Ин ҳафта ба зодрӯзи яке аз шахсиятҳои машҳури ҷаҳон, Пешвои Ҳизби Коммунисти ҷаҳон Владимир Илич Ленин 153 сол пур шуд. Аз ибтидои асри XX то кунун дар бораи кору фаъолияти пинҳонкорӣ, Инқилоби Октябр, асарҳои мондагори ӯ гуфтаанд, ки гуфтаанд, ки ҳад надорад.
Миёни халқ сухане ва ё ҳикматест, ки бе ризоияти Парвардигор ҳар кор, шахсияте, коре ва ё хайр будан наметавонад, пас биёеду хулоса бубарем, ки тавлиду дар як давраи таърихӣ, асри XIX-XX ва баъд ҳам мавҷудияти чунин як шахсияти таърихӣ - В.И. Ленин бе гап набудаасту нахоҳад буд.
Дар бораи Ленин чунон гуфтаанду навиштаанд, ки боз ҳам аз куҷо ва чи гуфтан ба кас душворӣ меорад. Ин раҳ ба худиву бегона (ҳизбиёни имрӯза ва ғайриҳизбиҳо дар назар аст), гуфтаниям, хоҳед ва нахоҳед ҳам чунин як шахси таърихӣ, пешвои коммунистони дунё буд, ҳаст ва мемонад. Зеро дигар илоҷ надоред. Ин таърих аст ва онро бо табару тири фалахмон ва ё тири муқтадири «Искандар» низ маҳв кардан наметавон. Вассалом!!!
Мубориз
Ленин тамоми ҳаёти пурсамари худ, қатъи назар аз ҳабс, бадарға, террор баҳри рӯзгори беҳини аҳли заҳмати дунё зист ва мубориза бурд. Вай барои беҳбуд бахшидан ва зиндагии осоишта доштани синфи коргару деҳқон зист ва ҳаёти худро бахшид. Вай тамоми ҳаёти хешро ба кори азим ва наҷиб - ба мубориза баҳри аз зулму истисмор, озод намудани синфи коргар ва тамоми аҳли меҳнат, барои дигаргунсозии ҷамъият бахшид...
Эҷод
Аммо баъд. В.И. Ленин ва эҷоди ӯ. Ин паҳлуи рӯзгори доҳиро ҳиҷ наметавон сарфи назар кард. Эҷоди ӯ дар давраи донишҷӯӣ дар Россия ва Аврупо, ҳини дар бадарға будан, ё ҷойи дигар ӯ менавишту менавишт. Ва ҳамсафону пайравон ва касони дигарро аз паи худ мебурд. Ленин воқеан ҳам як шахси пазируфта, пешвои як ҳаракати азими дунё, олим, журналист ва нависандаи нотакрор аст. Инро бояд эътироф кард, хоҳем ё нахоҳем. Ӯ нобиға буд ва мемонад, инкор кардани таърихи як давраи муайян ҳич имкон надорад. Дар калаи холӣ фикру зикр, андеша ба вуҷуд намеояд…
Асарҳои Ленин
Ба қавли муҳаққиқон, ҳизбиёни воқеии садаи XX ва имрӯз ҳам асарҳои В.И. Ленин дорои сарвати бузурги идеявию назариявӣ мебошанд. Онҳо афкори инқилобӣ ва амалиёти инқилобӣ дониста шудаанд. Ин ҷо зикри чанд асари доҳии пролетариати ҷаҳонро аз давраи аввали кориаш ба зевари табъ мекашем: «Дӯстони халқ чист ва онҳо ба муқобили сотсиал – демократҳо чӣ тавр меҷанганд?»
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар