ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 08 2019


Қурбоналӣ Набиев муаллими собиқадори мактаб-интернати н.Шаҳритуси вилояти Хатлон барои латукӯби шогирдаш 165 сомонӣ ҷарима шуд. Додгоҳи н.Шаҳритус дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Сӯҳроб Мамадаминов хонандаи синфи 8-и муассисаи №4 барои латукӯби устодаш ба додситони ноҳия шикоят кардааст. Додгоҳи ноҳия нисбати мудири мактаб ва роҳбари синф парванда бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз карда, мудир ва роҳбари синф 165 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Баҳодур Уроқов, СССР вилояти Хатлон
 

Панҷшанбе, Май 02 2019

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки бинобар фаромадани ҷинсҳои куҳӣ дар километри 119-700 роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда шудааст.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ронандагон ва шаҳрвандон то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ бояд аз сафар худдорӣ намоянд. Оид ба оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ иловатан хабар дода мешавад.


Чоршанбе, Май 01 2019

Нархномаи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.05.2019 тағийр ёфта, тибқи нархномаи нав хизматрасонии пулакӣ нисбат ба нархномаи пешин арзон карда шудааст.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, акнун барои дастрас намудани маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ корафтодагон метавонанд 20 сомонӣ пардохт намоянду дар тӯли 10 рӯзи корӣ чунин ҳуҷҷатро ба даст оранд. Барои ба таври оҷилӣ дастрас намудани маълумотнома, ки дар муддати 3 рӯзи корӣ омода мешавад, 40 сомонӣ пардохт кардан лозим аст.
   Барои муассисаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ нархи чунин маълумотнома 45 сомонӣ арзиш дошта, он ҳам дар тӯли 10 рӯзи корӣ тайёр мешавад. Дастрас намудани маълумотномаҳо ба таври оҷилӣ 65 сомонӣ қимат дошта, он дар муддати 3 рӯзи корӣ омода мегардад.
   Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни ҶБВ, бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА ”Чернобил”, ҷанговарони ”Интернатсионалист”, нафақахӯрон, аъзои оилаҳои камбизоат, маъюбон, кормандон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағи хизматрасонии мазкур озод мебошанд. Пардохти хизматрасонии мазкур барои шаҳрвандони ноболиғ 50 % аз маблағи муайянгардида муқаррар карда шуда, хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ ба вазорату идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҶТ ройгон расонида мешавад.


Ҷумъа, Апр 19 2019


Имрӯз 19.04.2019, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷаласа вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали с.2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои маҳомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. Сипас ба таври мухтасар муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам, сардори РВКД дар ш.Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори РВКД дар вил.Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, сардори РВКД дар минтақа ва н.Рашт Азизуллозода Сафиало Азизуло баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматӣ ҳисобот доданд.

Дар хотимаи ҷаласа Вазир фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии ҶТро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ  ва вазифаҳои дар наздашон гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Апр 19 2019


Ба ШВКД-и ш.Бохтар аризаи марди 31-солаи сокини ҳамин шаҳр ворид шудааст, ки рӯзи 1.05.2013, марди 64-солаи сокини н.Вахш, пештар бо моддаҳои 247 ва 340 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст ва ӯ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, $4000 гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз маҳаллаи Зархези ш.Бохтар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. Дар ин бора ба СССР аз ШВКДи ш.Бохтар хабар доданд.
Ҳоло нисбати марди 64-солаи мазкур бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Баҳодур Уроқов СССР, ш. Бохтар

Ҷумъа, Апр 19 2019


Тибқи маълумоти оморӣ дар 3 моҳи аввали соли 2019, дар ВМКБ 196 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ошкоркунии он 90 фоизро ташкил додааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад.
 Бино ба иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, ҳафтаи сипаригардида дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 3 моҳи аввали соли 2019 баргузор гардид. Ҷаласаро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. оғоз намуда, оид ба натиҷаи фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар ВМКБ, дар 3 моҳи сипаригардидаи соли равон ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, риоя намудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди вилоят, махсусан ш.Хоруғ, инчунин вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мусодираи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз ҷинояткорон ва шахсони алоҳида, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятӣ, посдории волоияти қонун, боз ҳам қавӣ гардонидани ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ суханронӣ намуд.
   Инчунин таъкид карда шуд, ки то ба имрӯз Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ дар баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, шинонидани дарахту ниҳолҳо, гулу бутаҳои ороишӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон нақши назаррас гузошта истодаанд.

саҳ 8 аз 78

Китобҳо

Flag Counter