ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 21 2019

 

Сари моҳи август дар Интернет чашмам бад-ин ғазали устод Саидалӣ Саиди ангубинсухан уфтод:

Агар аз барги гул хуни ҳаё рафт,

Ҷилои шабнам аз вай бар ҳаво рафт.

Падар бар духтараш илме набахшад,

Бидон, ин миллати мо зери по рафт!

Падарҳо дидаам бисёр-бисёр,

Занаш ғар, духтаронаш бе сафо рафт.

Намедонӣ, чаро аз домани Зан,

Пайи хидмат чӣ мардони Худо рафт?!

Саҳеҳ он вақт чашми ин ҷаҳон шуд,

Ки оҳи Модари вай то само рафт.

Фитад дар хок мард аз авҷи гардун,

Падар мазлуму аз вай бе дуо рафт.

Бибӯс аз пиччаҳои Модари хеш,

Кам андар кам дуояш бехато рафт.

Тамоми ганҷи олам дар каф орӣ,

Чун аҳли хонаат роҳи Худо рафт.

Магӯ бар худ, ки мехи ин ҷаҳонӣ,

Аз ин олам басо шоҳу гадо рафт.

Иҷорат омадем, Пири Ҳисорӣ,

Агар аз дори дунё Мустафо рафт!

Чун ғазалро хондам, дар поёнаш нигоштам: Шиботи борон!

Устод Саидалӣ навишт: Сайёдҷон, ҳазорҳо Ташаккур, ки назаре ба мо намудӣ! Аммо, хоҳиш, аз " ШИБОТИ БОРОН " бигӯ, ки ҳам дили мо оромиш ёбад ва ҳам аз хонандагон.

Хоҳиши ӯро ба ҷон пазируфтам: Дуруд, ё дӯсти гиромӣ! Нахустин бор шиботи боронро аз падари меҳрубонам шунида будам дар кӯдакӣ. Бо ҳам дар боғи нозанинамон сайр мекардем, ки гул-гули борон шуд. Боронаки диловезе маҳин-маҳин сабзаву гулбаргҳоро навозиш мекард. Падари гиромиям гуфтанд: Шиботи боронро тамошо бикун, бачам. 

Ин сухан дар ёди ман аз он рӯзгорон мондааст. Эй, ҳазорон дуруд, ё дӯсти нозанинсухан!

Устод Саидалӣ навишт: Қурбони Сайёди ҷон шавам ва Худой падарро махфират кунад, ки ин ШИБОТИ БОРОНро чун гавҳаре ба адабиёти форсӣ ёфтаву бахшидааст. Оре, ин ибора бисёр тасвири зебои боронро дорад, ки шояд дар дигар забонҳо набошад. Дар забони мардуми мо чӣ гавҳарҳое нуҳуфтаанд, Сайёди ҷон, ки мо бехабарем! Ҳазорҳо ташаккур ва ХУДОВАНД падари бузургворро дар ҷавори раҳматаш гирифта бошад! ОМИН!!!

Дар посух навиштам: Ҳазорон дуруд, ё дӯсти сухантар, ки моро ба ёди шиботи борону он рӯзгорони зебо бибурдед. Худо нигаҳбон!

Устод Саидалӣ навишт: Боз ҳам сипоси бепоён, Сайёди ҷон!

Ман бинавиштам: Дуруд бар Шумо!

Шаби 04.08.19 дар месенҷер нома кардам: Дуруд, ё дӯсти гиромӣ, бобои Саидалӣ! Чун аз назари мо гуфтед, инро ёдовар шавам, ки 20 сол пеш аз ин “Тафсири зарнигор” ҳар ҳафта дар “Адабиёт ва санъат” бо назари мо рӯйи чоп меомад. Он зарнигорию озарнигирии бисёр зебову дилрабо ҳамеша пеши рӯйи мост. Он ҳама рахшу дурахши диловез маро хушии бисёр бахшидаст. Аз он рӯзгор то бад-ин замон назари мо ба шеъри дӯсти гиромӣ дигар нашудаст.

Дуруд бар Шумо, Худои меҳрубон ҳамеша нигаҳбон!

Устод бомдоди 04.08.19 нома кард: Илоҳӣ, Омин, Сайёдҷон! Худой, Шуморо ҳамеша ёри Қуръон ва ЗОТИ Худаш гардонад! Охир, ман Шуморо ғоибона хело хуб мешиносам. Иншоаллоҳ, ба умеди дидор! Боз ҳам СИПОСИ бешумор!!! 

