Рӯзи 18.03.2016, 1 нафар корманди ширкати мобилии Вавилон ба ман тариқи майл-агент навишт: «Иқдоми идонаи Наврузӣ аз ҳамин рӯз сар шуд. Ба 3 сомонӣ соҳиби 300 дақиқа ва 300 МБ мешавед». Гапи ӯро гирифта, худи ҳамон соат 3 сомонӣ ба телефонам гузаронда, тибқи фармудаи ӯ, ба *123# гудок партофта, чунин СМС-паёмак гирифтам: «Вам предоставлено 300мин.внутри сети, 300 СМС-ММС внутри сети, 300.00 МВ». Ба гуфти корманди Вавилон «3 сомониатонро мегиранд ва ба Шумо 300 дақиқа ва 300МБ медиҳанд, 1 моҳ истифода мебаред». Аммо на ин шуду на он! Имрӯз 4.04.2016 асту телефонам қарздор ва СМС меояд: «Лутфан баланси худро пур кунед». Суол ин аст, ки бо 3 сомонӣ чаро идонаи наврӯзии Вавилон «300 дақиқа ва 300МБ» ба ман нарасид?
Шаҳриддин Маҳмадаминов, сокини пойтахт, тел: 98 101 17 74





