Чанд рӯз пеш барои дидорбинии додарам ба маҳбаси ш.Қӯрғонтеппа рафтем. Пушти дар бо чанде аз пайвандони судшудаҳо ҳамгап шудем. Ҷумла дар ҳаққи сардор Ҷамолиддин Мухторов андешаи хуб гуфта, дар ҳаққаш дуои нек мекарданд. Чун ба дидорбинии додарам даромадам кунҷкобона барои рост будани суханони мардум аз ӯ пурсидам. Додарамро, ки моҳҳои башумори ҷазояш боқӣ мондааст, росташро гуфт, ки «Мухторов дар кору рафтор ҳам меҳрубон будааст. Хӯрокҳо нисбатан ҳам беҳтар шудагӣ. Дар ҳама ҳуҷраҳои дарозмуддат ТВ ва радио мондагӣ. Дар иду Наврӯзӣ ба маҳкумшудаҳо оши палав дод ва муҳимтар аз ҳама ин ҷо мардумфиребӣ нест! Инчунин аз 2 корманди дигари ин муассиса-Амрохон Зокиров ва Искандар Гулов ба некӣ ёд кард. Ин ҷо гуфтанӣ нестем, ки кулли роҳбарон беозоранд, вале некро бояд гуфт. Худо сафи неконро биафзояд.
Майрамбӣ, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ҳамадонӣ, тел: 919 94 51 47






