ХАБАРИ ДОҒ

СССР аз техосмотр мегузарад?

  • Сешанбе, Май 24 2016

Салом СССРи гиромӣ ва мардумӣ. Ман 1 хоҳиш дорам. Газетаи мардумии СССР, ки ман аз пеш мухлисаш ҳастам, 1 гӯша, ва ё рубрикаи хос дошт, бо номи «Редаксия супориш дод…».

Воқеан, ин саҳифа садҳо мушкилро бардошта, масъулияти масъулинро бештар мекард. Хуб, чӣ гуфтаниям? Тибқи супориши редаксия санҷиши техникӣ-техосмотри мошинҳоро санҷида бароед. Техосмотри мошин барои 1 сол 920 сомонӣ нарх дорад, аммо ғайр аз ин боз барои техосмотри газ 37 сомонӣ месупорӣ, аммо квинтансия ё чек намедиҳанд. Аз Госстрах бошад бо чанд сомонии дигар ҳуҷҷат барои суғуртаи мошин мегирӣ, аммо роҷеъ ба ҳолатҳои сӯхтор ягон чӣ барои ронанда намефаҳмонанд. Агар ин мушкилро меомӯхтед бори садҳо нафар сабук мешуд ва савобро ҳам мегирифтед. Дар ҷараёни таҳқиқот боз чандин сирри дигар ҳам барои шумо кушода мешавад…

Раҷабалӣ Азимов, сокини маҳаллаи Дӯстии н.Сино, тел: 98 834 07 86

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter