Дар яке аз шумораҳои гузаштаи СССР хонандаи доимии мо Назари Наврӯз, сокини н.Фирдавсии пойтахт дар мавриди чиптаҳои ройгон барои кӯдакон суол гузошт, ки чаро ширкати миллии «Тоҷик эйр» кӯдакони то 5-соларо ройгон мебараду меорад, вале «Сомон эйр» танҳо ба кӯдакони то 2 сола иҷозати парвози ройгон медиҳаду халос? Мо тасмим гирифтем, ин мавзӯро пайгирӣ намуда, аз масъулини ширкатҳои номбурда дар ин бора бипурсем ва ба таҷрибаи ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонӣ низ рӯ орем.
“Тоҷик эйр” : имтиёз то 12 сола
Чуноне, ки Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии миллии “Тоҷик эйр” дар сӯҳбат бо мухбири газетаи мардумии СССР иброз дошт, ки интиқолдиҳандаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» дар нимсолаи 1-уми соли равон 152 100 мусофирро интиқол дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,4%-ро ташкил намуда, 7300 мусофир кам аст. Шумораи умумии кӯдакони интиқолшуда 28.816 нафарро ташкил дод, аз ҷумла, кӯдакони ройгон интиқолшуда (то 5 сола) 16.308 нафар, кӯдакони бо пешниҳоди имтиёзи 50 фоиза интиқолшуда (аз 5 то 12 сола) 12.508 нафар.
-Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр”, ки рамзи миллиро дорад, имрӯз дар бозори авиатсионии кишвар ягона ширкатест, ки ба интиқоли кӯдакони то 12 сола имтиёз медиҳад. Дар тамоми парвозҳо ба хатсайрҳои ширкати “Тоҷик эйр” чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ кӯдакони то 5 сола ройгон, яъне бепул ва кӯдакони то 12 сола бо пардохти ними нархи чипта, яъне бо пардохти 50% нархи чипта роҳнамоӣ карда мешаванд. Ба ғайр аз ин тавассути ширкати мо ҳамасола ҳазорҳо нафар эҳтиёҷмандон ва беморон барои табобату ҷарроҳӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд ва шояд ин аст, ки ширкати моро ширкати иҷтимоӣ низ меноманд,- таъкид дошт Азиз Хайруллоев.
Зимнан, мавсуф низ дар яке аз нишастҳои матбуотии хеш гуфта буд, ки ширкати “Тоҷик эйр”-ро маҳз ба хотири ин имтиёзҳояш ширкати иҷтимоӣ меноманд ва ширкати мазкур аз ин тартиботе, ки дорад, новобаста аз вазъи мушкили молиявӣ, даст кашиданӣ нест. Бояд гуфт, ки ин тартиби интиқоли кӯдакон аз давраи шӯравӣ монда, дар замони фаъолияти ГАРТ “Тоҷикистон”, яъне 20 сол пеш тақвият ёфта буд. ГАРТ “Тоҷикистон” он замон ҳам ширкат, ҳам фурудгоҳҳо ва ҳам идораву муассисаҳои гуногуни соҳаи авиатсияро муттаҳид сохта, роҳу равиши фаъолият ягона буд.
«Сомон эйр»: имтиёз то 2 сола
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар тамоми хатсайрҳо, хосса, хатсайрҳои байналмилалӣ кӯдакони синни то 2-соларо ройгон интиқол медиҳад. Бино ба иттилои Тимур Бандишоев, котиби матбуотии ширкати номбурда, мувофиқи талаботҳои байналмилалӣ барои таъмини бехатарии мусофирон кӯдакони синни аз 2-сола боло бо пешниҳоди ҷои алоҳида интиқол мегарданд. Зимни харидории чипта аз ҷониби ширкат ба кӯдакони синни аз 2 то 12-сола 50% тахфиф пешниҳод карда мешавад. Дар нимсолаи аввали соли 2018 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 6226 кӯдаки синни то 2-соларо интиқол додааст.
Аз рӯи талаботи Созмони байналмилалии авиатсионӣ танҳо ба кӯдакони то 2 сола иҷозат дода мешавад, ки дар 1 курсӣ бо падар ва ё модари худ бишинанд, аз 2 сола боло бояд дар курсии алоҳида нишинад-ин ба хотири амнияти ҳам волидайн ва ҳам кӯдак, аз ҳама муҳим ҳуқуқҳои ӯст. «Сомон эйр» ягона ширкати Тоҷикист, ки дорои сертификати бехатарии парвози тамоми созмонҳои авиатсионии ҷаҳонӣ буда, фаъолияти хешро аз рӯи меъёрҳои байналмилалии авиатсионӣ ба роҳ мондааст-афзуд Тимур Бандишоев.
Ширкатҳои русӣ-ройгон то 2 сола!
Тибқи қонунгузории Федератсияи Россия дар самти авиатсияи гражданӣ, хосса, Кодекси ҳавоии ФР интиқоли кӯдакон тавассути ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд имтиёзнок сурат бигирад. Яке аз ин имтиёзҳо он аст, ки дар беш аз 90% хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ, аз ҷумла, “Ютэйр”, “Уралские авиалинии” “Домодедовские авиалинии”, “S7” парвози кӯдакони то 2 сола ройгон буда, дар парвозҳои байналмилалӣ то 90% нархи чипта ба кӯдакони ин синусол коҳиш дода мешавад.
«Туркиш Эйрлайнс» чиптаи ройгон надорад!
Дар ширкатҳои бузургу бонуфузи ҳавопаймоии ҷаҳонӣ, бо шумули «Туркиш эйрлайн», «Флай Дубай» ва «Эмирейтес», ки аз лиҳози хизматрасонӣ ба мусофир ҳамто надоранд, барои кӯдакони хурдсол ва ё то 5-12 сола чиптаи ройгон пешбинӣ нашудааст. Дар парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати Turkish Airlines барои кӯдакони хурдсол аз 2 рӯза сар карда, то 2 сола, нархи ягонаи парвоз муайян шудааст, ки он 34 лираро ташкил дода, дар хатсайрҳои байналхалқӣ бошад он 39 лира аст. Барои кӯдакони аз 2 то 12 сола бошад, вобаста ба ҷои нишасти дохили ҳавопаймо то 10% тахфиф дода мешаваду халос. Яъне, дар ин ширкат барои кӯдакон чиптаи ройгон нест ва масъулини Turkish Airlines дар ин робита мегӯянд, ин таҷрибаи ҷаҳонист ва ҷавобгӯ ба талаботи ширкату созмонҳои бонуфузи соҳаи ҳавопаймоӣ.
Дар ширкати ҳавопаймоии дигар-«Флай Дубай» низ барои парвози кӯдакони аз 2 то 12 сола ягон чиптаи ройгон ба назар гирифта нашудааст. То 2-солагӣ кӯдак метавонад бо яке аз волидайн дар 1 курсӣ нишинад, вале пас аз 2 солагӣ барои ӯ ҷои алоҳидаи нишаст лозим аст. Дар баъзе хатсайрҳо барои кӯдакони то 6 моҳа имтиёз барои парвози ройгон пешбинӣ шудааст, вале он ҳам хеле кам ба назар мерасад.
Ширкати дигари шинохтаи ҷаҳонӣ «Эмирейтес», ки яке аз гаронтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳисоб меравад, дар баъзе хатсайрҳо тариқи аксия иҷозат медиҳад, ки кӯдакони то 2 сола ройгон ва ё бо пардохти ё10% аз пули чипта сафар кунанд, аммо дар умум барои кӯдакон чиптаи ройгон пешбинӣ нашудааст.
Ҷамилаи Мақсуд, СССР