Дар гузаштаи дур ба воситаи соат баробаршавии шабу рӯзро дар 21 март исбот ва аниқ карданд. Бо ин чӣ гуфтаниям? Ҳукумати марказӣ вақте ки Наврӯзи Аҷамро ҷаҳонӣ кард, бояд барои эҳтироми ин кашфиёти бузург назди Қасри Миллат Соати Миллиро бо нақшу нигори миллӣ сохта гузорад. Зеро он ифтихори мо хоҳад буд. Аз таърих дар гузашта дидаем, ки дар асбоби махсус қум пур карда, аз 1 тараф ба самти дигар мерехт ва бо ҳамин вақтро муайян мекарданд! Яъне бояд пеш аз ҳама олимони мо барои сохтани соати миллӣ андеша кунанд…
Асадуллои Бохтарӣ,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Бохтар






