ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Табака хӯр!

  • Сешанбе, Июн 07 2016

 

Бо супориши редаксия аз идора баромада, сӯи қаҳвахонаи «Дидор», ки дар байни сокинон ва меҳмонони пойтахт бо номи «Табака» машҳур аст, роҳ пеш мегирам. Қаҳвахонаи «Дидор» дар чорраҳаи назди вазорати тандурустӣ ва Хадамоти гумрук қарор дошта, ҳанӯз аз давраи шӯравӣ фаъолият дорад ва дар тамоми ин солҳои фаъолият маззаи мурғҳои бирёншудаи он таъми худро иваз накардааст ва ин бартарияти ягонаи «Дидор» аст. Ба ҷуз лаззати табака, дар «Дидор» дигар ҳама чӣ бо маънои томаш «мелангад».

 Толори торику курсиҳои дарида

Барои мизоҷон ҳам дар берун ва ҳам дар дохили «Дидор» мизу курсӣ мондаанд. Чун дар берун гарм буд, ба толори қаҳвахона даромадем. Толор нимторику аз бӯи сигори мизоҷон ва равған ҳавои он вазнин шуда буд, лек мардум бепарво нишаста сӯҳбат мекарданд ва ба назар мерасид, ки ҳама ба бӯи ғализ одат кардаанд. Мо 1 мизи холӣ ёфта, нишастем: рӯи миз бо дастархони зардранг ва аз рӯи он рӯйкаши селофанӣ кашида шудааст, ки часпак буда, маълум, ки пас аз меҳмони қаблӣ саросема тоза карда шудаасту доғи оби рӯи лаъличаҳо ва чангаку кордчаҳо низ баръало намудор. На танҳо курсиҳои мо, балки курсиҳои тамоми кӯҳна ва дарида буданд. Рӯйкаши курсиҳои кушоду васеи давраи шӯравӣ, ки дастаҳояшон чӯбӣ буд, пурра даридаву ба назар мерасид, барои маъмурияти қаҳвахона ин 1 муқаррароти оддист ва касе дар фикри иваз кардану таъмири онҳо нест. Мӯҳтарам, директори қаҳвахонаи «Дидор», мо то кай дар курсиҳои кӯҳнаву фарсуда, шикастаю даридаи шумо мешинем!?

 Либоси ягона нест!

Бо дастуру супориши раиси ш.Душанбе М.Убайдуллоев тамоми кормандони соҳаи хизматрасонӣ бояд либоси ягонаи махсус дошта бошанду ҳамеша ба бар кунанд. Ин дастур ҳанӯз 1 сол пеш дода шуда буд. Аммо роҳбарияти қаҳвахона аз ин дастури Убайдуллоев сарфи назар карда, то ҳол ба тан либоси гуногун-касе чизе хост, ба бар кардаанд. Алалхусус, пешхизматон куртаҳои сурху сабзу кабуду зард пӯшидаанд ва ёбу гир, ки кадоме пешхизмат асту кадоме меҳмон. Роҳбари қаҳвахонаи «Дидор», ки мегӯянд собиқ милиса аст, бояд донад, барои ҳар 1 муассисаи соҳаи хизматрасонӣ дар ҳудуди пойтахт иҷрои дастур ва супориши раиси ш.Душанбе бояд қонуни №1 бошад!

 Мизҳои шикофу арчаҳои хушкшуда

Мо ба пешхизмат 2 порс табака, нону чой супориш дода, дар интизори хӯрок ба толори қаҳвахона, беруни он ва ошхона нигаристем. Дар беруни қаҳвахона аз 2 тараф 4 мизу курсии пластикӣ гузошта шуда, чӯби соябони ҳар 1 мизро аз байни сӯрохшудаи миз гузаронида, сипас ба болои он чатр гузоштаанд. Бо ҷумбидани миз ё курсӣ чӯби соябон низ ин сӯ-он сӯ шуда мизро хаму рост мекунад ва хӯрок рӯи миз рехта, ин ҳолат меҳмонро асабонӣ мекунад. Дар беруни қаҳвахона бошад ҳар гуна буттаву гулу гиёҳ ва дарахтони ҷавони арчаро шинонидаанд. Гулу буттаҳо сарсабз, аммо арчаҳо дар ҳолати хушкшавӣ қарор дошта бо намуди зардранги худ берунаи қаҳвахонаро коста мегардонанд.

 Антисанитария ва пешдомани чармии ошпаз

Бароямон дидани ошпази қаҳвахона, ки ба тан куртаи рах-рах дошту ба бар пешдомани сиёҳи чармин карда пушти плитаи гарм меистод, хеле аҷиб ва хандаовар намуд. Шояд ин ҷо сирри махсус аст, мо намедонем, вале дар гармии беш аз 30 дараҷаи берун ва беш аз 100 дараҷаи плита, ба бар кардани пешдомани сиёҳи чармин ба назарамон ғайриқобили қабул аст. Чаро ошпази қаҳвахонаи «Дидор» хилъати сафед, кулоҳ ва пешдомани сафед ба бар намекунад? Магар аз қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ огоҳ нест? Огоҳ нест, ки дохили ошхона, ҷое, ки хӯрок пухта мешавад, ифлос, хӯришу салатҳои рӯи ҳам партофта, мурғҳои пухтаи зери ҳам дар ҳарҷо-ҳарҷо гузошта шуда, бӯи ғализи равған, либосҳои дар назди плитаи пухтупаз овезон, пакетҳои селлофание, ки аз гармии плита бӯяшон баромада аз худ моддаҳои зарарнок бухор мекунанд, пакетҳои нон дар рӯи фарш аст: Ҳақиқати ҳол! Ошпаз бо дастонаш мурғро гирифта рӯи табақ мемонад, сипас равғани дастонашро лесида боз бо ҳамон дастон аз пакетҳои селлофанӣ салати карамӣ гирифта ба паҳлӯи мурғ мемонаду боз дастонашро лесида кабудии реза ва сирри хурдшуда мепошад… Баъди дидани ин ҳолат шавқи хӯрокхӯрӣ рафту мо қариб ки ба мурғҳои овардаи пешхизмат нигоҳ накардем. Аз ӯ хоҳиш намудем, ки табакаҳоро бароямон печонида диҳад. Ба ӯ 54 сомонӣ пардохт карда баромада рафтем… Ошпаз бошад ба ҷои дар тозагӣ нигоҳ доштани макони пухтупаз, 10 маротиба ба берун мебарояду медарояд-гоҳе аз дари пеш ва гоҳе аз дари ақиб. Духтурони санитариву эпидемиологии маҳал ба куҷо нигоҳ мекарда бошанд бо ин вазъи ошхонаи қаҳвахонаи «Дидор»? Хайрият, ки меҳмонон дар кадом шароит бирён шудани табакаро намебинанд, вагарна ин қаҳвахона кайҳо баста мешуд. Антисанитария дар ин ҷо ҳукмфармост!

Мину Аминзода, 

СССР, аз қаҳвахонаи «Дидор»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter