ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 31 2018


Сооронбой Жээнбеков, президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон пагоҳ 1.02.2018 бо сафари нахустини расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад омад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар назар аст Сооронбой Жээнбеков зимни сафари худ бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масъалаҳои мубрами байни 2 кишварро баррасӣ хоҳад кард.

Сешанбе, Янв 23 2018


Бо қарори президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 20.01.2018 номи 1 қатор шаҳру ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон иваз карда шуд. Дар асоси қарори мазкур номи ш.Қӯрғонтеппа ба ш.Бохтар, ш.Сарбанд ба ш.Леваканд, н.Бохтар ба н.Кӯшониён, шаҳраки Восеъи н.Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони н.Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи н.Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови н.Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи н.Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.
Ин қарор мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.
 

Ҷумъа, Янв 19 2018


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукуматии рӯзи 18.01.2018 фармони барканории генерал Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мақоми сардори Хадамоти гумрук ва Абдусалом Қурбониёнро аз маснади садри Вазорати молия имзо кард.
Имрӯз, 19 январ ба кормандони гумрук собиқ муовини аввали А.Ғоиб Хуршед Каримзодаро ба ҳайси раҳбари нав муаррифӣ кардаанд. Хуршед то кунун муовини аввали сардори Хадамоти гумрук буд ва рутбаи генерал-майори гумрукро дорад. 19 январ бо фармони президент Абдусалом Қурбониён низ аз мақоми вазири молия барканор гардида, ба ҷои ӯ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор омад.

Ҷумъа, Янв 19 2018


Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18.01.2018 бо роҳбарии президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи www.prezident.tj, таъкид гардид, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардид. Қайд гардид, ки соли 2017 новобаста аз мураккабии вазъи геополитикии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамчун соли таърихӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат боқӣ мемонад.

Саноат, кишоварзӣ ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ афзуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода зимни ҳисоботи худ ёдовар шуд, ки соли 2017 рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бинобар иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаю чорабиниҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 61,1 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,1 фоизро ташкил диҳад.
Ба рушди иқтисодӣ 1 қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла афзоиши маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 фоиз ва гардиши савдои чакана 6,6 фоиз мусоидат намуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 100,1 фоиз таъмин гардида, ба он 19,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 13 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз 102,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 98 фоиз таъмин карда шуд. Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ соли 2017 дар қаламрави кишвар 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо наздик 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.
Бунёд гардидани корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 50 ҳазор тонна металли сурб дар «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» ва пешбинӣ гардидани бунёди силсилаи корхонаҳои саноатӣ дар самти саноатикунонии мамлакат заминаи устувор мегузорад.

Корхонаҳои ресандагӣ аз кор боз бонд
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 97 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 46 млн. сомонӣ ворид нагардид.
Соли 2017 танҳо 18 %-и пахтаи дар дохили кишвар истеҳсолгардида коркард карда шуд. Яке аз сабабҳои пурра коркард нагардидани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз 16 корхонаи ресандагӣ 4 корхона умуман фаъолият накард. Ҳамчунин сатҳи таъминоти хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ ба 12 фоиз баробар мебошад. Дар соҳа аз 54 корхонаи ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул буда, 8 корхона фаъолият накарда, 12 корхонаи дигар истеҳсоли либоси мактабиро коҳиш додааст.

400 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нашуд
Ҳамчунин, дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб шунида шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои вазири молияро оид ба иҷрои нокифояи қисми даромади буҷети давлатӣ, ба амал омадани қарзи маош дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати ғайриқаноатбахши истифодаи маблағҳо, татбиқи нокифояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ”, сари вақт пардохт нагардидани қарзҳо аз ҷониби субектҳои қарзгир, нишон дода, ислоҳи саривақтии онро талаб намуданд.
Вобаста ба иҷро нагардидани нақшаи 4 намуди андоз ва ба буҷети давлатӣ ворид нашудани 400 миллион сомонӣ, ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ тадбирҳои муҳиму мушаххас андешанд.

Баҳои ғайриқаноатбахш ба фаъолияти Абдуфаттоҳи Ғоиб
Сарвари давлат фаъолияти Хадамоти гумрукро натиҷагирӣ карда, аз иҷро нагардидани нақшаи даромади боҷи гумрукӣ, ба амалҳои коррупсионӣ даст задани кормандони Хадамоти гумрук, иҷрои ғайриқаноатбахши татбиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати нокифояи фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ, воридоти маҳсулоти гуштии пастсифат, муҳлаташон гузашта ва ба саломатии инсон зараровар, изҳори нигаронӣ карданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки давоми соли 2017 даромади софи Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 31,7 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар муқоиса ба соли 2016 11, 3 маротиба зиёд аст. Аз руи фаъолияти бонкӣ ба андозаи 47, 1 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2016 9 фоиз зиёд мебошад. Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 2,9 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2016 29,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

«Камбудиҳоро ислоҳ кунед!»-дастури Эмомалӣ Раҳмон ба раисони бонкҳо
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки миллӣ ва Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Президенти мамлакат ба роҳбарону масъулин супориш доданд, ки дар вақтҳои муайянгардида ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, низоми истифодаи кортҳои пластикӣ, беҳдошти системаи пулию қарзии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани мушкилоти як қатор бонкҳои саҳҳомии мамлакат, инчунин дигар масъалаву мушкилоти соҳа, чораандешӣ намоянд.
Зимни баромади худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи самараноки лоиҳаҳо, мусоидат барои амалӣ кардани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя баҳри рушди бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла бахшҳои маориф, роҳу нақлиётӣ ва обрасонӣ,аз марҳилаи аввали таҳияи лоиҳаҳо ба интихоби кадрҳо, истифодаи самараноку саривақтии маблағҳои ҷудогардида, аҳамияти махсус зоҳир намоянд.
Дар робита ба нишондиҳандахои пасти азхудкунии маблағҳои сармоягузорӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи роҳбарони татбиқи лоиҳаҳоро  ба истифодаи мақсадноки маблағҳо ва сифати корҳо ҷалб карданд.

12,6 га. замини вазорати кишоварзӣ ба фурӯш рафт
Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон оид ба вазъи пешгирии қонуншиканиҳо дар самти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, қонуншиканиҳо дар самти тақсимоти замин ва дигар паҳлуҳои фаъолияти соҳа шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар мавриди қабули баъзе қарорҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ талаботи қонунгузории ҷорӣ риоя нагардида, бо ин асос 14 санади қабулнамудаи роҳбарони вазорату идораҳо бо эътирозҳои прокурорӣ бекор карда шуданд.
Дар робита ба қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин таъкид гардид, ки роҳбари Стансияи озмоиши машинаҳои зертобеи вазорати кишоварзӣ Раҳимов Ҳ. аз беэътиноии роҳбарият истифода бурда, давоми чор соли охир 12,6 гектар заминҳои муассисаро, воқеъ дар ҳудуди н. Рӯдакӣ ба маблағи 263 ҳазор доллар ба шаҳрвандон фурӯхтааст.

Зиёда аз 22 000 ҷиноят дар 1 сол
Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2017 зиёда аз 22 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ҷиноятҳои марбут ба амалҳои террористию экстреместӣ, куштор, роҳзанию ғоратгарӣ, нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истифодаи ғайриқонунии силоҳ ва ғайра мебошад.
Дар ин давра фаъолияти хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба маҳву безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ҷинояткорони алоҳида, ки хостори нооромсозии ҷомеаи Тоҷикистон буданд нигаронида шуда, теъдоди зиёди ҷиноятҳои солҳои пеш содиргардида кушода шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилу баррасии вазъи воқеии ҷинояту ҷинояткорӣ дар мамлакат ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзур намудани назорати ҷинояту ҷинояткорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бо истифода аз воситаҳои муосири технологӣ, баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомот ва таҳкими робитаи онҳо бо аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

208 миллион сомонӣ-зарар аз ҳисоби ҷиноятҳои коррупсионӣ
Дар ҳисоботи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар соли 2017 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҷиноятҳои марбут ба андоз ошкор карда шудаанд, ки ҳаҷми зарар аз ҳисоби ин ҷиноятҳо 208 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба ҳамин монанд зарарҳои молиявӣ, ҳамчунин дар ҳисоботи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода таъкид карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин робита аз ҳолатҳои содиршудаи ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби худи кормандони соҳа изҳори нигаронӣ карда, роҳбарияти Агентӣ ва Палатаи ҳисобро ҷиҳати тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, барқарор намудани маблағи зарарҳои молиявии ба давлат расонидашуда ва ба танзим даровардани тадбирҳои тафтишотӣ вазифадор намуданд.

