
Дуруд ба газетаи мардумии СССР ва кулли ихлосмандонаш! Дар арафаи Иди Наврӯз 1 олими ситорашинос тариқи телевизион баромад карда гуфт, ки имсол Наврӯз на 21 март, балки 20 март соати 10:40 дақиқа вориди Тоҷикистони азиз мегаштааст. Надо же! Мо доштаем-ку мунаҷҷимони зӯр!!! Газетаи СССР бошад 2 сол боз дар бораи субҳи козибу субҳи содиқ баҳс мекунад, аммо ҳама хомӯш!!!
Холбой Имомов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Бохтар
Аз редаксия: Мо ба тақвими ҷадиди рамазонии Шӯрои уламои фиқҳ ва Муфтиёти Тоҷикистон низ, ки дар саҳ-20 нашр мешавад, розӣ нестем. Зеро бо чашми сар ҳама мебинему шоҳидем, ки субҳи содиқ соати 04:08 дақиқа медамад! Вале ба кӣ мегӯӣ? Ин муллоҳои мо умуман бо олимони Академияи Илмҳои Тоҷикистон, ки сарвараш физики шинохта аст, машварат ҳам намекунанд, ба пиндори мо. Мавзуъро мо пайгир мемонем ва талош хоҳем кард, ки 40-50 дақиқа вақти дуздидашудаи мусалмонҳои кишварро ба мардум баргардонем. Мо Метавонем!





