ХАБАРИ ДОҒ

Чаро Сангак ба Хоруғ ҳуҷум накард?

  • Чоршанбе, Нояб 07 2018

Вақте Файзалӣ Саидов пеши Сангак қариб ба зону зада мегуфт, «Дед! Иҷозат деҳ 3 рӯз ақаллан ба Хоруғ даромада «чистка» кунам», пешвои Фронти халқӣ, ки бераҳмии писархондашро медонист, қатъан посухаш дод: «Только через мой труп!»
Коршиносон мегӯянд, яке аз сабабҳои қатли Сангак ҳамин пуштибонияш аз мардуми бумии Бадахшон шуд…

Ёқуб ба Самарқанд, Саидшо ба Кобул, Файзалӣ ба Бадахшон
Ин ҳоло метавон ҳадс заду ин даъвои пешвоёни Фронти халқиро сафсатта хонд. Аммо дар солҳои 1992-93 онҳо «духи ғолиб» доштанд. Барои бачаҳои Фронти халқӣ мурдан дар ҷанг ШАРАФ буд. Ин аст, ки Ёқуб Салимов тариқи ТВ даъват мекард, ки Самарқанду Бухороро даромада мегираду Саидшо Шамолов ба Афғонистон даромада, даб-далаи Гулбиддин Ҳикматёру Толибонро бароварда, ба гуфтаи худаш ба «бародараш Аҳмадшоҳи Масъуд кӯмаки низомӣ карда»-ву Кобулро аз муҷоҳидин поккорӣ намуд.
Дар зимн, агар Сангак намебуд, 100% ҷанги қотил ба Бадахшон мерафт. Тавассути Файзалӣ, ки чун Гестапо дар Хатлону Душанбеву Ваҳдату Ғарм…«чисткаи-ба таъбири худаш- вовчикӣ» мегузаронид, Фронти халқии Қӯрғонтеппа бояд ба Хоруғ мерафт. Танҳо тасаввур кардан даҳшатпазир аст, ки Сангак иҷозат медод, дар ин кӯҳманзар чӣ қадар хун мерехт.
Матлаби зер дар ҳамин бора қисса мекунад. Мо Метавонем!

Нутқи охирини Бобои Сангак дар бораи Помир
Дар анбори шабакаи ҷаҳонии GOOGLE, дар сомонаи Ютуб 1 видеоролик зери чангу ғубори таърих «хоб» аст. Ин сабти 1 соату 34 дақиқаӣ санаи 5.01.1993, дар зодрӯзи Файзалӣ Саидов бардошта шудааст. Дар оғози навор гурӯҳи силоҳбадастон-бачаҳои Файзалӣ бо кафкӯбӣ ва бо навбат Файзалиро гирд карда, зери навои суруди «Кӯлобибача» мерақсанд. Ва марде дар даст аккордеон менавозад ва микрофон вуҷуд надорад. Ҳамин дам Файзалӣ бо ҳуштаки баланд сарояндаро хомӯш медорад ва ба атрофиён ишорат мекунад, ки ягон кас сухан ё табрикоте дорад, марҳамат ба минбар. Барандаи зодрӯз ба ҳозирин мегӯяд:
-Касе, ки аз бачаҳои совхоз (зодгоҳи Файзалӣ) аст, биёяд, марҳамат сухан кунад.
Ҳама бо 1 овоз «Саидумар»-ро мекобанд, то ки биёяд табрикоти худро гӯяд. Саидумарро меёбанд ва ба трибуна мебароранд. Баранда боз таъкид мекунад, ки «Саидумар-бародари мо аз «Совхоз» гап мезанад. Бачаҳо, ҳамин рӯз рӯзи хурсандӣ аст, хап кунед. Марҳамат, Саидумар».
Чун ҳозирин дар ғалоғула буданд, Саидумар тӯдаро нахуст ба назму хомӯшӣ даъват мекунад:
- Хайр, бачаҳо ҳамин тартибу интизомро камтарак риоят кунед. Барое, ки имрӯз командири мо, гӯё падару модари мо, ки зиёдтар аз 7 моҳ ба ӯ итоат кардем,  Файзалӣ зодрӯз дорад. 1 бор бачаҳои «Совхоз»-ро имконият додаанд, ки сухан кунанд. Ва мо сухан мекунем. Мо аз номи ҳамон бачаҳое сухан мекунем, ки сухан нокарда аз дунё гузашта рафтанд. Мо аз номи ҳамонҳое сухан мекунем, ки ҳич вақт дар кадом лаҳзае набошад, онҳоро аз ёд намебарорем. Мо бо имконияти ҳамонҳо ба ин дараҷа расидагием: Аз пушти Файзалӣ!!! Мо қатии Файзалӣ хеста будем ва моро то «Собрыбсовхоз» аз пуштамон сур карда оварданд. Именно, ҳамин Файзалӣ буд, ки рафт аз Кӯлоб 1  БТРу БМП овард, лекин 3-тои дигар аз ин ҷо танка баровард. Ҳамин Файзалие буд, ки қати бачаҳояш вовчикҳоро аз ин ҷо дафъ кард. Лекин ман мехоҳам, ки имрӯз ҳамин Файзалиро, ба гуфти бобои эшон, дар номаш садқа, агар гапаш туғрӣ барояд, 120 солро бубинад, ягон кӯдаки мо хориро набинад. Файзалӣ зинда бошад, мо зиндаем!!! Мо бо Файзалӣ зиндаем!
Ҳозирин бо кафкӯбию ҳуштаккашӣ ва бо садои «Ураааа!» гуфтаҳои Саидумарро тасдиқ ва ҷонибдорӣ мекунанд.

Зинда бод, Файзалӣ ва Бобои Сангак! Ураааааа!!!
Ин ҳин Бобои Сангак, дар сар телпак ва дар тан палто, аз куҷое дар минбар, ҳамроҳи Файзалӣ пайдо мешавад. Ва баранда аз расидани ӯ бо хушҳолӣ мегӯяд:
- Бачаҳо, он гапҳое, ки ҳоло мо дар бораи бобои Сангак задем, кам буданд. Мо падар дорем, мо пир дорем. Пири мо котиби обком набуд, раиси исполком набуд. Пири мо 1 деҳқоне буд, ки имрӯз пешвои мост ва мо бо ӯ фахр мекунем. Зинда бод бобои Сангак!!! Бачаҳо, ҳамин Файзалӣ 1 умр аз гапзанӣ мегурезад. Ку, 1 бор дар пеши оташ гап занад-чӣ, мо гӯш кунем.

Файзалӣ Саидов: Дед дуо деҳ, Тоҷикистонро ба хок яксон кунам!
Файзалӣ риштаи суханро мегирад:
- Бародарон, ташаккур, ки маро дар суханҳотон ин қадар қадр кардед. Он бародароне, ки то имрӯз дар бари мо буданд ва дар роҳи ҳақ мурданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯшашон нахоҳем кард. Шумо нағз медонед, ки дар байни ҳамин 1 ҳафта ягон ҷангу вазниниро надидем. То имрӯз ҳеҷ кас пеши раҳи маро нагирифтааст. Ягона касе, ки дами раҳи маро гирифта метавонад, Бобои Сангак аст. Ман ба хоки падару модарам қасам хӯрдагиям, ки ин инсон барои ман ҳамчун падар аст. Ман ғайри ӯ ягон касро дар Тоҷикистон признават намекунам. Лекин 1 чиро мегӯям: Агар ҳамин мӯсафед ҳозир маро дуо диҳад, Тоҷикистонро ба хок яксон мекунам. Обрӯи ман, нангу номуси ман аз рӯи будани Шумост. Зеро Шумо будед, ки дар бари ман омада истодед. Ман ҳич вақт намехоҳам, ҳамон бой дигарбора бой шавад. Ман мехоҳам, ки дар роҳи тинҷӣ бойро камбағал ва камбағалро бой кунам. Ин корро ҳатман мекунам. Ва ин сухане, ки ҳоло мегӯям, дар роҳи тинҷӣ ва ободию озодӣ буд. Ҳар камбағале, ки дар Хатлонзамин ҳаст, дастгирияш мекунам. Ва ман бо ин мӯсафед ҳич вақт сар ба сар намешавам ва Шумо ӯро уговорит кунед ва ӯ ба ман дуо диҳад, худи ҳозир ба Помир медароям, тоза мекунам.

Давом дорад


Муҳаммад Амин,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter