ХАБАРИ ДОҒ

Салом, СССР! Дирӯз ба ДДК ба номи А.Рӯдакӣ рӯйхати чанде аз омӯзгорон омад, ки аз нозироти андоз «қарздор» будаву раёсати ДДК аз мо талаб кард, ба таври зӯрӣ бояд ин маблағҳо гирифта шавад, ё аз маблағи шумо дар бухгалтерия медоранд.

Дар ҳоле, ки ун маблағҳо аз 400 сомонӣ дида зиёд буда, омӯзгори бечора аз 250 то 500 сомонӣ маош дораду барои рӯзгор басанда нест. Магар нозироти андоз салоҳият дорад, рӯйхати омӯзгорони аз андоз қарздорро ба ДДК фиристад? Магар раёсати ДДК салоҳият дорад, ки иҷборӣ маблағҳои моро ба нозироти андоз супорад? Имрӯз дар дилхоҳ нашрия аз бемасъулиятии андоз мехонем. Оё аз ин кирдори ношоистаи нозирот худи раиси Кумитаи андоз огоҳ аст?

Аъзам Бобоев,

омӯзгори мактаби №7, ш.Кӯлоб, тел: 98 589 08 60

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter