ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 15 Июн 2023 08:56

Чоршанбе, 14 Июн 2023 10:19

 Абуҳанифа бо насиҳатномаҳои махсуси панду ахлоқӣ аз худ мероси муҳими ахлоқӣ боқӣ гузоштааст.

      Ин насиҳтномаҳо нишон медиҳанд, ки Абуҳанифа на танҳо аз макорими ахлоқии ислом пурра баҳраманд аст, балки аз пандномаҳои Аҷаму Юнон низ бохабар мебошад. Насиҳатномаҳо аз панду насиҳатҳое иборатанд, ки на танҳо бо зиндагии шахсӣ ё фардии одамон дахл доранд, балки дигар паҳлӯхои ҳаётии иҷтимоӣ, ҷамъиятиро ба таври куллӣ фаро мегиранд. Ба ислоҳи ҳастии ҷомеа равона шудаанд, пандҳои ҷолибу арзишмандро фаро гирифтаанд. Андешаҳои ахлоқии Абуҳанифа, ки дар ин насиҳатномаҳо баён шудаанд, касро зери таъсири амиқи худ қарор медиҳанд ва аз ҳар ҷиҳат омӯзанда ва арзишманданд, онҳо барои ҳамаи замону давраҳо дахл доранд ва метавонанд дастуруламали зиндагии фарду ҷомеа қарор гиранд.

Чоршанбе, 14 Июн 2023 10:15

 

(дар ҷанги Украина не, дар ҷанг бо гастарбайтерҳо)

05.06.2023. Соат ба вақти СССР 09:33 дақиқа. Ҳушдор: матлаб қабл аз сафари Сергей Лавров ба Душанбе навишта шудааст. Мо Метавонем!

 Ба таҳқиқ, Анатолий Чубайс, 34-ум сарватманди ҷаҳон (журнали Форбес), ягона масъули воломақом нест, ки аз Россия, баробари шуруъи амалиёти вежаи низомӣ, фирор кард. Даҳҳо давлатмардон, ситораҳои санъату театр, шоиру нависандаву адиб, бизнесмену олигархҳо... бо сарвати миллиардҳо долларӣ ин кишварро тарк карданд. Ва ин дар ҳолест, ки дар ин додуситад, халқи Тоҷикистон, ба вежа муздурони россиявии он, билкулл аз сиёсати Кремл пуштигирӣ мекарданд. Воқеан ҳам рафтори чубайсҳои урусӣ ҳушдор ба давлатҳои дигари посшӯравист, ки нагузоред, сарват аз ватан берун хазад! Зеро чубайсҳояш низ рӯзе не - рӯзе аз думболаи пулашон мехазанд...

 

Иғвои тоҷикӣ

Чубайсҳои нагурехта ҳоло дар таркиби ин ҳукумат зиёданд, ки мехоҳанд Россияро аз охирон шарикони стротегияш ҷудо созанд. Намунаи олии ин ихтилофангезӣ...Сергей Миронов аст. Миронови хаппаке, ки баъди сари Жириновский бо усули а ля Жирик талош дорад, муҳаббати “русҳои миллатгаро”-ро, ки ҳамакнун сағера мондаанд, ба даст орад. Вале тавре мегӯянд, “Кори ҳар буз нест-хирман куфтан!”. Анатолий Юристович Жириновский воқеан ҳам сиёсатмадор буд. Ӯ баъди бархӯрд бо хабарнигори СССР дар Маскав-Шамсиддини Муқим, позитсияашро тағйир дод. Зеро хабарнигори мо моҳияти масъалаи миллатситезии ахириро бармало ба худаш исбот кард. Баъди ин дидор, маҳз Жириновский, тибқи ваъда ба мухбири СССР, дар Думаи давлатӣ масъалаи мардикоронро вардошта, талаб намуд, ки вожаи таҳқиромези “гастарбайтер” бар қиболи ишон корбаст нашавад. Ва чунин ҳам шуд! Ва аммо баъди сари Жирик афроде пайдо шуданд, ки ин қартаи кӯҳнаи миллатситезии русиро тоб доданд.

 

2 - шаҳрвандӣ хатар дорад...

Лидери ҳизби прокремлини “Справедливая Россия – За правду”, ҳанӯз аввали апрели соли гузашта, дар Дума баромад кардаву гуфт, ба тоҷикон паспорти русӣ дода нашавад. Воқеан ҳам газетаи мардумии СССР солҳо пештар навишта буд, ки Тоҷикистон бояд сиёсати душаҳрвандиро бас кунад:

- 1 паспорт, 1 ватан, 1 миллат ва 1 виждон! 

Ин шиор  - пешниҳоди мо то ҳанӯз, мутаассуф, қабул нашудааст. Вале то ҷое медонем, дупаспортаҳо дар таркиби ҳукумат кам ё нест шудаанд. Ин қадами нахуст аст. Ва бояд чунин ҳам бошад. Ба хотир биоред боз ҳамон чубайсизми русиро, ки аксарият паспорти Исроил низ доштанду дар наздиктарин фурсат хиёнат ба ватан карда, ба меҳани 2 фирор карданд!

СССР зидди шаҳрвандии дигар кишварҳоро гирифтани тоҷикистониён нест, вале агар паспорти дигар давлатро, ки гирифтӣ, бояд инашро биспорӣ, ҷонам! Бинед, фарзияи мо, ки пеш аз ҷангҳо дар Аврупо садо дод, имрӯз самари баде меоварад. Ҷангиёни 2 - паспорта, ки дар Украина меҷанганд, тибқи қонунҳои ҶТ ҷинояткоранд, вале аз сӯи дигар равған бар оташи иғво мерезанд, ки мегӯянд, “Тоҷикон дар Украина ҷанг доранд!”. Вале инҳо Тоҷик нестанд, дигар! Зеро паспорти Россияро доранд. Сари ин муаммо бояд умқан андешид. Душаҳрвандиро манъ ва онҳоеро, ки дар ҷанг ширкат меварзанд, на суд, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандии ҶТ бояд маҳрум кард. Мо Метавонем!!!

Аз сӯи дигар Россия на беҳуда ба тоҷикон паспорти русӣ медиҳад. Зимнан кӣ гарав дода метавонад, ки дар сурати “фишор сари шаҳрвандҳояш” Россия қартаи а ля Украинаро корбаст намекунад? Ҳар чӣ шуданаш мумкин. Кишвардорӣ низ аз ҳамин иборат аст, ки садди роҳи эҳтимолияти хатарҳо шавад...

Омори душаҳрвандӣ басо нигаронкунанда аст. Бинед, тибқи иттилоъи сарчашмаҳои русӣ, ҳамарӯза аз 410 то 476 тоҷикистонӣ шаҳрванди ФР мешаванд. Танҳо дар соли 2022 теъдоди тоҷикони русшуда марзи 173 ҳазорро гузашт! Ва бо ҳамин суръат кор давом кунад, шояд то ним миллион тоҷик гражданини ФР шавад. Ва акнун ёд оред, ҳини моҷарои Хоруғ, оппозитсияи тоҷики муқими Аврупо чи бонге мезад: дар Бадахшон ҳуқуқи шаҳрвандони ФР поймол мешаванд?!... Ин масъаларо сарсарӣ нагире(м)д....

 

Ҷанги 2 бо муздурон

Ҳанӯз соли 2011, ки Президенти ФР, дӯсти овони ҷавонии мо, Дмитрий Медведев буд, Кремл, ҳини баррасии мушкили “лётчикҳои руси маҳбуси Қурғонтеппа” бо муздурон ҷанг эълон кард. Онҳоро чун дар Геттои гитлерӣ дар кӯчаҳо меронданду мезаданду таҳқиру таҳвин мекарданд ва ҳатто сар мебурриданд. Он замон, агар хонанда ёд дорад, СССР матлабе бо номи “Письмо сверстнику” нашр кард... 

Имрӯз низ айни ҳамон ситам сари Тоҷикон дида мешавад, вале ин бор хушунатбортар! Шикори Тоҷикони беҳуқуқ - муздурони кор, муҳоҷирони меҳнатӣ, студентон ва ҳатто Тоҷикони шаҳрвандии Россияро қабул карда, аз сар гирифта шуд. Машинаи таблиғотии шовинизми русӣ, ки аз Дума об мехӯрад ва гуфта мешавад, Кремл ҳам ба он “доброи ғайрирасмӣ” додааст, ба кор даромад. Мо 100% бовар дорем, дар шароити ҷангие, ки Россия дорад, агар Кремл нахоҳад, саге сӯи тоҷик намеҷакад, чӣ расад ба скинхедҳо. Аз сӯи дигар, агар дар Россия шовинизми зерназорат набошад, фарзи мисол, 1 урусбача ва ё 1 пулис, аз куҷо медонад, ки Тоҷик кисту узбеку қафқозӣ кадом аст? Онҳо маҳз бо супориши қатъӣ танҳову танҳо Тоҷикшикор баромадаанд! Факти дигар - пулису шовинистони зерконтрол Тоҷикони Ӯзбекистону Афғонистонро аслан кордор нестанд. 

 

Дипломатияи фишор

Муносиботи сард ва ахирии Кремл, тибқи таҳлили коршиносон ба 2 чиз бастагӣ дошт:

1. Давлатҳои пасошуравии ОМ ба Пекин рафтанду Россия даъватӣ набуд;

2. Муносибати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо позитив гардид.

Пекин ба Душанбе 57 млн грант доду ИА 2,5 млрд доллар қарз, ки гуфта мешавад, аз ин миён 1,9 млрд грант аст!...Россия бошад, ҷои сиёсати иқтисодияшро мусолиматомез кардан, ҳамон қартаи кӯҳнаи соли 1990-ро ба кор даровард. 

Други! Шумо аз айвончаи Кремлатон ба берун менигаред? Асри 21 аст ҳоло ва шумо дар тангно ва инзивоъи сиёсӣ мондаед...

Ҳоло бинед, агар Лавров ба ҳадафи пешмондаи Кремл расад, дар 1 рӯз ҳам не, дар чанд соат ин иғво поин меравад, дар сурати акс...аксашро хоҳем дид. Вале дар ҳар сурат, Россия бояд донад, ки Тоҷикистон охирин плотсдарми Маскав дар ақсои олам аст. Ҳар сабру таҳаммулро поин ва ҳар косаеро лаб ҳаст. Сабри Душанбе лабрез шуд, аз хуну пӯст гузашта, ҳатман фармони бадарсозии Дивизияи 201-ро агар барорад, Россия де-юре аз Осиёи Марказӣ ронда мешавад. Ҳарчанд де-факто 3-5 соли дигар метавонад боқӣ бимонад. Зимнан Кремл бояд бо Душанбеи расмӣ бархурди ҳасана ва дипломатӣ дошта бошад, на ки аз думболи шовинистони русии Сергей Миронов харашро маҳмез занад. Зеро амри бадарсозии Дивизия ҳам не, пешниҳоди истирдоди Базаи ФР аз ОМ, оғози шикасти гӯшношуниди империяи 200-солаи русӣ дар Туркистон, ҳоло ОМ, хоҳад шуд. Тавре худи русҳо мегӯянд:

- Свято место пусто не бывает!

Фикр намекунам, шовинизми кӯр-кӯрона дар Кремл то ҳаддест, ки ин ҳақиқати кӯчакро нафаҳманд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Муҳаммади Мубориз

махсус барои СССР

 

 

Чоршанбе, 14 Июн 2023 10:11

Чоршанбе, 14 Июн 2023 08:59

(Тақриз ба китоби Абдухалил Холиқзода, “Ҳаводиси рӯзгори ман” – Душанбе, Эр-граф, 2023, -288 саҳ.)

“Ҳаводиси рӯзгори ман” – Абдухалил Холиқзода барои китобаш унвони ҷолиби диққате гузоштааст, ки зеҳни одами кунҷкобро зуд ба худ ҷалб мекунад. Дар зеҳни хонанда ин тасаввур пайдо мешавад, ки китоб аз ҳодисаҳои аҷибу ғариб саршор аст ва онро ҳатман бояд хонд. Ман ҳам хондам ва эй кош намехондам! Зеро таҳқир ва суханони нодурусту норавою носазо нисбат ба мардум, хусусан тоҷикони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар ин китоб бисёр аст. Муаллиф худро дар ҷойгоҳи 1 муҳаққиқи мардумшинос қарор дода, дар бораи мардуми ин ё он ноҳия, шаҳр ва минтақа ба қавле “характеристика” додааст.

Нависанда вақте дар мавриди мардуми вилояти Хатлон изҳори назар мекунад, менависад: 

“Чунин ба назар меояд, ки мардуми ин диёр дар ҳамзистии дурудароз ва омехтагӣ бо қавмҳои ҳамсояашон (манзури муаллиф қавмҳои туркию муғулӣ аст, ки поинтар ишора мекунад) баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул ва ҷойгузини хусусиятҳои тоҷикӣ кардаанд. Нармгуфторӣ, дурӯягии тоҷикӣ, ки дар навиштаҳои гузаштагон яке аз хислатҳои накуҳидаи миллат ба қалам дода шуда буд, ба чобукӣ ва устуворӣ иваз шудааст” (саҳ. 51). 

Аввал ин, ки нармгуфторӣ хислати накуҳида нест, балки сифати ҳамида аст. Дигар ин, ки муаллиф бо истифодаи таъбири “дурӯягии тоҷикӣ” на танҳо мардуми вилояти Хатлон, балки ҳамаи миллати тоҷикро таҳқир кардааст. Дурӯягиро ба миллати тоҷик рабт додани ӯ қабл аз ҳама ба нохалаф будани худи нависанда далолат дорад. Дар ҳар қавму миллат одамони дурӯя мавҷуданд, вале 1 миллат ба тамомӣ ҳама дурӯя бошанд, ин амрест маҳол ва тавҳинест ба шаъни умуми миллат. 

Сипас ӯ аз мулоқоташ бо Бӯрихон Салимов дар ноҳияи Ховалинг қисса карда, бо рӯйкарди нафратомезе, ки нисбат ба мардуми ин минтақа дар дил ниҳон дорад, ба ин нукта таъкид мекунад, ки “Ӯ (Бӯрихон Салимов) нақлҳои ҷолиби худро бо суханони қабеҳ “оро” медод. Ману Абдулмумин писаронамон – Фаридун ва Алишерро ҳамроҳ гирифта будем ва ман маҷбур мешудам, ки ҳар замон аз Фаридун хоҳиш кунам, ки дуртар равад, ё гӯшҳояшро бибандад” (саҳ. 51). Агар мақсуди нависанда ба намоиш гузоштани хислати “қабеҳсуханӣ”-и мардуми ин минтақа набуд, ба овардани ин ҷумла дар матни китобаш ҳеҷ зарурат набуд. Вале чун мақсуди ӯ манфур нишон додани чеҳраи мардуми ин минтақа будааст, дар идома навиштааст: “Чизи дигаре, ки ӯ (Бӯрихон Салимов) нақл кард, дар боби муҳоҷиркунӣ буд. Ӯ гуфт, миёнаи солҳои панҷоҳ моро муҳоҷир карда, ба ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) оварданд. Мо бачаҳои шаш-ҳафтсола вақте ба мактаб мерафтем, лақайбачаҳо, ки теъдодашон аз мо хеле зиёд буд, моро бо сангу чӯб мезаданд. Мегуфтанд, “ин ватани мост, шумо ба ватани худатон баргардед”. Танҳо дар солҳои шаст шумораи мо-тоҷикбачаҳо зиёд шуд ва мо дигар боло гирифтем. Ин ду нақл ва иттилоъи муаллифи “Таърихи ҳумоюн” таъйиди ҳамон фикри боло аст, ки МАРДУМИ ТОҶИКИ ИН МИНТАҚА ДАР АСАРИ ҲАМСОЯГИИ ДУРУ ДАРОЗ БО ҚАБОИЛИ ДИГАР ОМЕХТА ШУДААНД ВА БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ОНҲОРО ҚАБУЛ КАРДААНД, КИ ҲАҚТАЛОШӢ, ҶАСОРАТ, УСТУВОРӢ ВА СОФИВУ САДОҚАТ АЗ ҚАБИЛИ ОНҲОСТ” (саҳ.52).

 

Таҳқири миллати Тоҷик дар «шоҳасар»

Воқеан, муаллиф наметавонист аз ин беҳтар миллати тоҷикро таҳқир кунад. Ӯ дар ҳамин чанд ҷумла нақли 1 нафар мусоҳиби худро далел оварда, ин фикрро дар ҷомеа мехоҳад ниҳодина кунад, ки ноҳияи Ҳамадонӣ, ки исми таърихии он Чубак асту вожаи тоҷикист, то солҳои панҷоҳи асри ХХ ватани қабилаи лақай будааст ва тоҷикон аслан мардуми муҳоҷиршуда ба ин ноҳияанд ва низ мехоҳад ин зеҳниятро дар хонанда ба вуҷуд биёварад, ки “мардуми тоҷики ин минтақа дар асари ҳамсоягии дуру дароз бо қабоили дигар (манзураш қавми лақай аст) омехта шудаанд ва баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул кардаанд, ки ҳақталошӣ, ҷасорат, устуворӣ ва софиву садоқат аз қабили онҳост”. 

Ин бахши дувуми андешаи муаллиф воқеан шармовару нанговар аст, ки аввал асолати нажодии тоҷикони минтақаро бо омехташавӣ ба қабилаи лақай зери суол бурда, сифатҳои наҷиби тоҷикони ин ноҳияро, аз қабили ҳақталошӣ, ҷасорат, устуворӣ ва софиву садоқат баргирифта аз қавми лақай қаламдод намудааст. Яъне, ба иддаои нависанда тоҷик то омехта шуданаш бо қавми лақай ҳақталош, ҷасур, устувор ва софдилу содиқ набуд ва ин сифатҳо дар ниҳоди ӯ танҳо баъди омехташавии хунию маънавияш бо лақайҳо ба вуҷуд омадааст. Албатта, мо намегӯем, ки мақоми қавми лақай аз мо поинтар аст, зеро ҳамаи мардум халқи Худост. Вале чунин андешаронию натиҷагирӣ кардани нависанда, воқеан разолат аст. Душман накунад, он чи ту чун дӯст кунӣ! Ин нафрат аз куҷост нисбат ба ҳаммиллатонат, агар воқеан тоҷик ҳастӣ!? 

Агар муаллиф “реге дар кафш надошт”, “аз Хуталон омадия”-ро ба ёди хонанда меовард ва мегуфт, ки тоҷикон аз қадимулайём сокинони аслии ин сарзамин будаанд ва далерию ҷасорату устуворию дигар сифатҳои ҳамидаашон дар нахустин шеъри форсӣ ҳамчун парчами ифтихор ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш дарҷ гардидааст. 

 

Иғвои мазҳабӣ дар «шоҳасар»

Хонандаи боҳуш дарк мекунад, ки рӯйкарди муаллиф дар ин китоб нисбат ба тоҷикони ин ё он минтақа бештар бо нафрат ва сиёҳнамоӣ ҳамроҳ аст. Ҷое, ки дар бораи мардуми Бадахшон сухан мегӯяд, баҳси мазҳаб ва қатлу ғоратро ба миён меорад: 

“Ванҷиву дарвозиҳо суннимазҳаб ва боқии тоҷикони ин диёр шиъамазҳабони исмоилианд. Исмоилиҳои Бадахшон дар гузашта сахттарин заҷрро аз дасти ҳамсоягони дигармазҳаби худ кашидаанд, ки ба урфу расм ва афкору тарзи зиндагии онҳо таъсири амиқ гузоштааст. Дар гузашта, ки мазҳаб таъинкунандаи сиёсат будааст, ҳамсоягони суннимазҳаби ин мардум ба онҳо ҳамчун ДУШМАНИ БАДДИН муносибат карда, ЗУЛМИ ЗИЁД РАВО ДИДААНД. ДОИМ БА ИН САРЗАМИН БО БАҲОНАИ МАЗҲАБСИТЕЗӢ ҲАМЛАҲО БУРДА, ҚАТЛУ КУШТОР ВА ҒОРАТ МЕКАРДААНД. Ин муносибати беруниён тавъам бо шароити ҷуғрофии маҳдуди зист ба афкори онон таъсиргузор будааст ва дар тӯли асрҳо ба сурати ғаризаӣ ба ҳар омили беруна бо нобоварӣ муносибат мекунанд, ПЕШ АЗ ҲАМА ОНРО ДУШМАН МЕДОНАНД ва бехатарии худро дар ваҳдати дохилиҷомеаии худ мебинанд” (саҳ.57-58).

Дар замоне ки мардуми Тоҷикистон, хусусан зиёиёни фарҳехта сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хитобаҳо ва асарҳои хеш таблиғу талқин мекунанд ва миллатро ба дӯстию рафоқат, таҳаммулпазирӣ ва ҳусни ҳамзистӣ фаро мехонанд, ин нависандаи “мардумшинос” масъалаи мазҳабситезиро ба майдон мекашад, 1 гурӯҳро золим (суннисмазҳабони таоруфиро) ва дигарро мазлум (бадахшониҳои шиамазҳабро) нишон медиҳад, мардуми шарифи Бадахшонро аз баданаи миллат бурида, аз забони гурӯҳи дигар “баддин” мехонад, мардуми минтақаҳои дигари кишварро дар муносибат ба онҳо “берунӣ” унвон мекунад ва дар зеҳни ҷавонони Бадахшон мардуми суннимазҳабро душман, қотил ва ғоратгар тасвир мекунад. Ин фиқраи болоро ба ҷуз аз нафратпарокании мазҳабию қавмӣ ва фитнаангезии иҷтимоӣ чи метавон унвон кард!? Оре, ин фитнаи ҳоло нуҳуфта дар миёни китоб аст, Худо нигаҳ дорад!!!

 

Таҳқири ғармиву хуҷандиҳо дар «шоҳасар»

Нависанда дар мардуми минтақаи Рашт низ айбҳои бузург дидааст. Ӯ роҷеъ ба ин пораи миллат менависад: 

“Мардуми тоҷики ин водӣ ба чанд ноҳия – Файзободу Оби Гарм ва Ғарму Нурободу Тоҷикобод ҷудоянд. Дар мансубият ба маҳаллашон таассуб меварзанд ва дар ҳоли зиддият бо ҳам ба сар мебаранд. Тоҷикони ин диёр аҳли илму тиҷорат ва сарватдӯстдоранд. МАН ДАР ҲАМКОРӢ БО КАСОНИ АЗ ИН ДИЁР САДОҚАТ ДАР ДӮСТИВУ ВАФО БА АҲД КАМТАР ТАҶРИБА КАРДААМ” (саҳ.62). 

Оё дар бораи кулли мардуми 1 минтақа ҳамин гуна сабуксарона қазоват кардану онҳоро ба сарватпарастию бевафоию беаҳдӣ муттаҳам кардан ҷоиз аст!? 

Ҳоло биравем ба суроғи мардуми Хуҷанд, ки нависанда онҳоро аз шишаи сиёҳи айнаки худ чи гуна дидааст? Ӯ зимни ном бурдан аз авлод ё ба истилоҳи дигар тираҳои мардуми Хуҷанд мисли “тӯраҳо”, “шайхҳо”, “хонҳо”, саййидҳо”, “мирзоён” ва ғайра навиштааст: 

“Дар Хуҷанд авлоди “тӯраҳо” ҳастанд, ки дар ҷомеа соҳиби эҳтироми хос мебошанд ва мисли ҳамон “шайх”-ҳои Бухоро танҳо дар дохили табақаи худашон издивоҷ мекунанд. Номи онҳо нисба ё пасванди “хон” дорад ва ҷолиб ин аст, ки касоне, ки аҳли ин табақа нестанд, ин нисбаро ба фарзандонашон гузошта наметавонанд... Агар касе аз аҳли табақаҳои ғайр ин пасвандҳоро ба номи фарзандаш гузорад, ӯро “худхонда”, “ҷаълӣ” ва ғайра гуфта, маҷбур мекунанд, ки номашро иваз кунад” (саҳ.64-65). 

Воқеан хеле тааҷҷубовар аст, ки мардуми Хуҷанд то кунун бо ақоид ва қоидаҳои қурунивустоӣ зиндагӣ мекунанд, ё баръакс, нависанда бо айнаки қурунивустоии худ ба онҳо нигоҳ кардааст!? Сипас ӯ “васф”-и мардуми Хуҷандро бад-ин гуна идома медиҳад: “Мардуми Хуҷанд худро аз дигарон болотар медонанд ва ба омадагон муносибати таҳқиромез раво мебинанд. Масалан, касони аз ноҳияҳои Зарафшон ба Хуҷанд омадаро “масчоӣ” гуфта, таҳқиромез ном мегиранд. Агар касе аз минтақаи дигар омада, дар Хуҷанд маскун шавад, ӯро дар байни худашон “сойкелдӣ” ном мебаранд. Дар ин шаҳр қабристоне ҳаст, ки бегонагонро дар он ҷо дафн мекунанд” (саҳ.65). 

