Бороновна, соли таваллудаш 1990, Абдуллозода Алиҷони Орзӯ, соли таваллудаш 2013, Ҷалолова Гуландом Саидраҳмоновна, соли таваллудаш 1982, Давлатзода Абубакри Отамбег, соли таваллудаш 2012, Давлатзода Нигинаи Отамбег, соли таваллудаш 2013, Давлатзода Усмони Отамбег, соли таваллудаш 2016, Давлатзода Умари Отамбег, соли таваллудаш 2015, сокинони деҳаи Курговад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки худи ронанда, Куканиев А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


саҳ 10 аз 75

Китобҳо

Flag Counter