ХАБАРИ ДОҒ

Мани маъюб чӣ хел андоз супорам?

  • Панҷшанбе, Май 26 2016

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумии мо. Ман маъюби гурӯҳи 2 ҳастаму мухлиси ашаддии Ту! Писарам низ маъюби гурӯҳи 2 ва ҳоло дар беморхонаи рӯҳии н.Рӯдакӣ хоб аст. Мо-маъюбон бояд тибқи қонунҳои ҷории кишвар аз супоридани налоги хона озод бошем, аммо дирӯз аз андози ноҳия аз ман талаб карданд, ки 13% налоги хонаро оварда супорам. Ман ҳамагӣ 200 сомонӣ нафақа дорам, писарам ҳам маъюб, пас чӣ хел ва аз кадом ҳисоб андози хонаро супорам? Ман то имрӯз аз супоридани андоз озод будам ва ягон хел тиҷорат надорам, охир. Зиндагии ман қашшоқона аст, аммо чаро масъулини соҳа инро ба назар намегиранд? Аз Нусратулло Давлатов-раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба мушкили ман расидагӣ кунад. 

Аббосалӣ Ҳамроев,

маъюби гурӯҳи 2-и Армияи Шӯравӣ,

н.Ваҳдат, шаҳраки Наврӯз, Тел: 93 500 50 93

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter