Баъдан, мехоҳам, чанд ҷумла дар бораи сару либоси проарабӣ ва ришҳои бенладенӣ гап занам. Ман Тоҷикам ва тамоми анъанаҳои Тоҷикиро дӯст медорам. Беҳтарин касе, ки дар бораи муқаддасоти миллии Тоҷикӣ гуфтааст, Ҳаким Фирдавсии Тӯсист… Ман аслан тарафдори риши кӯтоҳам. Хуб мешуд, ки ришро то синни 70-солагӣ намонанд. Баъд аз синни 70 иҷозат бидиҳанд. Агар ин ҳукумат ба дасти ман мешуд, аниқ ришдорони то 60-соларо налог баста, сарҳадро барои либосҳои покистонӣ комилан мебастам! Ин мисли қонуни Петри Кабир аст. Бигзор Ҳукумати Тоҷикистон тоҷиронеро, ки либосҳои бегона-арабиву покистониро ба кишвар ворид мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад, вале чун ислоҳ нашуданд ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд. Мо Метавонем! Чаро не?!
Ҳафиз Исмоилов, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Варзоб






