Қарор аст, соли 2020 милитсияи Тоҷик номи хешро ба политсия иваз намояд. Ҳоло бошад татбиқи барномаи ислоҳоти милитсия, ки аз соли 2014 шурӯъ гашта буд, бо маром идома дорад. Мақсади татбиқи барномаи ислоҳоти милитсия, ки соли 4-ум аст, давом дорад, ин пеш аз ҳама муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ кардани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Тоҷикистон, такмили ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини моддӣ ва ҳимояи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки соли 2012 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон бобати ислоҳот дар соҳаи милитсия имзо гардид. Баъдан, моҳи марти соли 2013 стратегияи ислоҳоти милитсия аз тарафи президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Соли 2014 барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати ҶТ-нақшаи чорабиниҳое, ки бояд дар мӯҳлати муайян амалӣ гарданд, тасдиқ карда шуд. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД ҶТ, ки барои баргузории ин ислоҳот муваззаф аст, мисли бархе аз кишварҳо ислоҳоти милитсияро бо иваз кардани ном дар мадди аввал неву, баръакс бо фароҳам сохтану омода намудани заминаи ҳуқуқӣ ва тадриҷан тағийр додани системаи корӣ ва пеш аз ҳама ба роҳ мондани алоқаи зич бо мардум оғоз намуд.
Ислоҳот чиро дигаргун хоҳад кард?
Бояд гуфт, ки татбиқи барномаи ислоҳоти милитсия такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсияро дар бар гирифта, дар баробари ин таҳия ва ҷорӣ намудани маҷмӯи чораҳои ташкилӣ ва идоракунӣ, ки бо тағйир додани меъёрҳои баҳодиҳии фаъолияти милитсия алоқаманд аст, беҳгардонӣ ва таъмини дастрасии мақомоти милитсия ба аҳолӣ, таъсис додани низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноят, ки ба технологияи иттилоотии муосир асос ёфтааст, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва касбияти ҳайати шахсӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми пешрафтаи таҳсил, омода ва такмили ихтисоси кормандон, ҷорӣ намудани тартиби дар асоси озмун ба вазифаҳои холӣ таъйинкунӣ, ҷойивазкунӣ, бартарафкунии хатар ва омилҳои коррупсионӣ, қонуншиканиҳои хизматӣ дар ин самтҳо, такмили низоми идоракунии болоравии мансабии корманди милитсия, интихоб, таъин намудан ба вазифаи роҳбарикунанда, баназаргирии комёбиҳои хизматӣ, кор бо захираи кадрҳо, талаботи тахассусӣ, таъиноти озмунӣ ба вазифаҳои хизматӣ дар мақомоти милитсияро дар бар мегирад.
«Милитсия-ин халқ ва халқ-ин милитсия!»
Яке аз мақсадҳои ислоҳоти милитсия он аст, ки шахсони тасодуфие, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан ба мақомот омада, тӯли солҳои гузашта бо амалу кирдорҳои ношоистаи хеш обрӯву нуфузи мақомоти милитсияро зери суол бурдаанд, бояд аз сафи милитсия Тоҷик берун карда шаванд ва ин амал тавассути гузаронидани аттестатсияҳо зина ба зина гузаронида хоҳад шуд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар раванди ислоҳот ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кориву касбии ҳайати шахсии кормандони мақомоти милитсия таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуда, ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо мардум ва дастрас намудани мақомоти милитсия ба ҷомеа муҳимтарин омили барномаи ислоҳот аст. Маҳз бо ин сабаб шиори раванди ислоҳоти милитсияро ВКД-и кишвар «Милитсия-ин халқ ва халқ-ин милитсия!» ном гузоштаву интихоб кардаанд ва дар оянда низ политсияи Тоҷик бояд аз рӯи ин шиор бо мардум ҳамкорӣ намояд. Ҳамкории милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои асосии барномаи ислоҳот аст, зеро барои ошкор ва мубориза алайҳи ҷинояткорӣ милитсия бояд ба мардум такя намояд. Таъсиси телефонҳои боварӣ, шӯъбаҳои қабули шаҳрвандон ва утоқҳои махсуси мубориза алайҳи хушунату зӯроварӣ дар назди раёсату шӯъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ далели ин гуфтаҳост.
Политсияи Тоҷик-шаффофият ва оммавият!
Дар анҷоми ислоҳоти милитсия бояд чунин натиҷаҳо ба даст ояд: ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлат аз суиқасд ба манфиати онҳо, такмили заминаи ҳуқуқии ВКД, коҳишёбии сатҳи коррупсия ва суистифода аз вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони политсия, зери назорати политсия қарор доштани вазъи умумии криминогенӣ, ҷорӣ намудани амалияи иштироки бевоситаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҷараёни ислоҳот, ҳамчун шакли нави ҳамкории политсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутобиқ намудани шароитҳои меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии кормандони политсия ба стандартҳои байналмилалии мақомоти политсия, баланд бардоштани касбияти кормандони политсия мутобиқи шакли нави сатҳи таълими муосир, таъсиси низоми устувори мақоми мониторинги шаҳрвандӣ аз болои амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, таъмини шаффофият ва оммавӣ будани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, таъмини афзоиши эътимоди аҳолӣ нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва такмили низоми ВКД ва аз байн бурдани такроршавии функсияҳо. Тамоми сокинони мамлакат метавонанд дар раванди ислоҳоти милитсия ширкат варзида, фикру мулоҳиза ва назари хешро тавассути сомонаи ВКД ҶТ ирсол намоянд-иштироки ҷомеа дар ин раванд хеле муҳим аст. Умедворем, ки бо иваз шудани номи милитсия ба политсия на танҳо сарулибос, балки муносибату корбарӣ ва профессионализми Полиси Тоҷик дигар хоҳад шуд.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
узви Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД ҶТ оид ба ислоҳоти милитсия