Ба хурсандӣ нигоштам: Бо ин бомдоди чунин хушҳаво дуруд мефиристамат, ё дӯсти бисёр гиромӣ!

Пагоҳӣ устод Саидалӣ нома кард: Қурбонатон, Сайёди ҷон! Овози телефонамро, ки намози бомдод паст карда будаам, садои ирсолатонро ҳоло дидам. Худованд субҳи Шуморо субҳи мардон ва рӯзи Шуморо ҳамеша хандон гардонад! ОМИН!

Бомдоди 06.08.19 посух гардондам: Худои нозанин ҳамеша нигаҳбонат, эй дӯсти арҷманд!

Чоштгоҳи 06.08.19 устод навишт: Бисёрҳо ТАШАККУР!...

Эй, дареғо, дӯш бишнидам, ки 10.08.19 ёру дӯстон устоди гиромӣ Саидалӣ Саидро бо сели ашк аз ин ҷаҳон гусел карданд...

Ҳар 2 дидам селбанде,

Ҳар 2 дидам селканде!

Селканде ҳар 2 дидам,

Селбанде ҳар 2 дидам!...

Сайёд ҒАФФОР

13.08.19

 

Чоршанбе, Авг 14 2019

   Дар шаҳри Панҷакент бо ширкати ошпазони шаҳру деҳот Фестивали оши палав баргузор гардида, ғолибон дар чанд бахш муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.  

   Дар Фестивали мазкур 14 нафар ошпазон иштирок намуда, ҳунари ошпазии худро намоиш доданд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода аз маҳсули дастони ошпазҳо шинос гардида, изҳор дошт, ки оши Панҷакент воқеъан дар Тоҷикистон камназир аст. 

   - Соли оянда ҷашни 5500 солагии Саразм аст ва ҳар яки мо меҳмононро бо оши тоҷикӣ меҳмондорӣ хоҳем кард. Бояд меҳмонони хориҷӣ бубинад, ки тоҷикон дар ошпази чӣ қадар маҳорати хуб доранд ва ин таъоми моро ҳатто ЮНЕСКО эътироф кардааст,- гуфт Ислом Зиёзода. 

   Фестивал дар чанд бахш: оши беҳтарин, ошпази беҳтарин, беҳтарин сабзирезакун баргузор шуд. Дар фестивал меҳмонони хориҷӣ ҳам даъват ва иштирок намуда, аз оши тоҷикӣ бо камоли майл чашиданд. 

 

Хуршед Фозилов, махсус барои СССР аз ш.Панҷакент

 

Чоршанбе, Авг 14 2019

17 август устод Темур Зулфиқоров-шоир, нависанда, дармматург, сенариянавис, барди Русия, ки аз табори Тоҷиконанд, зодрӯз доранд. Чакидаҳои Шайх Хоҷа Насриддин ҳамчун табрикоти ишон пешкаши аҳли завқ гардид. Мо Метавонем!

                                                                                 

  МАСНАВИҲОЕ, КИ АЗ МӮРЧА ХУРДТАР… АЗ АЛАФАК НОЗУК

                       ВА АЗ ГАРД ҲАМ САБУКТАРАНД

 

 

 Хоҷа Насриддин ва чаҳор писари ӯ

 

Хоҷа Насриддин чаҳор зан дошт…

Зани аввала ба вай писаре ҳадя кард…

Писар калон шуд ва ба Па́года (Ибодатгоҳи буддоиҳо) рафт…

Зани дуввум низ ба вай писар ҳадя кард.

Писар бузург шуд ва ба Синаго́га рафт…

Зани сеюм ҳам ба вай писар туҳфа кард…

Вай калон шуд ва ба Калисо рафт…

Зани чаҳорум низ ба вай писар бахшид…

Писараш ба Масҷид рафт…

 

Эҳа!..

 

Рӯзе Хоҷа дар қуллаи Кӯҳи тилло нишаста буд…

Бо хурсандӣ менигарист, ки чӣ тавр фарзандон сӯи ибодатгоҳи хеш равонанд… 

Ба чаҳор тарафи дунё…

 

Оре!..

 

Дар олам чи қадар инсон бошад, ҳамон қадар роҳ аст сӯи Парвардигор…

Пири хирад як оҳ кашиду гуфт:

-Худовандо!.. 

Ба ман зани панҷумро ҳадя кун, то вай бароям духтаре ҳадя кунад…

Зеро танҳо духтар метавонад пирии маро дар қуллаи Кӯҳи Тилло осонтар кунад…

Умрамро дар ҳамон кулбаи хасдаргил…

Ки ба ахтарҳо наздик аст…

                                                     ***** 

 

                                     

  Шавҳари пиру зани ҷавон

 

Хоҷа Насриддин, ҳамин, ки шавҳари пири зани ҷавони хундарҷӯшро дид, табассум карду гуфт: 

-Бародар! Эҳтиёт бош, хамиву болоравиҳои мағзи ту дар хамиву болоравиҳои бадани ин ҷавонзан ғӯта нахӯранд!..

 

Эҳа!.. 

                                         *****

                             

Асои қадимаи Хоҷа Насриддин

 

Дар айёми пирӣ ягона дӯсти содиқ барои Хоҷа Насриддин асои ӯ буд: як асо аз чӯби чаҳормағзи қадима…

Пири хирад мепурсид аз асо:

-Дӯсти ман ҳастӣ?..

-Мо дар се по рӯи олам мегардем…

-Ё душманӣ?..

-Ки нагзорӣ ба бағали замини азиз уфтам?..

-Ва бо тани худ мӯрчагон ва кирмҳои доимгуруснаро сер кунам…

                                                     *****

 Исои Масеҳ ва асри XXI

 

Хоҷа Насриддин гуфт:

-Як суол матраҳ аст дар асри XXI, 

Ки басо дӯст дорад Пули тиллоро…

Он ҳам ин аст, ки як маркаби сафеди ором

Ва ҳамон яктаҳи кӯҳнаи Исои Масеҳ –

Оқибат лимузинҳои локзада гардиданд!..

Ва низ либосҳои гаронвазни зарандуди ходимони калисо… 

 

Оре!..

 

Падар қашшоқ, вале покиза аст, қоматаш рост…

Аммо писар доро, аз вазни тилло  - миёнаш куз шуда…

                                         *****

 

  Хоҷа Насриддин дар бораи барҳам хӯрдани СССР

 

Хоҷа бо андӯҳи зиёд ин рубоиро хонд:

 

Онҳоеро, ки Пиряхро васф кардаанд,

Онҳоеро, ки Пиряхро лаънат хондаанд, 

Ҳамаро бо худ бурд он Пирях…

Он Пиряхеро, ки аз ҷониби хоин Горбачев,

Тарканда шуд ва ба яғмо рафт…

Беному нишон рафт сӯи Уқёнуси яхбаста…

Мисли Элладаи Қадим… Абадӣ!.. Билкулл!..

                                     *****

 

    Меҳмонҳои якумра

 

Мебахшам ба Александр Судс,    рассом, баҳрнавард, нависанда

 

Уқёнусҳои беканор дар хоби баҳрнаварди куҳансол медароянд…

Субҳ вай рӯи болин хокаи намак мебинад…

Намак шояд аз пош хӯрдани обҳои уқёнус аст ё аз ашк…

Ман Меҳмонҳои Якумраро интизор будам…

Оре, мани оянда ба хокистар табдилшаванда, зуд аз чашмҳо ғайбзананда…

Меҳмонҳои Якумраро интизор будам…

Дар ҳамон кулбаи хасдаргили ларзон, ки дар теғаи Кӯҳи Тилло ҷойгир аст…

 

Хеле интизорӣ кашидам…

 

Ниҳоят, як шаб, ки садои  ҳазорзабон  ба гӯш мерасид…

Онҳо ба кулбаи эҳзони ман қадам гузоштанд…

 

Конфутсий ва Лао Тсзи…

Афлотун ва Суқрот…

Шоҳ Салмон ва Шоҳ Довуд…

Хайём ва Румӣ…

Сергий Радонежский ва Серафим Саровский…

Шопенгауэр ва Нитсше…

Маҳатма Ганди ва Такур…

 

Эҳа!..

 

Чи чеҳраҳои нурафшону ширин ва медалзеб!..

Либосҳо низ фохиру зебо ва ҳафтранг чун товус…

Оҳиста мавҷ мезананд… нозук…

 

Худовандо!..

 

Гохо чунин менамояд, ки хирадмандони асрҳои гуногун

Танҳо бо либоси худ фарқ мекунанд…

Ё худ ин як нафар пири хирад аст дар либосҳои гуногун…

 

Ва ногаҳ!..

 

Хишир - хишири либосҳо ба гӯш мерасад…

Вале дар кулбаам касе нест…

Меҳмонҳо омаданд, вале соҳибхона нест…

 

Ман паси буттаи хушобуранги гули ёси форсӣ паноҳ меёбам…

Ман – гадоям!..

Бо  нима ҷон!..

Донишам ҳам кам...

Руҳам шикаста…

 

Чиҳо мегӯям… ба Меҳмонҳои Якумра?..

Бо чӣ ҳикмати парешоне  ба ҳайрат мегузорам?..

 

Ана чаро ман аз кулба гурехта

Пушти буттаи ёс панаҳ ҷустам…

 

Пилҳо омаданд…

Мӯрчаҳо аз тарси зери пои онҳо маҷақ шудан ҳар сӯ гурехтанд…

 

Ман ба Меҳмонҳои Якумрӣ… ба либосҳои фохири онҳо менигарам…

Онҳо ку аз кишварҳои офтобӣ омадаанд,

Он ҷо ки Хирад – Духтари Офтоб аст…

Танҳо бохирадони Русияи Пурбарф дар тан либоси гаронвазн доранд…

 

Онҳо маро меҷустанд…

Зеро дӯст медоштанд, табассумкунон…

Чун падару модар айёми бачагиам…

Ниҳоят инҳо низ рафтанд…

 

Рӯи мизи қадимаи бухороӣ…

Дар сояи чанори ҳазорсола…

Дастнависи масалҳову шеърҳои тоза навиштаи ман хуфта буд…

 

Вай гум шуд…

 

Наход онро аккаи дузд ба осмонҳо бурда?..

Ё мушаке ба ҳуҷраи худ?..

Ё онҳо варо бо худ гирифта?..

Шояд барои ҳамин омада буданд?..

Намедонам, намедонам, вале тахмин мекунам… умед мекунам…

 

Эҳҳа!..

 

Шояд шохаи ёс меларзаду барги гулаш мерезад?..

Ё шояд манам гирёну нолон…

Худоё!..

Падари якумрии мо!..

Онҳо рафтанд…

Илтиҷо дорам: Ту нарав…

 

                                                               Аз русӣ тарҷумаи Нур Табаров

 

 

 

 

Панҷшанбе, Авг 08 2019

   14 сентябри соли ҷорӣ аз соати 15.00 то 21.00 дар майдони «800-солагии Москва»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ» Фестивал-намоишгоҳи 8-уми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро Душанбе» баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора қарори дахлдори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида, ин чорабинӣ ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ бахшида шуда аст.

  Бояд таъкид намуд, ки дар ин Фестивал-намоишгоҳ аз 80 то 120 автомобилҳои нодиру камёфт ва коллексионӣ, ки солҳои 1931-1970 истеҳсол шудаанд, ба маърази тамошобинон ва меҳмонони пойтахт гузошта мешаванд. Фестивал-намоишгоҳи «Авто Ретро Душанбе» ҳамасола то 30 ҳазор нафар дӯстдорони автомобилро ба ҳам ҷамъ оварда, дар он соҳибони автомобилҳои кӯхансол аз тамоми кишвар ширкат меварзанд.  

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

   КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик"-ТАЛКО тасмим гирифтааст боғи марказии ш.Кӯлобро навсозӣ намуда, то 9.09.2019 онро пас аз таҷдид ба истифода супорад.

   Тавре ба мухбири мо аз дафтари матбуоти раиси ш.Кӯлоб хабар доданд, айни замон 200 нафар коргарони маҳаллӣ дар сохтмон ва таҷдиди боғи мазкур ширкат карда, дар он сабзонидани дарахтони ороишиву сояафкан ва сафолакпӯшӣ намудани роҳравҳо ҷараён дорад. То имрӯз 60% корҳо ба анҷом расидааст. 

   Боғи марказии ш.Кӯлоб 15 га масоҳат дошта, таҷдиду азнавсозии он тӯҳфаи арзандаест барои сокинон ва меҳмонони шаҳр дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоияти давлатии ҶТ.

 

 

 

саҳ 38 аз 83

Китобҳо

Flag Counter