70 майдончаи варзишӣ дар пойтахт
Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни гузориши худ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2017 тазаккур дод, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳо ва дастгирию ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат пойтахт ба дастовардҳои назаррасу умедбахш ноил гардид.
Танҳо дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе 21 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, ҷиҳати таъсиси боз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт дар соли ҷорӣ нақшагирӣ шудааст.
Бо мақсади сарфаи неруи барқ 1600 хона ва иншоот ба системаи гармидиҳӣ пайваст гардиданд. Соли 2018 бунёди 15 муассисаҳои замонавии таълимӣ бо такмили беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ карда хоҳад шуд.
Дар муддати кутоҳ 70 майдончаи варзишӣ бо сифати баланд бунёд гардида, имсол бошад 12 боғу гулгашти муосир ва 92 майдончаи варзишии дигар бо муосиртарин воситаҳои машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ босубот ҷараён дорад.
Дар пойтахт соли сипаришуда 66 км. роҳҳо бунёд ва таҷдиду навсозӣ шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 44 км. зиёд аст. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт харидории боз 100 нақлиёти мусофиркашони ҷавобгуи стандартҳои муосир ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 13 адади он ворид гардида, рӯзҳои наздик ба хатсайрҳо ворид мешаванд, изҳор дошт Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонон 200 стипендияи раиси шаҳр барои донишҷӯёну мактаббачагони фаъоли пойтахт амал мекунад.
Робита бо аҳолӣ тавассути телефони боварӣ, сайти электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ муваффақона ҷараён дошта, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманду дорои ҷаҳонбинии созанда, ташкили озмуни шаффофи қабул ба сохторҳои марбутаи шаҳр натиҷаҳои хуб медиҳад.



Душанбе, Янв 15 2018


Ҷамолиддин Убайдулло, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси МММО ҶТ рӯзи 13.01.2018 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафири нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса таъин гардид.
Бино ба иттиллои расмӣ, рӯзи 13.01.2018 президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон якчанд тағийроти кадрӣ ба амал овард. Аз ҷумла, Абдураҳмон Қодирӣ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз мақоми раиси вилояти Суғд озод карда шуда, бо фармони дигари президент Раҷаббой Аҳмадзода, ки то кунун дар мақоми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, таъин гардид. Қурбон Ҳакимзода раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат таъин шуд.
Инчунин, бо қарори ҳукумат Камолзода Фарҳод Воҳид раиси Кумитаи навтаъсиси бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Бемуродзода Султон Бекмурод аз мақоми сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевт, Ғафур Муҳсинзода аз мақоми сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Таваров Ниматулло Ҳукматуллоевич аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва назорати тухмӣ ва Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии зотпарварии вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Бо қарори ҳукумат Бекмуродзода Султон Бекмурод сардори Хадамоти тозабунёди назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҷумъа, Янв 12 2018


Алексей Навалний-рақаби Владимир Путин-президенти Русия дар посух ба ҳукми Суди олии Русия гуфт, хостори бойкоти интихоботи президентӣ аст. Ӯ дар ин хусус дар саҳифааш-Твиттер навишт, ки интихоботи бе рақобатро намепазирем. Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихоботи Русия мегӯяд, Навалний ба ҷурми даст доштан дар коррупсия муттаҳам аст ва ҳаққи иштирок дар интихоботро надорад. Аммо Навалний ин тӯҳматро рад карда гуфтааст, ки кор паҳлӯҳои сиёсӣ дорад.

саҳ 66 аз 104

Китобҳо

Flag Counter