
Дуруд, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Ман аз Ҳукумати кишвар, аз садри Кумитаи дин эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар масъалаи таъйини имомхатибон иштибоҳ накунанд. Бояд муллоҳоеро дар ин маснад баргузинем ва биншонем, ки ҳадди ақалл номзади илми динӣ дошта, дар бораи дин рисолаву асарҳо чоп карда бошанд. Ҳамчунин донандаи астрономия ва физика низ бошанд. Танҳо дар ин сурат мо аз муллоҳои маҳалбозу мағалбоз, бесаводу хурофотпараст тоза мешавем. Бигзор тамоми муллоҳо дар ин ҷода имтиҳони давлатӣ супоранд. Яъне бо роҳи ҳалол вазифаро гиранд. Пас аз ҷониби Ҳукумат ба онҳо Дипломи имомхатибӣ дода шавад. 2.Леваканд номи қадимаи шаҳри Қӯрғонтеппа аст ва маънояш: Лаби канал. Дар ҳақиқат, аз мобайни шаҳр канали оби калон мегузарад ва водии Вахшро пурра бо об таъмин мекунад. Маънои канал ҷӯйбори кандашуда аст. Ман аз раиси шаҳр-Амирулло Асадулло эҳтиромона хоҳиш дорам, ки номи қадимаи Қӯрғонтеппаро баргардонад…
Асадуллои Бохтарӣ,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Бохтар





