
Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Банда ҷамъбасти лоиҳа-озмуни «25 тоҷири муваффақ»-ро бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ сидқан барои хонандагону мухлисонаш таҳният мегӯям. Яке аз туҷҷори муваффақ ва кордон Акбар Ғуломов, фарзанди раҳматӣ Асадулло Ғуломов аст. Ӯ, яъне Акбар дар ноҳияи Ёвон, дар соҳаи саноату маориф хизматҳои арзанда кардааст. Ногуфта намонад, ки ӯ аз ҷониби Президенти кишвар соҳиби унвони давлатӣ ва ҷоиза ҳам гардид. Ин боиси ифтихори мост. Мо бовар дорем, ки Акбар дар ин лоиҳа-озмуни СССР ҷои намоёнро касб мекунад.
Сарахон Ғиёсов,
н.Ёвон, тел: 93 458 93 18





