ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Нояб 27 2017


Алмосбек Отамбоев дар охирин нишасти матбуотиаш ба ҳайси президенти Қирғизистон гуфт, кишвараш омода буд мушкили марзӣ бо Тоҷикистонро ҳал кунад, вале ҷониби Тоҷикистон шартҳои Қирғизистонро напазируфт: «Мо омода будем, 50%-и боқимондаро низ имзо кунем, лек шарти мо ин буд, ки 50%-ро мисле, ки дар созишномаи гузашта имзо карда будем, бипазиранд. Агар ба президенти Тоҷикистон ҳаргуна машваратҳо намедоданд, ин созишнома ҳам ҳал мешуд. Ҳолатеро мемонад, ки остинҳои 1 костюм 2 ранг доранд. Ин нодуруст аст. Онҳо гуфтанд, ки бояд мо аз асноди солҳои 1925-1926 истифода кунем. Он гаҳ ман машварат додам, ки ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1923-1924 назар кунанд, ки он вақт Тоҷикистон вуҷуд надошт. Албатта, ин боиси таассуф аст». Уртоқ Отамбойев, о қирғизҳо 1 умр давлат надоштанд-ку? Он санадҳоро низ намебинед 1 бор?!!!!

Душанбе, Нояб 27 2017


Рамазон Қодиров-президенти Чеченистон дар суҳбат бо агентии хабарии “Интерфакс” гуфт, русҳо бояд боқимондаҳои ҷасади Иосиф Сталинро ба Гурҷистон дода, хотираи раҳбари Шӯравӣ Никита Хрушевро ҷовидонӣ кунанд. Ӯ бори дигар таъкид кард, ки ҷасади Ленин ба хок супурда шавад. Ба гуфти ӯ, «дар натиҷа, миллионҳо сокини Русия аз ин нафаси озод мекашанд, ки рӯҳи Сталин Русияро тарк кард». Қодиров Хрушевро шахсе номид, ки барои пирӯзии адолат дар баробари чеченҳо ва ингушҳо саҳм гузоштааст: “Барои ӯ муҷассама мегузоранд, ё не, ин кори Русия аст. Русия бояд ба хидматҳои Хрушев арҷ гузорад». Хотиррас мешавем, ки Сталин барои бо саманди сафед пешвозгирии фашистон чеченҳоро пурра бадарға карда буд.

Душанбе, Нояб 20 2017


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев алифбои нави забони қазоқиро тасдиқ кард, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ таҳия шудааст. Фармони Назарбоев дар ин бора дар сайти расмии президенти Қазоқистон нашр шуд. Фармони Назарбоев ҳукумати Қазоқистонро вазифадор кард, ки барои гузаштан ба алифбои лотинӣ комиссияи миллӣ таъсис диҳад ва гузариши комил ба ҳуруфи лотиниро то соли 2015 таъмин кунад. Президент ҳанӯз моҳи январи с.2017 дастур дода буд, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ алифбои нави қазоқиро то охири сол таҳия кунанд. Қарор аст, то соли 2025 тамоми ҳуҷҷатгузорӣ ва номи кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар ба лотинӣ баргардон шаванд. Қазоқистон наздики 80 сол пеш ба ҳуруфи сирилик гузашта буд. Соли 1929 ҳукумати шӯроҳо алифбои арабиасоси қазоқҳоро нахуст ба ҳуруфи лотинӣ ва баъдан (соли 1940) ба хати сирилик баргардонд.

Душанбе, Нояб 20 2017


Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дабири кулли ООН дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингерро, ки дар доираи 1 сафар вориди шаҳри Тошканд шуд, ба ҳузур пазируфт. Ӯ дипломати швейтсариро ба муносибати интихобаш ба ин пурмасъулият табрик карда алоқамандии кишварашро барои ҳамкориҳои фаъолтар бо САҲА баён дошт. Томас дар Узбакистон дар конфронси байналмилалие иштирок хоҳад кард, ки қарор аст, ки дар шаҳри Самарқанд ҷараён дорад.

Душанбе, Нояб 20 2017


Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ намуд. Бо Фармонҳои президент Пиракзода Ҳикматулло-муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид-муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ таъин шуданд. Пешвои миллат зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро ба ҳар як хизматчии давлатӣ муваффақият орзу намуда, таъкид кард, ки зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак бошанд.

Чоршанбе, Нояб 15 2017


Қарор аст ҳамаи 63 депутатҳои Парламенти кишвар рӯзи 17.11.2017 ба Хуҷанд сафар намуда, дар иҷлосияи ҷашнӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми ҶТ ширкат варзанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар низ рӯзи 16.11.2017 бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар намуда, дар баробари иштирок намудан дар чорабиниҳои идона, аз баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ боздид ба амал оварда, дар ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ширкат хоҳад варзид. Бояд қайд намуд, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи Шӯрои олии ҶТ баргузор гашта, дар он Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоб гаштааст.

СССР


саҳ 70 аз 104

Китобҳо

Flag Counter