ХАБАРИ ДОҒ

Зафаробод ба номи писари Ӯлҷабоев?

  • Душанбе, Май 09 2016

Салом, СССРчиёни азиз ва мардумӣ? Ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Чор сол боз аз минбари газетаи дӯстдоштаам-СССР суол медиҳам, аммо касе нест, ки ҷавоб нависад:

Мо кишвари серобем, лек об надорем, Давлате аз барқ фарвонем, вале барқ нест, на дар дохил ва на дар хориҷ қадр надорем. Ахир ба ин суол худам ҷавоб ёфтам: Мо Метавонем! 2.Дина 1 нафар акси Турсун Ӯлҷабоевро дар газетаи СССР дида, 1 гапе гуфт, ки то ҳол нашунида будам. Ӯ мегӯяд, ки ноҳияи Зафарободи имрӯзаи вил.Суғд ба номи Зафар-писари Ӯлҷабоев аст. Ва ин ҳамон Зафаре, ки модарашро кушт ва 20 сол равонаи зиндон шуд. Оё ин ҳақиқат аст, ё ҳамту овоза?

Исмоил Маҳмудов,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Қумсангир, тел: 93 388 07 47

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter