ХАБАРИ ДОҒ

Гулмурод Ҳалимов (боз?) мурд!!!

  • Душанбе, Апр 24 2017


Нашрияи англисии "Times" бо такя ба манбаъҳои ироқии худ хабар дод, ки собиқ полковники ВКД ҶТ, Гулмурод Ҳалимов-“вазири ҷанг”-и ИГИЛ ҳафтаи гузашта дар шаҳраки  "17 июл”-и шаҳри Мосул ҳангоми ҳамлаи ҳавоии коалитсияи амрикоӣ кушта шудааст. Бо шунидани ин хабар, аксарият бар худ суол карданд: БОЗ МУРД? Зеро бори чандум аст, ки Гулмуроди хоин аз тири амрикоиҳо ба марг мерасад, аммо ҳеҷ не, ки кушта шавад! Дар пайи нашри хабари "Times" аз ВКД ҶТ гуфтаанд, ки хабарҳои нашршуда дар бораи кушта шудани полковник Гулмурод Ҳалимовро таҳқиқ мекунанд, вале то тасдиқи расмии маргаш ӯ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд, зеро то ҳанӯз далели кофӣ барои қатъи дело ва ҷустуҷӯи ӯ вуҷуд надорад. Ба забони дигар мақомоти мо ба амрикоиҳои ҳамтояшон бовар надоранд!

Гулмурод 730 рӯз пеш мурда буду...
Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз 2 сол пеш хабаргузориҳои арабӣ гузориш дода буданд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН ВКД ҶТ, собиқ полковники милиса ва ҳамакнун собиқ ҷангии баландовозаи Давлати исломӣ, шоми ҷумъаи 19.06.2015 бар асари мушакандозии Артиши Сурия, дар мавзеъи Дайр-уз-Зори шаҳри Муҳассани Шом кушта шудааст:
-Гулмурод Ҳалимов бо вазири ҷанг-Абу Умар аш Шешонӣ (Чеченистонӣ), яке аз раҳбарони аршади Давлати исломӣ, шоми 19.06.2015 аз масҷиди марказӣ ба Ҳувайҷат ал-Мураййя рафтаанд, то он ҷо 2 корвони мошини силоҳро пешвоз гирифта, ба базаи низомии ҳавонавардии Дайр уз Зор ҳуҷум кунанд. Соати наздик ба 23:00 дар биное, ки саркардагони террористон мақар доштанд, таркиши сахте ба вуқуъ мепайвандад. Бар асари ин таркиш Гулмурод Ҳалимов мурда, Абу Умар аш Шешонӣ захми сахт мебардоранд.
Мақомоти Тоҷикистон ба ин хабари ТВ Сурия бо шубҳа нигаристанд. Он замон хабари марги Гулмуродро касе таъйид накард. Аммо факт ин буд, ки ӯ аз радарҳои таблиғотии расонаҳои интернетии экстремистӣ ғайб зад.
Инчунин, ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ, нашрияҳои туркии "Takvim” ва "OdaTV” бо нашри 1 гузориш ва бо такя ба маълумоти мақомоти амниятии Ироқ хабар доданд, ки собиқ раҳбари ОМОН ВКД ҶТ-Гулмурод Ҳалимов дар минтақаи Мосул, дар шимоли Ироқ вазорати ҷанги ДИИШро бар дӯш гирифтааст. "Takvim” ва "OdaTV” гуфтанд, ки самолетҳои коалитсия зери раҳбарии Амрико 3 дафъа Гулмуродро ҳадафи ҳамла қарор додаанд, вале ӯ дар 3 ҳолат ҳам гурехта зинда монд. Ҳамчунин, "Takvim” Гулмуродро 1 нафари хеле огоҳ аз тактикаи ҷангӣ ва фармондеҳи қавӣ номидааст...
Ба қавли "Times" маҳаллаи "17 июл” яке аз паноҳгоҳҳои охирин дар Мосул аст, ки аксари фармондеҳони ДОИШ ва аъзои даҳҳо хонаводаи ҷангҷӯёни ин созмонии тундрав дар ҳамин ҷо руст мешаванд. Ба гуфтаи манбаи "Times", Гулмурод масъулияти ташкили мудофиаи ҷангҷӯён дар фронти Мосулро бар ӯҳда дошт ва дар пушти садҳо ҳамла бо мошинҳои бомбгузоришуда ба зидди нирӯҳои эътилоф маҳз ҳамин афсари дар Амрико тамриндида аз Тоҷикистон меистод. Дар моҳи январи соли равон аз хадамоти амниятии Ироқ хабар дода буданд, ки Абӯбакри Бағдодӣ, "халифа”-и худхондаи ДОИШ Гулмуродро фармондеҳии ҷангҷӯён дар ҳар 2 фронти шарқӣ ва ғарбии Мосул таъйин кардааст.

Гулмуродро ким тайёр карда буд?
Ёдрас мешавем, полковник Гулмурод Ҳалимови 42-сола, ки фармондеҳии ОМОН-ро бар дӯш дошту дар мактабҳои махсуси Русияву Амрико тамрини зиддитеррористӣ гирифта буд, санаи 23.04.2015 ба таври мармуз аз хона берун шуда, 34 рӯз пас, рӯзи 27 май бо нашри 1 навори видеоӣ аз пайвастанаш ба гурӯҳи ДИИШ дарак дод. Ӯ қабл аз фирор ба ҳамсараш 900 сомонӣ дода гуфтааст, ки зуд бармегардад. Дар моҳи майи соли 2015 дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки дар он Гулмурод аз фирораш ба Сурия ва пайвастанаш ба сафи созмони ифротии ИГИЛ хабар дод. Дар пайи ин навор мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми "зархаридӣ” делои ҷиноӣ кушода, Ҳалимовро аз тариқи Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Хешони Гулмуроди муҷоҳид дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, ки ӯ ҳини берун шудан аз хона нагуфта буд, ки куҷо меравад.

Падар оқ карду занаш рафт
Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод чанде қабл ба хабаргузориҳо расман гуфт, ки писарашро оқ кардааст: “Аз баҳри писари хиёнаткор гузаштам ва дигар бароям муҳим нест, ки ӯ дар чӣ ҳол қарор дорад.”
Аммо баъди чанд моҳи фирори Гулмурод хабар расид, ки ҳамсари ӯ Ҳумайро Мирова-сухангӯи собиқи Хадамоти гумруки ҶТ, афсари баландрутбаи милиса ва гумруки Тоҷик, ҳамроҳ бо фарзандонаш фирор карда, ба Ҳалимов пайвастааст. Баъдан, баҳори соли 2016 Амрико эълон кард, ки барои ҳар навъ маълумоте, ки ба боздошт ва ё аз байн бурдани Гулмурод бирасонад, 3 млн доллар ҷоиза муқаррар кардааст. Тобистони соли 2016 бошад матбуоти арабӣ навишт, ки Гулмурод дар "ҳукумат”-и созмони ифротии ИГИЛ ба ҷои ҷангии чеченитабор-Умари Шешонӣ (чеченӣ) ба мақоми "вазири ҷанг” таъин шудааст.

Нафаре, ки мемираду намемирад
Таври маълум, тибқи хабарҳо Гулмурод дар соли гузашта, бар асари 1 ҳамлаи мушакии Башшор Асад дар Сурия кушта шуд. Аммо баъдан дар наворҳо тани захмини ӯ пайдо мешуд, ки сухан намекард. Ин дар ҳолест, ки марги Гулмуродро, ки дарёфту безараргардониаш кори ҷонии милитсияи Тоҷик шудааст, мақомоти кишвари мо ягон бор тасдиқ накард. Ва дуруст ҳам кард, зеро ӯ мисли «Кошей Бессмертный» боз месабзиду зинда мешуд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони масоили мубориза бо терроризм Гулмуродро ба далели тамринҳои вежаи дар Амрико ва Русия гирифтааш 1 мӯҳраи муҳим дар фармондеҳии воҳидҳои ҷангии ИГИЛ мешумурданд.Мақомоти Тоҷикистон бар зидди Гулмурод Ҳалимов бо иттиҳоми зархаридӣ, хиёнат, терроризм ва ширкат дар амалиёти ҷангӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Агар ӯ ба даст уфтад, ҳадди ақалл 20 солро паси панҷара мегузаронад. Вале агар ба даст афтад...


Муҳаммад Амин
хос барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter