ХАБАРИ ДОҒ

Чаро гӯшт камчин шуду қимат?

  • Чоршанбе, Авг 07 2019

 

 

Масъалаи камчин шудани гӯшт ва ба маротиб боло рафтани нархи он дар 2 моҳи гузашта, хоса, дар бозорҳои пойтахт борҳо мавриди танқиди журналистон ва хабарнигорони мардумии СССР гашта буд. Мо саъй кардем ин проблемаи №1-ро аз ҳар назар ва тараф омӯзему баррасӣ намоем.

Мардум на пурхӯр шудааст, на камхӯр!

Вақте мухбирони мо сабаби гарон шудани нархи гӯшт, алалхусус, гӯшти говро дар бозорҳо аз қассобон пурсиданд, бархе аз хонандагони газета нисбат ба он, ки қимати пӯсту каллаву пою дилу ҷигару гурда ва забону шуши гов, ки қаблан гаронтар буда, дар алоҳидагӣ хеле хуб ба фурӯш мерафтанду ҳоло якбора нархашон ба замин задааст, норозигӣ баён карданд. Мардум занг зада гуфтанд, ки нархи гӯштро қассобони ҳаннот худ боло бардошта дар ин кор омилҳои дигарро гунаҳкор мекунанд. Шояд ин сабаб ҳам ҷой дошта бошад, вале тавре аз таҳқиқи мухбирони газета бармеояд, ғайр аз ин камчин ва гарон будани нархи кунҷора-хӯроки асосии чорво ва сӯзишворӣ низ яке аз сабабҳои асосии боло рафтани гӯшти чорво дар бозор низ шудааст. Ин омилҳоро Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми раиси ш.Душанбе низ зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 26.07.2019 баргузор гашта буд, тасдиқ намуд.

-Бубинед, имрӯз дар бозор нархи хӯроки чорво, хоса, кунҷора чӣ қадар боло рафтааст, қимати сӯзишворӣ низ ба маротиб хеста, деҳқону чорводорро маҷбур месозад, молро бо нархи гарон ба қассоб бидиҳад. Иқтисоди бозаргонист ва мо наметавонем касеро маҷбур созем, ки ин корро кунад ё накунад. Новобаста аз мушкилот дар ин самт мо кӯшиш дорем бозорҳои пойтахтро бо гӯшти тару тозаи чорво таъмин намоем. Мушкил дар он нест, ки мардум гӯштро кам, ё зиёд мехӯранд. Мо таҳлил кардем, мардум мисли ҳамешагӣ гӯшт харидорӣ мекунанд, на кам ва на зиёд, амсоли дар гузашта ҳамарӯза то 10 тонна гӯшт вориди бозорҳои пойтахт мешавад, ва ин басанда аст, - иброз дошт Зувайдзода.

 

Бозорҳои Душанбе ноҳияҳои тобеи марказро низ мехӯронанд!

Дар идома Зувайдзода афзуд, яке аз сабабҳои камчин шудани гӯшти гов дар бозорҳо дар он аст, ки имрӯз тамоми тарабхонаву ошхонаҳо, мавзеҳои истироҳатӣ, марказҳои бузурги савдо гӯштро аз бозорҳои коммуналии пойтахт субҳи барвақт омада, гов ё гӯсфандро пурра харида мераванд.

-Ғайр аз он, ки тарабхонаву ошхонаҳои зиёд гӯштро аз бозор яклухт мехаранд, тибқи таҳлилҳои мо тарабхонаву ошхона ва ҳатто бозорҳои ноҳияҳои тобеи марказ низ омада, гӯшти чорворо аз бозорҳои ш.Душанбе харида мераванд. Солҳои гузашта чунин амал дида намешуд, вале ҳоло вазъ чунин аст, - таъкид дошт М.Зувайдзода.

 

Гӯшти хар говро гарон кард?

Аксарияти ҳолдонҳо ва коршиносоне, ки мо тӯли ҳафтаи гузашта дар бораи омилҳои гарон шудани нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар пурсидем, гуфтанд, мардум ҳоло ба истифода ва истеъмоли гӯшти тоза сар кардаанд. Яъне, солҳои гузашта сокинон аз гӯштҳои омехтаву яхӣ истеъмол намуда, шашликпазон низ бештар аз гӯшти каллаи гов истифода мекарданд. Воридоти гӯшти яхӣ, хоса, аз Эрон манъ карда шудааст. Ҳоло бошад ё мизоҷ нозук шудааст ё ошпазон, ки фақат аз гӯшти тару тоза истифода мебаранд. Мардум дигар камтар дилу ҷигару шушу забон мепазанд ва на дар хонаҳои худ чорво мепарваранд. Молкушии мардум, хоса, дар деҳот низ дар фасли тирамоҳ аз байн рафтаву нархи гӯшти дасткуше, ки қассоб пас аз забҳ яклухт мехарад, низ ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Ва инҷо хоҳ нохоҳ қиссаи харкушӣ ва шашликҳои «хуҷандии» аз гӯшти хар пухташуда ба ёд меояд. Чанд сол пеш кормандони мақомоти милитсия 1 гурӯҳи ташкилёфтаи қаллобонро боздошт намуданд, ки бо ҷамъоварӣ ва куштани харҳо машғул буд, сипас гӯшти онро ба дилхоҳ макон содирот менамуданд. Он замон мардум шашликҳои арзони «хуҷандӣ» мехӯрданду дар бораи нархи арзонаш фикр намекарданд. Пас аз он, ки роҳи ин тиҷорати ғайриинсонӣ гирифта шуд, нархи гӯшт боло рафтан гирифт. Ин бешубҳа водор месозад, ба он ки гӯшти харро омехта ба мардум дар ошхонаву тарабхонаҳо арзон мефурӯхтанд, бовар созем ва ҳоло, ки гӯшти хар аз байн «рафт», гӯшти гову гӯсфанд гарон шуд. Шояд сабаби асосиаш ҳамин бошад!?

М.Аминова, СССР

 

Дар ҳамин маврид

Шаҳритус: 30.000 сомонӣ нархи 1 буққа

Якшанбеи гузашта (21.07.2019) дар бозори чорвои ноҳияи Шаҳритус марди кишоварзу хоҷагидор 1 буққаи бузурги занҷирбанди 800-килоиро вориди бозор карду 30.000 сомонӣ нарх часпонид. Харидоре омаду буққаро 25.000 сомонӣ нарх гухошт, аммо буққадор розӣ нашуд ва гуфт:

-Ҷои шудаш 29.000 сомонӣ!

Мардум, ки дар ин чанд моҳи охир бо чунин вазну азамат буққаеро бори нахуст медиданд, аз деҳқон пурсиданд, ки буққаро бо чӣ маҳсулот парварида бузург кардааст? Кишоварз тафсилот дода гуфт:

-Ман хоҷагии деҳқонӣ дорам ва шароите нест, ки барои ин буққаи 5-солаам дар ин шабу рӯз кунҷора бигирам. Буққа рӯзи дароз дар ин 5 сол фақат алафи тару тозаи саҳроро мехӯрад. Дина 1 қассобро овардам хона ва гуфт, ки «буққаи ту аниқ 300 кг гӯшти тоза медиҳад».

Дар фарҷоми бозор, соатҳои 12, деҳқон буққаи аз бинияш занҷирбандро бозпас хонааш бурд, зеро бо ун нархе, ки мехост, касе харидор нашуд ва афзуд:

-Рӯзи Худо бисёр! Ҳафтаи оянд дар ҳамин бозор боз вомехӯрем…

Аз суҳбати ин фермер маълум мегардад, ки чорворо бо кунҷора ҳам парваридан мумкин, агар чарогоҳ дар дасти мардум бошад. Мутаассифона, заминҳои сералаф (ҳатто заҳбурҳо!!!) барои чарои чорво ҳоло дар дасти афроди алоҳидаи серпул афтида, атрофи чарогоҳро симтӯр гирифта, намегузоранд, ки мардум барои гову гӯсфанд алаф даравад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter