Ҳоло миёни мардум зиёд сари болоравии нарху наво дар Рамазон ва «коре накардани мақомоту ҳукумат» баҳсҳои тезу тунд меравад. Зумрае бар инанд, ки гӯё Ҳукумати марказӣ ва шаҳрдории пойтахт «илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ» накардаву сабабгори ин мушкил шудаанд. Вале дар асл чунин нест! СССР далелҳои раднопазир дорад, ки Ҳукумати марказӣ, шахсан Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз 65 рӯз пеш аз шуруи Рамазон, чораҳои ҷиддӣ андешидаанд, ки нарху наво дар Рамазон боло наравад ва ба ин хотир ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» имтиёз ва маблағ ҳам ҷудо кардаанд. Вале бо сабабҳои тамоман номаълум ин корхона натавонистааст, ба арзиши маҳсулоти ниёзи аввал таъсиргузор бошад.
Ҳанӯз 1.03.2019, яъне, 65 рӯз пеш аз шуруъи Рамазон бо амри вежаи Раиси Ҳукумати ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор дар бораи аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани молҳои воридшаванда аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» ба имзо расидааст. Тибқи ин дастур, ба Душанбеи азиз ин номгӯй ва бо ин ҳаҷм маҳсулот бидуни андоз ворид шудаанд:
1.Шаккар-50.000 тонна
2.Равғани растанӣ-10.000 тонна
3.Гандум-50.000 тонна
4.Орд-5000 тонна
5.Биринҷ-2000 тонна
Табиист, ки агар ин ҳама молу манол ба бозор ворид мешуд, ҳатман аз таркиши нарху наво дар бозорҳои кишвар ҷилав мегирифт ва мардум то ин ҳадд нороҳат намешуд, ки имрӯз ҳаст. Аммо суоле посух металабад, ки КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» ин ҳама молро дар куҷо ба савдо баровардааст? Рейди вежаи хабарнигори СССР дар бозорҳои зертобеи ҳамин КВД нишон дод, ки нарху наво дар ин фурӯшгоҳҳо поин не, ки баракс болотар аз бозорҳои маъмулист.
Даҳшати нарх дар бозорчаи «Яккачанор»
(СССР№20(557) аз 16.05.2019)
«14.05.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:45 дақиқа. Дар тамоми гӯшаҳои ин бозор, сар аз гӯшаи деҳқону ба ном ярмаркаи кишоварзӣ нархи 1 кг помидор 16 сомонӣ арзиш дошт! Хеле гарон! Вақте ки ҳамин ҳоло нархи 1 кг помидор дар бозори «Деҳқон» 8-10 сомонист, пас чӣ гуна он дар бозорчаи «Яккачанор» то ба 16 сомонӣ мебарояд!? Ку, инсофу виҷдон? Шоҳидон мегӯянд, бегоҳ, қабл аз ифтор аз беназоратии кулл истифода карда, тоҷирон нархи помидорро то 25 сомонӣ мебардоранд! Нархи 1 кг бодиринг 3-4 сомонӣ, 1 кг қулфинай-16 сомонӣ (қаблан 4 сомонӣ буд), гелос 16-18 сомонӣ, зардолу 6-8 сомонӣ, пиёз 3 сомонӣ, сабзӣ 2,5-3 сомонӣ, картошка 3-3,5 сомонӣ. Нархҳои осмонбӯс ва даҳшатовар! Ҳатто дар гаронтарин бозори пойтахт-«Меҳргон» низ имрӯз нархи пиёзу картошка ва меваҷот нисбатан арзон аст!»
КВД ба куҷо менигарад?
Бозорчаи «Яккачанор» зертобеи КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» аст ва бояд яке аз арзонтарин бозорҳои пойтахт бошад-таъминоти бевосита ва бидуни миёнаравҳо. Лек ин тобеият танҳо дар коғаз ҳасту халос, боқӣ, боз ҳамон савдогарону фурӯшандаҳо субҳи содиқ аз бозори «Деҳқон» маҳсулоти кишоварзиро яклухт харида меоранду то поси шаб, ба қавле майда карда мефурӯшанд. На истеҳсол аст, на харид, на захира ва на таъминот! Вой бар ҳоли чунин корхонаву ин бозораш!
Такрор-модари беназоратӣ?!
Ба ҳамин тартиб, бидуни андоз, соли гузашта низ (Қарор аз 9.04.2018, №178) КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» ба пойтахт ин анвои маҳсулотро ворид карда буд:
1.Шаккар-30.000 тонна
2.Равғани растанӣ-10.000 тонна
3.Картошка-5000 тонна
4.Гӯшти гов-1000 тонна
Математику тоҷиру бонкир будан шарт нест, то дарк кунӣ, танҳо бо напардохтани андоз аз арзиши иловашуда-18% ба таври автоматӣ нарху наво бояд 18 дарсад аз арзиши бозор поинтар бошад!!! Фарзи мисол, гӯште, ки 40 сомонӣ нарх дорад, бояд 32,8 сомонӣ фурӯхта мешуд. Нархи 1 халта орди то Рамазон 160 сомонӣ арзиш дошта, автоматӣ бояд 133,2 сомонӣ мегардид. Яъне ҳукумат тамомии чораҳоро андешидааст, то нарху наво дар Рамазон ба таври бесобиқа 18% поин равад. Вале мо дар тӯли 2 соли ахир моҷарои тамоман бараксро мушоҳида кардем:
-Нархҳо бо фарорасии Моҳи Шарифи Рамазон ба осмони 7 такя зада, боис ба нороҳатии халқ мешаванд. Пас, сабабгори ин фоҷеаи нархгузорӣ кист? Тоҷирони бе эмон ва бе виждон, ё масъулини КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш. Душанбе»?
Суолест, ки ҳатман посухи масъулин ва дахолати мақомоти зидахлро талаб дорад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
М. Мубориз
Ҷ.Мақсуд
СССР
-------------------------------------------------------
Ба хона омада, гӯштро аз чарбуву устухон ҷудо кардам-аз 1 килою 750 грамм гӯшт 520 граммаш равғану сутухон буд!
Фиреби гӯштфурӯшон дар Рамазон
«Меҳргон»: «Гӯшти нағз 56 сомонӣ!»
25.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 11:30 дақиқа. Ба бозори «Меҳргон» даромада, нахуст сӯи растаи гӯштфурӯшон меравам. Назди ҳар 1 дӯкони гӯштфурӯшӣ нархи 1 кг гӯшти гову гӯсфанд 40 сомонӣ навишта шудааст. Қассобе қунҷкобии маро дида, пурсид: «Гӯшти хуб мехоҳед?», бо тааҷҷуб гуфтам, ки бале. Зуд дастархонеро бардошта 1 пораи калони гӯшти беравғану устухонро нишон дод, нархашро пурсам, гуфт: «Барои шумо 56 сомонӣ!». «Магар нархи 1 кг гӯшти гов набояд аз 40 сомонӣ гаронтар фурӯхта шавад?»-пурсидам. Фурӯшанда дарҳол ҷавоб дод, метавонад бароям гӯшти килояш 40 сомонӣ ҳам фурӯшад, аммо 150 граммаш ҳатман чарбу ва 150 грамми дигараш устухон хоҳад шуд. Билохира, аз дӯконе пораи калони гӯштро интихоб карда, гуфтам, вазн бикашад, он пора 1 килою 750 гр баромад. Бо исрор гуфтам, аз 40 сомонӣ бештар ҳисоб накунад-намехарам! Вале ин қассоб, ки худро 2-3 маротиба ҳоҷӣ номида, таъкид ҳам кард, ки даст ба фиреб намезанад, боз ҳам дар моҳи шарифи Рамазон, ба 1 килою 750 гр гӯшти харидаам 1 пораи калони чарбуро илова намуда, миннат ҳам кард, ки ба касе чунин илтифот накардааст! Арзиши он 71 сомонӣ шуд, лек фурӯшанда «шумо ҷанҷолӣ будаед, 70 сомонӣ додан гиред, мешавад» гуфт…
Дар хона омада, гӯштро аз чарбуву устухон ҷудо кардам: 270 гр чарбу ва 250 гр устухон!!! Аз 1 килою 750 гр гӯшт аллакай 520 граммаш гӯшт набуд! Ана, фиребу ана риояи қарори раиси ш.Душанбе дар бозори «Меҳргон» мегӯянд!
«Саховат»: Гӯшт фаровону харидор нест!
26.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 8:30 дақиқа. Нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ, назар ба ҳафтаҳои аввали моҳи шарифи Рамазон арзонтар аст: 1 кг картошка 2,5 сомонӣ, пиёзи ҳосили нав 2-2,5 сомонӣ, сабзӣ-2,5 сомонӣ, қаламфури булғорӣ 8-10 сомонӣ, помидор 6-8 сомонӣ, бодиринг 2,5 сомонӣ, 1 кг гелос 10 сомонӣ, зардолу 5 сомонӣ, шафтолу 10 сомонӣ, қулфинай 6-7 сомонӣ, гӯшти гов чӣ дар дӯконҳои дохили бозор ва чӣ дар ярмарка 40 сомонӣ ва фаровон буд…
Мину Аминзода СССР
Аз редаксия: Дар ҳамин маврид ба дасти мо навори видеоие расид, ки дар ярмаркаи Саховат, ки масъулаш КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» аст, қассобон ба 1 кг гӯшт, ба таври ҳатмӣ, 150 гр равған изофа мекунанду мегӯянд, ба мо гӯштро бо равған кашида медиҳанд. Нафаре 7 кг гӯшт харида, 1 килову 50 гр равғани сарборӣ гирифт. Видео дар дасти мост. Мо Метавонем!