Аз худ мепурсам, чи маразу ғаразе дорад ин “муҳаққиқи мардумшинос”, ки мардуми ҳеҷ 1 аз минтақаҳои Тоҷикистон (ба ҷуз зодбуми худаш) аз заҳри забонаш дар амон намондааст ва дар маҷмӯъ 1 миллати шарифро ба қабеҳсуханӣ, дурӯягӣ, баддинӣ, мазҳабситезӣ, қотилӣ, золимӣ, бевафоӣ, беаҳдӣ, мутакаббирӣ ва айбҳои дигар муттаҳам кардааст. Ӯ дар мавридҳое низ зоҳиран “объектҳои мавриди таҳқиқашро” васф мекунад, то агар аз изҳори назарҳои ифротияш эҳсоси озору нороҳатӣ кардаанд, бо таърифе онро ҷуброн кунад, вале дар зимни он таърифу тавсиф низ ба мардуми минтақаҳои дигари кишвар санги таънаю маломат меандозад, мисли ин маврид: 

“Мардуми шаҳри Хуҷанд ба истиснои сокинони Истаравшан, ЯГОНА мардуми Тоҷикистони имрӯза ҳастанд, ки ДОРОИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИЯНД. Онҳо суннатҳои устувор доранд ва дар тиҷорат дорои маҳорати хосанд. Пажӯҳишгарони рус, ки дар замони қабл аз инқилоби сурх ба ин ҷо омадаанд, халқи тоҷикро ба 2 даст тақсим кардаанд: шаҳрнишин ва кӯҳистонӣ. Ба ақидаи онҳо барои шаҳрнишинон тиҷорат ва манфиат нисбат ба масъалаҳои ҳувият ва миллат бештар аҳамият доштааст” (саҳ.65-66).

Офарин ба пажӯҳишгарони руси қабл аз инқилоби сурх, ки “халқи тоҷикро ба 2 даст тақсим кардаанд”. Онҳое, ки бо вазифаи ҷосусӣ ба сарзаминҳои мо дар ҳайати пажӯҳишгар омада буданд, ба маротиб боинсофтар аз шумо будаанд. Забони шумо дар ин тақсимбандиҳои тоҷикон хеле дарозтар аст!!! Дупаҳлу менависед. Аввал ҳодисаи қатори Калининро мисол зада, мардуми Конибодомро миллатдӯст меномед ва дар идомаи ҳамин матлаб мардуми Хуҷандро аз забони пажӯҳишгарони руси қабл аз инқилоби сурх беҳувияти миллӣ мехонед. Хуҷандиҳоро “ягона мардуми Тоҷикистони имрӯзаи дорои фарҳанги шаҳрӣ” тавсиф мекунед ва барои мардуми шаҳрҳои дигари Тоҷикистони кунунӣ доштани фарҳанги шаҳриро инкор менамоед. Магар аҳолии шаҳрҳои дигари Тоҷикистон аз фарҳанги шаҳрӣ бебаҳраанд? Магар мардуми шаҳрҳои дигари Тоҷикистон суннату анъанаҳои устувори миллӣ надоранд!? 

 

Даюсии миллати точик дар «шоҳасар»

Беномусӣ ва даюсии яке аз афроди миллатро ҳам, ки нависанда ӯро ба унвони намунае аз мардуми Хатлон овардааст, дар ҳамин китоб хондам. Ҷолиб ин аст, ки нависанда ба хотири рӯзи мабодо, эҳтиёт ва доштани паноҳгоҳ номи ривояткунандаи онро ҳам қабл аз нақли моҷаро зикр кардааст. Бале, нависандаи китоб Абдухалил Холиқзода дар қисмати оғозини китобаш аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ин қиссаро баён мекунад ва аз Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳори сипос мекунад, ки маро бо Рамазон Раҳимзода ошно кард. Ба эътирофи худи нависанда “нақли ин ҳикоят сахт аст, чи расад ба хонданаш”. Ман ҳам наметавонам он қиссаи нангинро ба тамом ин ҷо биёрам, вале моҷаро аз ин шарҳ аст, ки марде бо номи Расул аз аҳли Ховалинг дар солҳои бистуми асри ХХ, пас аз ҳуҷуми Артиши Сурх ба ин сарзамин бо ҳамсари ҷавону нозанинаш, ки Нозанин ҳам ном доштааст, тарки Ватан гуфта, ба хоки Афғонистон меравад. Дар ғурбат ҳамшаҳриён ба Расул таъкид мекунанд, ки зинҳор Нозанин ва аспашро афғонҳо набинанд, ки дарди сараш мешаванд. Хулосаи калом, Расул бемор мешавад ва Нозанин барои овардани об аз хайма берун меравад ва ба дунболаш марди ҳазорае, ки қизилбоши маҳал будааст, ба хаймаи онҳо меояд. Қизилбош (шиъамазҳаб, аз қавми ҳазораи муғул) шаб ба хаймаи Расул омада, мегӯяд, ки “занат зебост, вале имшаб моли ман мешавад”. Ҳамин тавр, қизилбош Нозанинро дар пеши чашми шавҳараш таҷовуз мекунад ва ин таҷовуз то чандин шаби дигар такрор мешавад ва аз роҳи... (маъзарат хонанда) ақиб ҳам сурат мегирад. Нависанда гӯё аз тасвири ин разолат лаззат мебурда бошад, ки ҷузъиёти он амали нангинро хилофи адаб ва риояти эҳтироми хонанда бо тафсил тасвир намудааст...

 

Ҳаммуаллифони «шоҳасар» киҳоянд?!

Пас аз мутолиаи чунин мавридҳои пастзании шаъну эътибори миллат, фитнаангезиҳо ва зарбазаниҳо ба ваҳдати миллӣ ман аз касоне тааҷҷуб кардам, ки нависанда дар муқаддимаи китобаш аз онҳо барои кумакашон дар тасҳеҳи матни китоб ва ҳусни асар изҳори сипос намудааст. Айнан меорам: 

“Нависанда дар нигориш аз муҳаббати дӯстон баҳра бурдааст. Устодон Абдунабӣ Сатторзода, Абдулқодири Рустам, Сайфуллоҳ Муллоҷон ва Толиби Луқмон дар вироиш ва тасҳеҳи матн заҳмат кашиданд, ки ба ҳусни асар афзуд. Муаллиф аз лутфи ин устодони забардаст сипосгузор мебошад” (саҳ.4).

То ҳал боварам намеояд, ки ин устодони забардаст “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро хонда бошанд ва дар баробари он ҳама ноҳамвориҳо, тавҳинҳо, таҳқирҳо, буҳтонҳо ва нафратпароканиҳои нависанда сукут варзида бошанд. Хуб, гирем, ки муаллиф нависандаи касбӣ нест, вале онҳое, ки исмашон дар ин сатрҳо зикр шудааст, аҳли илму адабанд. Оё онҳо низ бо ин афкори нависанда розӣ шудаанд, ки бо иншои таҳқирномаҳои боло теша ба решаи сулҳу ваҳдат ва шаъну эътибори миллат зада шавад? Чаро ба вай тавсия надодаанд, ки матнҳои зарарборашро аз матни китоб бардорад!?

Таассуфангезтар ин аст, ки “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро бо хатти форсӣ мо имсол дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” дидем, бо ҳамин ороиш ва бо ҳамин матн!!! Оё ин гуна мо миллати худро ба ҳамзабононамон ва хориҷиён муаррифӣ мекунем!? Воқеан, ки шармовар асту нанговар!!!

Албатта, тавре ки дар боло низ ишора шуд, дар ин китоб мавридҳои мусбат низ аз ҳаёти давлату миллат инъикос шудаанд, вале ин равиш ҳамон қазияи деги таому қошуқи заҳрро мемонад. Ба қавли Шайхурраис Абӯлаӣ ибни Сино: 

"Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт!

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст!!!” 

 

Раҳмоналӣ Мирализода

Сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Чоршанбе, 14 Июн 2023 08:55

                                                  

1. БИҲИШТ НА ТАНҲО ДОМОНИ МОДАР БУД

Имсол, яъне соли 2023, ҷашни Наврӯзро дар зодгоҳам - шаҳри Хуҷанд истиқбол намудам.  Дар яке аз рӯзҳои наврӯзӣ сайри боғи Камоли Хуҷандӣ – боғи даврони кӯдакиам кардам, ки бо зебоиву хуррамиаш, фаввораву обҳои равони ҷӯйҳояш, бо арғунчакҳову аспакчаҳояш, пуффакҳои рангорангу яхмосҳояш, себқанду хурӯсчақандҳояш дар ёдам мондааст. Боғ имрӯз нав шудааст. Гулгаштҳову сохтаҳои ороишии товусу қувон, ҳайвонҳои кӯҳӣ, буттаҳои баланди гулҳои сафеду нилобӣ, фаввораҳои хурду калон, теппаҳои сабзу ба шакли дил гулпӯшшуда, шаршарае, ки аз баландӣ, аз миёни сангҳо поён меояд, пулҳои хурди ороишёфтаи болои ҷӯйҳо хеле назаррабоянд. Хаёлам ба дуродур меравад, ба кишвари ёдҳо, ба замоне, ки панҷ-шашсола будам…Тирамоҳ буду хазонрез. Дар рӯи ҳавлиамон нишаста мегиристам. Метарсидаму мегиристам, ки… мемирам. Ин ҳолат бо ман чандин маротиба рӯй дода буд.  Худ ба худ ба ҳарос меафтодам, гумон мекардам, ки мемирам, шояд ҳозир, шояд пагоҳ. Маро борҳо падару модараму бибиам аз ин ҳолат бароварда буданд. Ба бағал мегирифтанду ором мекарданд, афсонае мегуфтанд, ба мағозаи маҳаллаамон бурда, чизе харида медоданд, то ки хаёли маро ба тарафи дигар баранд… 

 …Падарам аз дари ҳавлӣ даромаданд.

- Дадоҷон, ман мемурам? 

Падарам ба худ қиёфаи хушҳолиро гирифта гуфтанд: 

- Кӣ гуфт? Ҳаргиз! Ҳозир ман духтарамро ба боғ мебарам. Як сайр карда мебиёем. Либосҳоятонро пӯшед! Ман мошин мебиёрам. Бо «Победа» меравем!

Бо хоҳаракам Масъуда, ки аз ман дувуним сол хурд буд, ба хона даромадем. Модарам ба мо палточаҳои тирамоҳиамонро пӯшонданд, зеро бегоҳ мешуду шамол мевазид. Таксии «Победа» моро зуд ба боғ расонд. Ба боғи беодам. Танҳо мо - падару модарам ва ману хоҳарам рӯи регмайдаи боғ қадам мезадем. Ман дастони гарми падарамро дошта мерафтам. Он кас ба ман дарахтеро нишон дода, гуфтанд, бин, баргҳояш чи гуна зарин шудаанд, диққати маро ба парвози парандае ҷалб кардав чизе мефаҳмонданд. Боғ дар назарам тилоӣ гашт. Баргҳои зарди дарахтони бузургаш онро тилоӣ карда буданд.  Назди бозиҳо омадем. Аспакчаҳои карусел фақат ману хоҳаракамро гардонданд. Сечархаҳоро ҳам хеле «ҳай» кардем…

Ман мурданро фаромӯш намуда, хушҳол аз боғ берун шудам. Падарам аз мағозаи назди боғ бароямон шириниҳое хариданду ба хона баргаштем. Оҳиста-оҳиста то мактабрав шуданам ин тарс маро тарк кард. Ҷои онро таҳсил, дӯстони ҳамсинфам, дарстайёркунӣ, хондани китобчаҳои рангине, ки падарам меоварданд, гирифтанд. Шоир барҳақ фармудааст:

 Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

 То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Вале дар тифлӣ биҳиштам на танҳо домони модар буд. Ман биҳишти хуши муҳаббати падарро низ доштам.  

                               

2. Рӯи гарми падар...

28 декабри соли 1993 падарам Зиёваддин Нигорӣ дар Хуҷанд, дар ҳавлиамон аз олам гузаштанд. 83 сол доштанд. Падарам зиндагии хуб ҳам доштанду фоҷиабор ҳам. Дар хурдӣ аз волидонашон ятим мондаву дар дасти хешовандонашон калон шудаанд. Тавре  нақл мекарданд, айни ҷавонӣ - аз соли 1937 то соли 1947 дар лагери марги системаи ГУЛАГ (Главное управление лагерей), дар  мавзеи Колимаи вилояти Магадани Россия  чун «душмани халқ»  «адои ҷазо» намудаанд. Пеш аз ҳабс дар омӯзишгоҳи тиббии пойтахт муаллимӣ мекардаанду ҳамзамон донишҷӯи Донишкадаи омӯзгорӣ будаанд. 10 соли ҳабс боиси аз оилаи аввалашон ҷудо шудан гардид. Аз зани аввалашон 1 писар доштаанд (Бародарам Зафар соли 2016 аз олам гузашт).

Соли 1947 баъди озодӣ ба Хуҷанд омада, бо модарам  хонадор мешаванд. Барои дарёфти маоши зиндагӣ дар конҳои Адрасмон кор мекунанду хишт ҳам мерезанд. Зеро барои «душмани халқ»-и «шишта баромадагӣ» аз рӯи касби худашон – муаллимӣ кор ёфтан душвор мегардад. Рӯзе, ҳангоми хиштрезӣ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Хуҷанд Саидхуҷа Урунхӯчаев, ки бо ӯ дар ҳабсхонаи Сталинобод ҳамроҳ маҳбас шуда буданд, он касро дида, мешиносад. Аз пагоҳи ҳамон рӯз то ба нафақа баромадан падарам дар  колхози «Москва»-и ноҳияи Хучанд, ки Саидхӯҷа Урунхӯҷаев раиси он буду баъдан номи ӯро гирифт, кор кардаанд. 

19 октябри соли 1956 Трибунали ҳарбии Округи  ҳарбии Туркистон парвандаи падарамро аз нав баррасӣ намуда, Қарорро аз 8 майи соли 1938 дар бобати айбдоркунии Нигорӣ Зиё, бинобар мавҷуд набудани таркиби ҷиноят бекор месозад. Дар ин ҳуҷҷат навиштаанд, ки Нигорӣ Зиё пурра реабилитатсия (сафед карда) шудааст. 

Падарам замони бунёди Қасри Арбоби колхози «Москва»  чун таъминкунанда (экспедитор) масъулияти расондани масолеҳи заруриро барои ин сохтмон ба уҳда доштанд. Дар осорхонаи Қасри Арбоб акс ва маълумоти кӯтоҳе дар бораашон ҳаст. Дар китоби «Парвозгоҳи бузургон», ки аз одамони дар рушди ноҳияи Хуҷанд саҳмдошта сухан меравад, низ акс ва маълумоте дар бораашон ҷой дода шудааст. Мо, аҳли оилаи Нигоровҳо, аз ин қадрдонии мардуми ноҳия ва роҳбарони имрӯзи хоҷагӣ нисбати қиблагоҳамон миннатдорем. 

Вақти вафоти падарам мани 40-сола аллакай каму беш шӯру шакари зиндагиро чашида будам. Вафоти қиблагоҳамро бо таҳаммул қабул кардам. Чӣ метавон кард? «Рафтанду равему боз оянду раванд»... Аммо алами надидани рӯи гармашон ҳоло ҳам дар дилам ҳаст. Соли душвори 1993 нақлиёт хеле кам буд ва ман аз фурудгоҳи Хуҷанд  то хонаамон пиёдаву савора дар бадали беш аз 2 соат расидам. Падарам 1 соат пеш аз дунё гузашта будаанд...

                                             

3. Хабари фавти Лоиқ Шералӣ...

Солҳои 1999-2001 хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Садои Хуросон», дар шаҳри Машҳади Эрон  будам. Мо, ҳамаи ҳамкорон, ҳам вазифаи хабарнигориро иҷро мекардем, ҳам бо навбат барномаи ҳаррӯзаро аз аввал то охир мебурдем, яъне муҷрӣ ҳам будем. Рӯзи навбатдориам аз Душанбе хабар омад, ки устод Лоиқ Шералӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, даргузаштанд. Шунидани хабари фавти шоире чун устод Лоиқ худаш  аллакай  ғусса аст. Ва ман, ки бо устод борҳо ҳамсуҳбат шудааму дӯсташон медоштам, ин хабарро хеле бо дард қабул кардам. Бо устод дар 1 маҳаллаи Душанбе – Қарияи Боло мезистем ва гоҳе дар кӯча, ки во мехӯрдем, то маҳаллаамон пиёда суҳбат карда меомадем. Устод раҳораҳ воқеаеро нақл мекарданд, шӯхиҳои хуб доштанд. Ба ошхонае, ки он ҷо бо муаллимаам, шоира Мавҷуда Ҳакимова одатан хӯроки пешин мехӯрдем, устод Лоиқ ва устод Ҷӯрабек Муродов ҳам меомаданд ва ҳама пушти 1 миз менишастему аз аввал то охири танаффус аз ҳар бобат суҳбат мешуд. 

...Матни хабари даргузашти устодро  барои барномаи  бегоҳ тайёр кардам. Дар аввали барнома чун муҷрӣ муҳтавои онро эълон намуда, варақро бо матни ин хабар наздам гирифтам. Ҷумлаи аввалро хондаму... гиряам омад. Барнома зинда пахш мешуд, коргардону танзимгарамон дар пушти оинаи студия истода, бо ҳайрат ба ман менигаристанду намедонистанд чӣ кор кунанд. Коргардон ба ман ишора мекард, ки маъниаш «Чӣ кор кардӣ?» буд. Билохира худро ба даст гирифтаму бо овози гиряолуд давоми матнро то охир хондам. Барномаҳои дигар шуруъ шуданд ва баъди якуним соати иҷрои онҳо ҳамроҳи ҳамкорони  дигарам  аз  студия ба ошёнаи аввал, ба утоқи бахши тоҷикӣ фаромадем. 

