ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 28 2016

Қарзи нафақапулӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вил.Хатлон дар нимсолаи аввал беш аз 5 милёну 600.000 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора дар Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб (РАСИН) хабар доданд.

Панҷшанбе, Июл 21 2016

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон ва масъулини ҳукумати вилоят эълон дошт,  ҳар масъуле, ки аз ӯҳдаи иҷрои дурнамои кишти пахта баромада наметавонад, ҳатман ҷазо мегирад.

Чоршанбе, Июл 20 2016

Суди н.И.Сомонӣ 5 нафар-Хуҷаев Манучеҳр, Ёров Зоирҷон, Юнусов Азиз, Бозоров Хуршедҷон ва Бойматов Фирӯзро дар пайравӣ аз равияи Салафия гунаҳкор дониста, 5-солӣ суд кард ва ба зиндони низомаш сахт партофт. Прокуратураи генералии ҶТ аз қавли Хуҷаев гуфтааст, ки ӯ моҳҳои октябр-ноябри соли 2006 аз Душанбе ба ш.Хуҷанд рафта, аз “Абдураҳмон” ном шахс таълимоти равияи салафияро омӯхтаст: “Баъди бозгашт ба Душанбе чанд бор бо Ёров, Юнусов, Бозоров ва Бойматов дар қурутобхонаи маҳаллаи 101-уми ш.Душанбе ҷамъ омада, онҳоро ба Салафия ҷалб кардааст". Ба иттилои манбаъ Юнусов, Бозоров ва Бойматов дар сайтҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳи “Ҳикмат-14” пайваста, дарсҳои равияи экстремистии “Салафия”-ро омӯхта, ба ташвиқу тарғиби он машғул шудаанд.

 

Чоршанбе, Июл 20 2016

Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон варақаи матбуотиеро нашр кардааст, ки гуфта мешавад, ки ин номаи расмии Сарвазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода аст. Дар ин нома мақомоти давлатии Ӯзбакистон аз имзои аҳдномаи бунёди Роғун бо ширкати маъруфи итолёвии «Salini Impregilo S.p.A» изҳори нигаронӣ шудааст. Мирзиёев гуфтааст, ҳукумати ин кишвар борҳо дар мавриди бунёди Роғун эътироз кардааст. Ӯ дар номааш ба Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода навиштааст, ки пажӯҳишҳо дар макони сохтмон, аз ҷумла, маҷмӯи таҳқиқоти байналмилалӣ таҳти сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд ва исбот кард, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба минтақаи Осиёи Марказӣ хатари бузург ва ин дар изҳороти раҳбарият ва коршиносони кишвраҳои ҳамсоя борҳо зикр ва ҳукумати Тоҷикистон хуб огоҳонида шудааст. Шавкат гуфтааст, ки маҳз бо ҳамин сабабҳо ва эҳсоси хатарҳои техногенӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузорӣ ба ин тарҳ даст кашид. Ба гуфтаи ӯ "исрори ҳукумати Тоҷикистон, ки талош дорад, бо ҳар роҳе набошад сохтмони Роғунро идома диҳад ва оқибатҳои ҷуброннопазири чунин қадамҳо ба хотири хатарҳои эҳтимолӣ наметавонад муҷиби изтироб набошад».

 

Панҷшанбе, Июл 14 2016

Пас аз 8 сол Ашраф Истамов, боз ба вазифаи сардори бахши ҳифзи муҳити зист дар Панҷакент таъин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент ба СССР хабар дод. 

Сешанбе, Июл 12 2016

Дар нишасти матбуотии прокуратураи вил.Хатлон ба хабарнигорон иттилоот доданд, ки муфаттишони прокуратураҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра «475 парвандаи ҷиноятҳои куштор ва суиқасд, 11 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 7 нафар оғоз шудааст. Ҷиноятҳои таҷовуз ба номус дар соли равон 9 адад ва дар ҷамъ 90 ҳодисаҳои худкушӣ, суиқасд ба худкӯшӣ 122 адад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 адад чунини ҳодисаҳо камтар ба вуқӯъ пайвастааст».

саҳ 65 аз 74

Китобҳо

Flag Counter