ХАБАРИ ДОҒ

Партократия дар ҳифзи ваҳҳобизм?

  • Чоршанбе, Март 13 2019


Партократ Комил Пӯлотов-яке аз роҳбарони КГБ Тоҷикистон, ки баъдан Вазири ВКД РСС Тоҷикистон шуд, супориш дод, ки омӯзиши ваҳҳобиҳоро қатъ намоем...

(Давоми матлаби Кабирӣ муртад ва мансабпараст)


Аввали с.1980 муовини аввали КГБ РСС Тоҷикистон генерал-майор Шариф Қурбонов, ки аз чекистони касбӣ буд, ба нафақа баромад ва бо тавсияи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон мудири шӯъбаи таблиғоти ҳизб Комил Пӯлотович Пӯлотовро таъйин карданд. Вақто, ки ин партократ ба ш.Қурғонтеппа (ҳоло ш.Бохтар) омада, дар суҳбат бо сардори раёсат дар бораи ваҳҳобиҳо ҷаласа гузаронида супориш дод, ки “ин кори шумо қонуншиканист. Омӯзиши ин шахсиятҳоро ҳамчун ваҳҳобия қатъ кунед”, ман дар баромадам гуфтам, ки баромадҳои исломгароёни ҷавон оқибат ба задухӯрд бо пайравони мазҳаби ҳанафия оварда мерасонад ва ин дар ҷомеа хатари зиёд дорад. Аммо Пӯлотов такрор ба такрор талаб намуд, ки омӯзиш ва пайгарди ин шахсҳоро қатъ намоем. Пас аз рафтани ӯ ба ш.Душанбе, ман назди сардори раёсат ва муовинаш даромада гуфтам, ки “Комил Пӯлотов аз тарзи хоси кори КГБ бӯе намебарад ва мо омӯзиши исломгароёни ҷавонро давом медиҳем”. Роҳбарон бо ман ҳамфикрии худро изҳор доштанд. Соли 1985 Пӯлотовро вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон таъйин карданд.

Мактуби беимзо
Моҳҳои ноябр-декабри соли 1986 воқеае рӯй дод ва азбаски ин ба исломгароёни ҷавон дахл дошт, фикр мекунам, барои хонандагон ва исломгароён низ ҷолиби диққат аст.
Намоянда оид ба корҳои дин дар назди Шӯрои Вазирони СССР дар Тоҷикистон Шарипов, ки аз коргарони ҳизбӣ ва бо тавсияи Ҳизби Коммунисти ҷумҳурӣ таъйин шуда буд, ба идораи КГБ бо 1 мактуби дар мошинка чоп шуда омад. Ӯ дар сӯҳбат гуфт, ки ин мактубро дар дари хонааш шаб часпонидаанд. Мазмуни мактуб тахмин чунин буд: «…Шумо то ба кай мо мусулмонҳоро таъқиб мекунед? Мо маҷбурем, ки нисбати шумо чораҳои лозимиро биандешем…». Ҳамон давра Прокуратура аз рӯи маълумотҳои КГБ чанд делои ҷиноятӣ нисбати исломгароён оғоз карда буд: Абдулло Саидов, Маҳмадшариф Қаландаров, Аҷик Алиев, Аҳтам Раҳматов, Раҷаб Ғоибов, Сайраҳмон Гадоев, эшони Абдулҳусейн. Ин мактубро метавонистем, ки ба Прокуратура диҳем ва делои ҷиноятии исломгароёни сиёсиро ҳамчун воқеаи амалӣ ба муқобили роҳбарон ва пайравонашон истифода барем, аммо мо ин корро накардем. Мактубро ман бо коргари шӯъба Толибҷон Олимов қабул намудем.

Ҳаҷвнавис Бурҳон Ғанӣ-муаллифи анонимка?
Шарипов гуфт, ки «ин мактуб нисбати ӯ таъкид ва таҳдид аз тарафи ваҳҳобиҳост ва яке аз ҳамсояҳоям нависанда Бурҳон Ғанӣ бо ваҳҳобиҳо алоқаи зич дорад ва ӯ дар хонааш мошинкаи чопкунӣ дорад ва ин мактуби бе ному насабро нисбаташ маҳз ӯ навиштааст, лиҳозо, аз шумо хоҳиш мекунам, чораҳои лозимӣ бинед ва амнияти маро таъмин кунед». Ба Шарипов ваъда додам, ки ҳама чораҳои лозимиро меандешем. Сипас аз Толибҷон хоҳиш намудам, ки пеш аз ҳама муаллифи ин мактубро муайян кунед, сипас чораҳои лозимиро меандешем. Олимов, ки дар соҳаи кофтукови муаллифони мактубҳои бе ному насаб хело касбӣ буд, баъди 3 соат назди ман даромада гуфт, «мактуб дар мошинкаи чопкунии «Украина»-и Вазорати кишоварзӣ ҳуруфчинӣ ва чоп шуда, ба Бурҳон Ғанӣ ягон дахл надорад».
Олимов ба Вазорати кишоварзӣ рафта, бо мошинистка вохӯрда, дар суҳбат мегӯяд, ки «дирӯз наздаш ҷавони шиноси 20-22 сола омада буд, ӯро дар кабинет гузошта, худ барои хӯрдани чошт ошхона рафт. Азбаски ин ҷавонро хуб мешиносад, лентаи мошинкаро дар сейф нагузошт, то ин ки ӯ наранҷад». Олимов худи ҳамон рӯз ин ҷавонро пайдо карда, ба КГБ гирифта овард. Дар сӯҳбат маълум шуд, ки ӯ писари Шарипов будааст ва мактуби бе ному насабро ҳамчун таҳдид бо супориши падараш навиштааст. Дар ин бора аз ӯ баёнот гирифтем. Сипас ман ба Олимов супориш додам, ки зуд супоришро тайёр намуда, Шариповро зери назорат гирад.

Пулотов+Шарипов=худшантажи корманди ҳизб…
Дар навбати худ Шарипов пас аз сӯҳбат бо писараш ба вазорати корҳои дохилӣ, назди вазир Комил Пулотов даромад ва баъди чанд вақт бо 1 китоб аз вазорат баромада, ба ҷои кораш-Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ, омада ба писараш бо телефон занг зада таъкид намуд, ки зуд наздаш биёяд. Сипас Шарипов бо писараш ба беморхонаи асаб рафт ва бо олими шинохта, профессор Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович вохӯрд. Дар суҳбат Шарипов гуфт, ки писараш каме мариз асту фикраш парешон ва хоҳиш намуд, ки ӯро дар беморхона хобонанд. Шарипов ба писараш китобро дод ва таъкид намуд, ки китобро хонда, аз рӯи навишти ҳамин китоб рафтор кунад, яъне ӯ маризи системаи асаб аст ва кори кардаашро дар ёд надорад. Дар навбати худ, ман бо профессор М.Ғуломов, ки расми дӯстӣ доштем, вохӯрда, ӯро бо воқеаи рӯйдода шинос намудам. Дар сӯҳбат бо Ғуломов аён мешавад, ин китобро Комил Пӯлотов ба Шарипов додааст, то ин ки тибқи мазмуни асар худро ҳамчун маризи асаб нишон диҳад. Аммо баъди табобати 6-7 рӯза Комиссияи хос бо сарварии М.Ғуломов қарор бароварданд, ки ин ҷавон ягон хел маризӣ надорад. Дар асоси ин ҳуҷҷат мо дар бораи Шарипов маълумот ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон фиристодем ва ӯ аз мансаб сабукдӯш карда шуд.


Давом дорад...


Давлатхоҷа Назиров,
доктори илмҳои фалсафа, аъзои ИНТ ва ИЖТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter