Дуруди самимона ба аҳли эҷодии газетаи мардумии СССР! Ҳар сол пас аз ҷамъоварии ҳосили картошка маҳсули меҳнату заҳмати моро савдогарон харида, ба бозорҳои ҷумҳурӣ мебурданд. Ҳоло савдогарону тоҷирон нарх арзон гуён намехаранд. Ба қавли онҳо содирот кардани картошка ба кишварҳои ҳамсояро Ҳукумати кишвар бо мақсади гарон нашудани нархи он дар бозорҳои дохилӣ иҷозат намедиҳад. Барои ҳосили имсола нуриҳои минералӣ дар нуқтаҳои фурӯши ш.Истаравшан нест. Нархашро пурсем мегуянд, ки 1 халта силитраи истеҳсоли Ӯзбекистон 430 сомонӣ, карбомиди Уралхими Россия 700 сомонӣ аст. Бо ин аҳвол мо дар баҳори имсола чӣ кор мекарда бошем? Ё аз баҳри деҳқонӣ даст кашем? Ғами деҳқону бехатарии таъмини бехатарии озуқаи кишварро касе мехурда бошад?
Ҷумъаев Б,
н. Деваштич