Фикр кардам, барои эҳсосоти худро идора карда натавонистанам норизоии роҳбариятро мешунавам. Аммо роҳбари бахши мо оқои Ходим гуфтанд: «Ман барномаро гӯш кардам. Гиряатонро  ҳам шунидам... Мо ҳама инсонем ва соҳиби эҳсосем. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳама барои шоири забардасти тоҷик Лоиқи Шералӣ мегирянд»...

                                                

4. Поси оромгоҳи бузургон

Ҳар шахсе ки ба Эрон меояд, албатта, мақбараҳои адибони классик – устодони сухан, олимону ҳунармандони забардастро зиёрат мекунад. Зиёрати мақбараҳои устодон Абулқосими  Фирдавсӣ дар Тӯс, Умари Хайём ва Фаридуддини Аттор дар Нишопур, Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозиву  шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар Шероз, Камоли Хуҷандӣ ва Камолиддини Беҳзод дар Табрез, Абӯ Алӣ ибни Сино  ва  Бобо Тоҳири Урён  дар Ҳамадон ҳамеша дар хотирам хоҳад монд. 

...Рӯзи истироҳат буд. Дар Ҳамадон бо духтарам  ба  зиёрати мақбараи шоир Бобо Тоҳири Урён омадем. Мардуми зиёд дар боғе, ки мақбараи шоир он ҷост, сайр доштанд,  ҳар ҷо-ҳар ҷо бо хонаводаву хешу табор гирди ҳам нишаста, сари 1 пиёла чой суҳбат мекарданд.  Бо зинапояҳо боло баромада, ба бинои мақбара ворид шудем. Он ҷо низ мардум зиёд буданд. Дар сари мазори шоир бо навбат рубоиву дубайтиҳои ӯро мехонданд. Якчанд  навозанда  дубайтиҳои Бобо Тоҳирро бо оҳанг замзама мекарданд. Мардуми боҳавсала, озодаву ҳунарманданд эрониён...

                                                          

5. Ошиқи Фурӯғ

    Замони дар курсҳои болоии донишгоҳ таҳсил намуданам, солҳои 1973, китобе ба дастам афтод, бо номи «Асир». Он бо ороиши хеле зебо дар Теҳрон чоп шуда буд. Китоб маро бо шеърҳои шоираи Эрон Фурӯғи Фаррухзод ошно сохт. Аз соҳиби китоб онро барои 1 ҳафта хоста, ҳамаи шеърҳояшро дар дафтари умумӣ бо ҳуруфи кириллӣ рӯйнавис кардам... 

Соли 1983 китоби Фурӯғи Фаррухзод бо номи «Таваллуде дигар» дар Душанбе бо хатти кириллӣ ба чоп расид. Онро донишманди тоҷик, корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон Наима Қаҳҳорова таҳия намуда, дар сарсуханаш навишта буд: «Ман солҳои зиёдест, ки дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмуаҳо бо 1 ташнагиву дилбастагӣ шеъри ӯро, ҳарфи  ӯро қатра-қатра аз дарёи ишқу завқу шӯри ҷавониаш ҷамъ кардаам»... 

Мо, ҷавонони солҳои ҳафтод-ҳаштод, ошиқи Фурӯғ будем, шеърҳояшро аз ёд мекардем. Афсӯс мехӯрдем, ки ӯ хеле барвақт, дар синни 32 дар натиҷаи садама ҳалок шудааст. Вақти мошин ронданаш хатари бархӯрдан ба автомобиле, ки кӯдакони боғча савори он  буданд, ба миён омадааст ва Фурӯғ бар ивази ҷони худ ҷони бачаҳоро харидааст. 

...Дар Теҳрон аз мошине ба мошине нишаста, то канортари шаҳр, ба мавзеи Таҷриш, хиёбони  Дарбанд мерасам. Оромгоҳи Заҳир-уд-Давла дар байни хонаҳо мондааст. Дарвозаашро занҷир кардаанд. Аз панҷараи дарвоза ба дохил менигарам. 2 ҷавонро мебинам, ки обгиракҳои дасташонро назди девор мегузоранд. Онҳоро  садо мезанам.  Аз онҳо мефаҳмам, ки оромгоҳ имрӯз барои зиёраткунандагон баста аст. Вақте мегӯям, ки аз Тоҷикистонам ва  ба зиёрати оромгоҳи Фурӯғ омадаам, аз нигаҳбон барои ман иҷозати даромаданро мегиранд. Мегӯянд, мо дӯстони Фурӯғем. Омадем, то гулу буттаву дарахтони атрофи мазорашро об диҳем... «Чӣ хуб аст, ки, - мегӯям, -ҷавонони имрӯз ҳам дӯстони Фурӯғанд»... «Фурӯг имрӯз ҳам алоқамандони зиёд дорад, - посух медиҳанд. - Ин ҷо меоянд, сари оромгоҳаш шеърҳояшро мехонанд».  Назди нигаҳбон омада бо ӯ аҳволпурсӣ мекунам. Аҷаб! Нигаҳбон зан аст. «Бачаҳо гуфтанд, ки меҳмонед, аз ин сабаб ба Шумо иҷозати вуруд додам, - мегӯяд ӯ. - Вагарна имрӯз оромгоҳ баста аст». Ба ӯ ташаккур гуфта ҳамроҳи ҷавонон сари мазори Фурӯғ меоям. Онҳо мераванд. Ман мемонам. Болои мазори Фурӯғ 1  фонуси баланд ҳасту 1 дарахт. Рӯи санги мармар мехонам:

 Ин ҷо оромгоҳи абадӣ ва хонаи Фурӯғ аст:  

Ман аз ниҳояти шаб ҳарф мезанам,

Ман аз ниҳояти торикӣ ва аз ниҳояти шаб ҳарф мезанам.

Агар ба хонаи ман омадӣ, эй меҳрубон,

Чароғ биёвар!

Ва як дарича, ки аз он

Ба издиҳоми кӯчаи хушбахт бингарам... 

Фурӯғи Фаррухзод

Фарзанди сарҳанг Муҳаммади Фаррухзод

Таваллуд - даймоҳи 1313 хуршедӣ

Марг - баҳманмоҳи 1345 хуршедӣ.

Шоирони маъруфи Эрон Эраҷ Мирзо, Малик-уш-шуаро Баҳор, Раҳии Муайярӣ низ дар ин оромгоҳ ба хок супурда шудаанд. Мақбараи онҳоро зиёрат мекунам. 

Эраҷ Мирзо (1874-1928). Ин порашеъраш рӯи санги мазораш ҳаккокӣ шуда:

Ай накӯён, ки дар ин дунёед, 

Ё аз ин баъд ба дунё оед,

Ин ки хуфтаст дар ин хок манам,

Эраҷам, Эраҷи ширинсуханам.

Мадфани ишқи ҷаҳон аст ин ҷо, 

Як ҷаҳон ишқ ниҳон аст ин ҷо.

Ман ҳамонам, ки дар айёми ҳаёт 

Бе шумо сарф накардам авқот.

Гарчи имрӯз ба хокам маъвост,

Чашми ман боз ба дунболи шумост...

...Фурӯғ аз охирин шоироне буд, ки мазораш ин ҷост. Касеро дигар дар ин ҷо намегӯронанд...                                          

 

6. «ҶУМҲУРИЯТ»  МАКТАБ БУД

Моҳи сентябри соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мукофотонида шудам. Нишони сарисинагии ин мукофотро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман супурданд. Қадр намудани хидмати 1 журналист  қадрдонӣ аз  заҳмати даҳҳо ҳамкасбонам мебошад ва ин мукофотро марбути ҳамаи қаламкашоне меҳисобам, ки дар соҳаи матбуот кор мекунанд. 

Мукофот замони муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» буданам дода шуд. Дар идораи ин рӯзнома беш аз 6 сол фаъолият доштам. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» бароям мактаби дигари журналистӣ гардид. Ин ҷо ҳамкасбонам бо масъулияти баланд кор мекарданд. Дар идорае, ки журналистону нависандагони муътабар Ғоиб Қаландаров, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар  Ёдгорӣ, Ғоиб Сафарзода, Иброҳим Усмонов,  Абдулҳамиди Самад, Сайфи Раҳимзод фаъолият доштаанд, дигар хел буда ҳам намешуд. Сармуҳаррирамон Камоли Қурбонийон (Абдураҳимов) тавонист 1 ҳайъати эҷодии воқеан асилро ташкил кунад. Заҳмати қаламкашро  хуб қадр мекард, аз рӯзгори ҳар корманди идора бохабар буд...

 Аз  ҳар 1 ҳамкорам  дар «Ҷумҳурият», бахусус  аз Фотеҳи Абдуллоҳ, Зиё Абдулло, Қурбон Мадалиев, Камоли Қурбонийон, Неъматуллои Худойбахш, Мирзои Фирӯз, Додоҷон Рӯзиев, Карим Давлат, Абдуқодири Раҳим, яъне  хурду калони идораи рӯзнома, чизе омӯхтам  ва агар ба онҳо низ хидмате карда бошам, шод мешавам. 

 Замони корам дар ин ҷо бо устод Муъмин Қаноат, бо муаллимаам Фирӯза Турсунзода духтари Мирзо Турсунзода, бо доктори илми санъатшиносӣ, устод Низом Нурҷонов, чанде дигар адибону фарҳангиён ва олимони муътабари ҷумҳурӣ мусоҳибаҳо доштам. Онҳо дар рӯзнома чоп шудаанд. Лаҳзаҳои суҳбат бо ин устодон, кори душвору ҳаловатбахши рӯи ин мусоҳибаҳо, беҳтарин соату рӯзҳои фаъолиятам  дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» буданд...                                                   

        

7. МОДАРАМ АЗ ПРЕЗИДЕНТ  1 ХОҲИШ КАРД...

Субҳи 5-уми ноябри соли 2010  модарам Рафоат Хоҷаева дар синни 85 аз дунё гузаштанд. Ҳамаи 4 фарзандашон наздашон, дар ҳавлиашон будем. Ҳавлие, ки ҳамроҳи падар сохтаанд. Муаллимони мактабе, ки дар он ҷо беш аз 40 сол кор карда буданд, ба ҷанозаашон омаданд. Дар бораашон  суханони нек гуфтанд, аз саҳмашон дар  соҳаи маориф  гап заданд. Модарам унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро доштанд. 

...Соли 1999 буд. Модарам бо гурӯҳи онҳое, ки бояд мукофотҳои давлатӣ мегирифтанд, аз Хуҷанд ба Душанбе омаданд. Ҳамроҳи ин гурӯҳ ман ҳам ба толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадам. Вақте номашонро барои гирифтани мукофот эълон карданд, назди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷоя омадем. Зеро 1 пои модарам маъюб буду метарсидам, ки аз ҳаяҷон пешпо хӯрда, наафтанд. 

Президент ба модарам нишони унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро супурданд. Модарам миннатдорӣ баён намуда, ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Писарам, аз Шумо 1 хоҳиш дорам». Президент хам шуда, гӯш доданд. «Дар мактабҳо китоб намерасад,  ҳамту кунед, ки бачаҳо бе китоб намонанд». Президент гуфтанд: «Албатта, муаллимаи азиз, ман инро медонам ва ҳама саъйи мо бар он аст, ки ҳар як бачаи  мактабхон бо китоби дарсӣ таъмин бошад». Модарам ташаккур гуфтанд ва гӯё хотирашон ҷамъ шуд. Мо ба ҷои нишастамон баргаштем.

Аз ин хоҳиши модарам дар ҳайрат намондам. Ба нафақа баромада бошанд ҳам, ба мактабашон мерафтанд, аз вазъаш бохабар буданд ва ҳамеша ғами муаллимону талабаҳоро мехӯрданд. 

Модарам – муаллимаам аз рӯзе, ки он касро мешинохтам, завуч, яъне мудири қисми таълимӣ ё худ муовини  директори мактаби №18-и шаҳри Хуҷанд  (пештар рақами 7 ) буданд. Дар ин мактаб, ки бо ҳашари умумӣ солҳои бистуми асри гузашта сохта шудаааст,  ҳамаи мо, бачаҳои маҳалла, таҳсил кардаем. Наслҳои баъди мо дар биноҳои  куҳнаву нави  он таҳсил кардаанду таҳсил мекунанд. 

 Волидонам  се фарзандашон: хоҳарам Масъуда, додарам Толибиддин ва манро  дар Душанбе, ба қавле, «хононданд».  Хоҳарам Самия дар Хуҷанд, баъдан дар Тошканд таҳсилоти олӣ гирифт. Оилаи мо зиндагии одӣ дошт. Иморатҳои сохтаи волидонам ҳам одӣ буданд. Аз падару модарам миннатдорам, ки фарзандонашонро бо маоши ҳалол дар роҳи ростиву дурустӣ тарбия намуданд. Шикамамон ҳам сер буду чашмамон ҳам...

Баъди вафоти модарам хонуми додарам аз сандуқашон  4 буғчаро бароварда гуфт: «Инҳоро барои чаҳор фарзандашон ба ёдгор мондаанд». Аз буғчаи ба ман  тақдимшуда  сӯзании дастидӯхт барои арӯсии духтарам Малоҳат баромад...

Китобҳои аввалини китобхонаамро ҳам падару модарам харидаанд... Аммо ман аз волидонам  дур мезистам ва барояшон ба қадри кофӣ хидмат карда натавонистам.  Афсӯс мехӯрам...

Таҳияи  Камоли  ҚУРБОНИЙОН,

махсус барои СССР

Аз идораи ҳафтаномаи СССР: 3-юми июни соли 2023,  Талъат Нигорӣ ба синни мубораки 70  расиданд. Устоди сухан, журналисти саршинос, соҳибқалам, бонуи ширинзабон, ширинадо, “леди”, ё худ бонуи намунавии Тоҷикро  бо ин ҷашнвора табрик гуфта, ба Муаллимаи азиз саломати бардавом, бахт, иқбол ва бурдбориҳо таманно дорем. Мо Шуморо дӯст медорем, бону Талъат Нигорӣ. 

Мо метавонем!!!

 

 

 

 

Чоршанбе, 14 Июн 2023 08:52

Нахустин Гран - Прии Душанбе оид ба ҷудо бо пирӯзии мунтахаби гӯштигирони Тоҷик ба поин расид!

Муборакамон бод! Ахиран оламиён аз паҳлавиву паҳлавониву таҳамтании Тоҷик хабардор шуданд! Ва бо хизмати кӣ? Албатта, бо хидмат, ташаббус, талош, саъйу кӯшиши бевоситаи 1 ҷавони 25-солаи Тоҷик...

02.06.2023. Гран - Прии Душанбе, бо сухангӯии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси ш.Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар ҳузури ҳазорон мухлис, 308 паҳлавон аз 41 давлати 5 қитъаи олам ифтитоҳ ёфт. 

Рустами Эмомалӣ бо забони хеле фасеҳу бурро, ки аз донишмандияш гувоҳӣ медод, бо 2 забон-Тоҷикӣ ва англисӣ ҳозиринро хайра мақдам гуфта, сабқатро дуои кушоиш дод. Мири пойтахт, ки худ варзишкори касбист, дар баромадаш қайд кард, ки тули соли 2023 паҳлавонони Тоҷик «дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби 10 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ гаштаанд!. Мири ҷавони Душанбе изҳори умедворӣ намуд, ки ин дастовард ҳатман такмил мебинад:

“Итминон дорам, ки мусобиқаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар кишвар, аз ҷумла ҷудо, кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш мусоидат мекунад ва инчунин шаъну шарафи варзиши Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардорад!».

 

Шараф ба гӯштигирони Тоҷик!!!

Дуои неки Рустами Эмомалӣ самар овард. Дар 3 рӯзи сабқат Тоҷикон барои нахустин бор дар таърихи Гран - приҳо, соҳиби ҷои аввал шуданд. Тими ҷудои Тоҷикистон дар рӯзи сеюми Гран - Прии Душанбе оид ба ҷудо 2 медали дигар ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд.

Номвардорони гӯштии Тоҷик ва Тоҷикистон инҳо шуданд:

Медали тило ва ҷои аввал:

1.Обид Ҷебов (66 кг),

2.Сомон Маҳмадбеков (81 кг),

3.Комроншоҳ Устопириён (90 кг):

Медали нуқра:

1.Темур Раҳимов (+100 кг),

2.Шодмон Ризоев (81 кг), ин паҳлавон бар тоҷик бозиро бохт, ки низ пирӯзист!

3.Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), ин паҳлавон низ бозиро бар Тоҷики узви тими Бетарафи Россия - Маҳмадбек Маҳмадбекови тоҷик бой дод.

 

Медали биринҷӣ:

1.Меҳрзод Сӯфиев (60 кг)...

Дар ҷамъ гӯштигирони мо ба буҷаи умумии мунтахаби гӯштии ҷудои Тоҷик 3920 имтиёзи олимпӣ оварданд. Дар Гран - Прии Душанбе ҷои аввал 700, дуввум 490 ва мақоми 3 соҳиби 350 балӣ мешаванд. Олимпиадаи навбатӣ тобистони соли 2024 дар Париж баргузор мешавад ва пирӯзони мо шонси хуби ба он шомил шуданро доранд. 

Муборакамон бод! 

 

Қаҳрамони пасипардагӣ

Хуб, инҳо ҳама факту далелҳои собитшудаи таъриханд. Вале пушти ин қаҳрамониву қаҳрамонҳо, корномаи 1 ҷавони сарсупурдаи варзиши миллат ва пуштибони қавии гӯштии ҷудо норавшан мемонад, ки бо иҷозату иродати хонанда, СССР онро фош месозад. Инак шинос шавед:

- Исмоили Маҳмадзоир. 25 сола (11.07.1997). Соҳибкор ва метсенат, ҳомии варзиш, фарҳанг, сарпарасти генералии дастаи футболи «Равшан» -и Кӯлоб, кумакрасони ҳамешагӣ бар маъюбу маълулон ва бечораву дармондагон, ки ҳаргиз, дар ягон ҷое, номи худро ба кумакгирандагон фош намесозад (аз ин матлаб аслан дарак надорад. Мо метавонем!). Бо ибтикори ӯ ҳамасола садҳо нафарони камбизоат ба зиёрати ҳаҷи умраву фарзӣ расида, даҳҳо нафарони дигар соҳиби манзили зист мегарданд. Фарзанди бузурги хонадони Фирӯза Раҳмон ва Маҳмадзоир Соҳибов. Муассис ва раҳбари ширкати холдингии «IM GROUP».

Ноябри соли 2022, ҳамагӣ 6 моҳ пеш Президенти федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин симат ӯ паҳлавони номдори кишвар-Нурулло Лоиқовро иваз намуд. Гуфта мешавад, Нурулло номзадии Исмоилро дастгирӣ намуд ва аз ин ҷавон умеди рушди гӯштии ҷудо дошт ва хато накард.

Ним сол ба баъд, аллакай Исмоил тавонист дар Душанбе нахустин Гран - Прии ҷудоро, ки то ин дам мухлисон ҳатто дар гӯшаи хаёл надоштанд, баргузор намояд. Ва хеле дар сатҳи воло! Масъулини ҷудои ҷаҳонӣ аз ин чорабинӣ, ки дар сатҳи олитарин баргузор шуд, хушбин шуда, тасмим гирифтанд, дигар Гран - При ва ҳатто Гран - Слаломи ҷудоро дар Душанбе матраҳ кунанд. 

Рӯиҳамрафта, дар соате, ки дар Россия сари Тоҷик мақомот ситами матраҳшуда мекашиду мехост Тоҷикро хору залил нишон диҳад, тамомии расонаҳои хабарии хориҷӣ, бо шумули ВВС, CNN, Евронюс ва тамомии шабакаҳои варзишии ҷаҳонӣ, хосса русӣ дар бораи Гран - Прии Тоҷикистон мегуфт ва паҳлавонҳои Тоҷикро ситоиш мекард. Ва ҳарчанд дар ин гирудор бо «муқтазои табиат» Озодӣ камкор буд, вале онҳо ҳам натавонистанд, ин пешравии варзишкорони Тоҷикро нодида гиранд. Вале гузоришҳояшон онгуна сард буд, ки ту гӯӣ тоҷик неву душманони ишон дар ин Гран - При пирӯз омада бошанд (боз шумо аз ин ниҳоди хабарӣ умед доред???).

Дар ҷамъ ин Гран - При муваффақияти бевосита ва чашмрастарини Исмоили Маҳмадзоир, набераи дӯстдори Президенти ҶТ гардид:

 МАКТАБИ БОБО...

Брависсимо, Исмоил. Кош ҳар бобо чунин набера медошт!!!

Мо метавонем!

 

Чоршанбе, 14 Июн 2023 08:47

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. 

Озмуни мазкур дар асоси натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2022, аз рӯйи номинаи додани қарз/маблағгузорӣ, ҷалби пасандозҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва додани кафолати бонкӣ ташкил гардида буд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар номинаи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ яке аз ҷойҳои ифтихориро касб намуда, соҳиби ҷоиза гардид. 

Ташкил ва баргузор намудани озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” барои васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди минбаъдаи соҳибкории бонувон ва ҷалби бештари занону духтарон ба низоми бонкию молиявӣ бевосита мусоидат хоҳанд кард.

 

Иштироки гурӯҳи кории КВД БА ҶТ "Амонатбонк" дар чорабинии табодули таҷриба дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус

Санаи 11-12 майи соли ҷорӣ гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"" таҳти роҳбарии Муовини Раиси Раёсати Бонк мӯҳтарам Сайфзода Шаҳло Ҷамол ҷиҳати иштирок дар чорабинии табодули таҷриба дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо ташаббус ва даъвати роҳбарияти ҶС  "Беларусбанк" баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинии мазкур, роҳбарияти ҶС "Беларусбанк" ташрифи ҳайати расмии Амонабонкро хуш пазируфта аз ҳамкориҳои байни бонкҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сипас аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохтории Беларусбанк рӯнамоиҳо дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла: Стратегия рушди Беларусбанк, бизнеси байналмилалӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, амалиётҳои ҳуҷҷатнигорӣ, барномаи дастгирии потенсиали содиротии Белорус, раванди рақамикунонӣ, рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва кортҳои бонкӣ баргузор гардида, саволу ҷавобҳо вобаста ба мавзӯъҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, санаи 12 май тибқи барномаи чорабинии мазкур, гурӯҳи кории Амонатбонк ба яке аз филиалҳои ҶС "Беларусбанк", ки дар шаҳри Минск қарор дорад ташриф оварда аз рафти ҷараёни корӣ ва ташкили кор бо мизоҷон дидан намуданд. Илова бар ин, бо ташаббуси роҳбарияти Беларусбонк, ҳайати расмии Амонатбонк ба Корхонаи истеҳсолии автомашинаи "БелАЗ", ки яке аз муштариёни асосии ҶС "Беларусбанк" ба ҳисоб меравад, ташриф бурда аз ҷараёни истеҳсолоти автомашинаҳои БелАЗ дидан намуданд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур ба иштирокчиён чорабинии табодули таҷриба аз ҷониби роҳбарияти ҶС "Беларусбанк" Сертификатҳо тақдим карда шуд.

Дар маҷмуъ мавзӯъхое, ки дар кори чорабинии табодули таҷриба мавриди баррасии иштирокдорон қарор дода шуданд, ба талаботҳои имрузаи ҷаҳони муосир ҷавобгӯй буда, ҷиҳати дар ин самт ба роҳ мондани фаъолияти Бонк ва филиалҳои он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

 

Иштироки кормандони Амонатбонк дар Рӯзи дави миллӣ

Ҳамасола бо иштироки кормандони вазорату идораҳои давлатӣ рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар кишвар Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. Имсол низ ин чорабинии варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он теъдоди зиёди иштирокчиён бо омодагии хос ба давидан машғул гардиданд.

Дар чорабинии варзишӣ, ки бахшида ба Рӯзи дави миллӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар баробари дигар вазорату идораҳо кормандони КВД БА ҶТ “Амонатбонк ” низ фаъолона ширкат намуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиши велосипедронӣ пеш аз дави миллӣ мусобиқаи велосипедронӣ низ баргузор гардид.

Кормандони Амонатбонк бахусус насли ҷавон, дар баробари фаъолияти соҳавӣ ба варзиш ва дар ин замина солимии хеш эътибори чиддӣ зоҳир намуда, мунтазам дар мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

 

Либоси миллӣ нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллии тоҷикон

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.

Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ, имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст.

Занону бонувони Амонатбонк низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чаканро ба бар намуда, дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд.

Пос доштани як ҷузъи фарҳанги хеш, либоси миллии тоҷикона, ки таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат маҳсуб меёбад барои ҳар як зан, бонуи тоҷик шарт ва зарур аст.

 

Таваҷҷуҳ!

Шаҳрвандони азиз, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва мабла ғҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар қонунигардонии маблағҳо ва дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Шахсоне, ки мехоҳанд маблағҳояшонро қонунӣ гардонанд, метавонанд дар Амонатбонк суратҳисоби пасандозии муҳлатнок ва ё амонатҳои тодархостӣ бо пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ кушоянд. 

Агар маблағи Шумо ҳамчун “Пасандози муҳлатнок” дар Амонатбонк гузошта шавад, даромади фоизии он таҳти андозбандӣ қарор намегирад.

Барои гирифтани маълумоти бештар ба филиалҳои Амонатбонк ё маркази тамос муроҷиат намоед.

1885, (+44) 600 00 34, 44 600 90 29

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 5

Китобҳо

Flag Counter