ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 04 Ноябр 2020 11:04

Абдурауф Файзуллоев яке аз хонандагони ҳафтанома аз ш.Душанбе занг зада (915 94 51 71) гуфт, ки чаро натиҷаи ташхис (рентгенро) дар коғази оддӣ медиҳанд?

Духтарчаамро барои ташхис ба Маркази саломатии шаҳрии №1 бурдам. Чунки табибон гуфтанд, ки барои аниқтар намудани бемориаш бояд (рентген) кунам. Аммо ҷавоби ташхиси мо дар як коғази оддӣ, мисли ксерокопия, баромад ва аз духтур Алиев пурсидем, ки чаро дар листҳои махсуси сиёҳ ҷавоби ташхисро пешниҳод накаред? Алиев бошад гуфт, ки “Мо ҳозир надорем листи гуфтаи шуморо ва барои ҳамин дар коғази оддӣ навиштам. Ин аз ман вобаста нест агар бошад пешниҳод мекунем, агар не интизор мешавам, то вақте, ки сардухтур барои мо коғазҳои махсуси ташхисӣ биоранд”. Ногуфта намонад дар ин аснод боз якчанд шаҳрвандони дигар низ шикоят намуда истода буданд. Кори ман то ҷое ба анҷом расид, лекин то ҳозир дар дилам аз натиҷаи ташхис шубҳа дорам, зеро ин маротибаи якум аст, ки бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудам. 

 

Чоршанбе, 04 Ноябр 2020 10:56

Аҳмадҷон Раҳимов яке аз куҳансолтарин хонандаи ҳафтаномаи СССР аз ш.Душанбе занг зада (935 25 44 42) гуфт, ки боз нони СССР Сафват Бурҳоновро кӯр накунад ба ин навиштааш.

Ростӣ, дар шумораи қаблии газетаи СССР матлаби Сафватро хонда, хело қаҳрам омад. Ман чандин сол аст, ки бо редаксяи мазкур ҳамкорӣ дорам ва муаллифро низ мешиносаму маводҳояшро мехонам, зеро ӯ хело хуб менависад. Лекин матлаби охирон навиштааш бо номи “СССР ҷуз ғуломӣ чизе надошт” хело аз ҳад гузаштааст. Мо низ инсонҳои давраи шӯравӣ ҳастем ва ҳама вақт бо ифтихор аз шуравӣ ҳарф мезанем. Зеро дар воқеъ он ҳукумат барои мардум ҳамаи мушкилиҳоро бартараф намуда буд ва инро на танҳо ман, балки ҳамаи мурдуми он давр медиданду мегуфтанд. Ба Сафват гуфтаниям, ки додарҷон кӯшиш кунед, ки дигар чунин нанависед.

Аз редакся: Ногуфта намонад, ки дар баробари амаки аАмадҷон боз якчанд хонанди дигар низ бо масъалаи мазкур ба мо дар тамос шудаву аз навиштаи Сафват норозигӣ карданд. Мисол: Хонандае аз ш.Хуҷанд навиштааст, ки “Оё Сафват пирожкии 5 тинаро нахӯрдааст, ки чунин мегӯяд. Вай бечора дар куҷои Тоҷикистон зиндагӣ кардааст, ки гурӯсна будам гӯён гиря дорад?”.  

 

Чоршанбе, 04 Ноябр 2020 10:54

Салом газетаи мардумӣ! "Истаравшан дар ибтидои асрҳои миёна яке аз вилоятҳои Тоҷикнишин буд. Ҳоло бахши он бо шаҳрҳои Ҷиззах, Зомин, Хавос ба Узбекистон ва бахше аз ноҳияи Лайлак ба Қирғизистон дохил аст. Рустоҳои Шаҳристон, Ғончӣ, Зафарободу Нов (Спитамен), Пролетар (Ч.Расулов) ба вилояти Истаравшан дохил буданд" (Юсуфшох Яъқубов: 

-Таърихи халқи Тоҷик барои синфи 5, саҳ. 233, ш.Душанбе, соли 2009) Ӯротеппа (Истаравшан) таърихи беш аз 3000-сола дошта, дар ҳайати Тоҷикистони советӣ низ солҳои 1924-1930 ва 1945-1947 мақоми вилоятро дошт. Соли 1992 воҳиди марзиву маъмурии вилояти Кӯлоби қадима бо вилояти Курғонтеппа якҷо карда шуд. Умеду боварӣ дорем, ки таъмини адолати таърихӣ рӯзе дар сатҳи олии ҳокимияти марказӣ ва  парлумони кишвар дарку эҳсос ёфта, мақоми вилоятии ин 2 шаҳри бостонии Тоҷикон аз нав эҳё ва барқарор мегардад.

Махсумов Манон ш. Истаравшан тел: 988097194

 

Чоршанбе, 04 Ноябр 2020 09:15

Рӯзномаи мардумии “СССР”, бале, ҳаққонӣ мардумӣ, чунки дарди мардумро давост ва 16 саҳифа дар ихтиёри мардум аст – намояндагони касбу кори гуногун, синну соли гуногун. Дар ин рӯзнома маводи бознашрро аз интернет намебинӣ. Аҳсант, ҳамкасбони ҷасуру ҳамадону ҳамабини ман, ки имрӯзҳо 12-солагии таъсисёбии ҷаридаро ҷашн доранд. Ин ҷашни муборакро ба ҳамкасбонам табрик мегӯям. Бигзор қаламашон доимо тезу гиро бошад. Дар чанд шумораи охири “СССР” мақолаҳои хеле ҷолибу пурмуҳтавои рӯзноманигор Саломиддин Мирзораҳматов оиди корномаии фотеҳони водии зарнисори Вахшро хонда, бори дигар ба корнамоӣ – қаҳрамонии халқи тоҷик қоил шудам, ки замини ҷо-ҷо фурӯравро (ба гуфти С. Мирзораҳматов) бо нерӯи ҷисмониву рӯҳонӣ “ром” карда тавонистанд.

Дар давоми 65 соли азхудкунии чӯли бирёни Дилварзин мардуми сарбаланди Мастчоҳ аз худ ҷасорати бузурги меҳнат нишон доданд. Дар ин давродавр 3 навбат зиёда аз 30 ҳазор гектар заминҳои асрҳои аср бекорхобида шодоб шуданд, мардуми 54 деҳа дар ҳафт маҳаллаи хуштарҳи замонавӣ маскан гирифтанд. Садҳо киллометр роҳҳои дури мардумро наздик кард. Дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин мактабҳову беморхонаҳои замонавӣ дар хизмати мардуманд. Дар як худи соли ҷорӣ 75 иншооти хурду бузурги ҷашнӣ ба истифода дода шуд, ки 17-тои онро бевосита худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Мирзо ҲАМДАМ, 

рӯзноманигор

 

Чоршанбе, 04 Ноябр 2020 09:12

Ҳоло чанд палидакаки одина-сағераҳаки дарюсак дар Аврупо пайдо шудаву Тоҷику тоҷикияту миллати тоҷикро инкор мекунанд. Инҳоро ман нек медонам. Яке падарзанашро кушт, ки гули миллат буд, дигаре ғайримазҳабиеро зан кард, чун аз деҳаву қасабааш бо ин палид касе издивоҷ намекард, унаш чархи вертолёти 1 евромуллоеро бо аҳли қабилааш саҷда мекунад ва ғ. ва ҳ…Ва ин дарюсон фикр доранд, ки ируниянд… Пештоз мегӯям, ин беномусҳо бояд 1 бор ақаллан Кулоҳқирмизиву сифоти шиъаҳои фанатеро хонанд, ки гӯри Ҳазрати Ҷомиро бо устухонҳояш, дар Ҳирот, оташ зада буданд…Ин палидакҳо, гуфти бобои Ғулом хеле гузарониданд, то посухашон диҳем. Мо Метавонем!

Эронӣ ё афғонеро дидаед, ки баро¬бари дидани Тоҷики тоҷикистонӣ лабу лунҷро ғундаву кунда карда, бо лаҳни мо сухан гӯяд? На дидаед ва ҳам на мебинед. Вале мутаассуф, ҳатто, дар сатҳи академикҳои мо ин ғунчалаббикшоии иииирониву дарӣӣӣ мушоҳида мешавад. Гарав мебандам: Агар дар дилхоҳ диалекти тоҷикӣ Эронро ИИИрон ё Ирун гӯянду «вежа»-ро «виже», «перомуни»-ро «пи¬ииромуни» ва ғ.ҳ., расман аз ин мушти бар даҳони Тоҷикони марказшитоб задаам, пӯзиш мепурсам! Хеле аҷиб аст, ки бо собиқаи умри 3000 сола мо то ҳанӯз кӯдакем. Чаро? Зеро дар ҷустуҷӯи бародари бузургем!

Оё боре андеша кардаед, ки чаро баробари дидани русҳо оҷилан русӣ ҳарф мезанем? Не? Пас хӯйи ғуломӣ моро бадар нашудааст, ки андеша кунем, чаро чу¬нин аст?! Ман ёд дорам, ки дар 1 ҷаласаи ҳукумат дар сатҳи хеле оливу хеле баланд 1 чиновники рустабори тоҷикистонӣ аз ҷо бадар шуда, бо президенти кишвар русӣ ҳарф зад. Ҳарчанд суолоти сарвари давлат Тоҷикӣ буданд, ӯ русӣ посух мегуфт. Ва ман қарс задам ба русе, ки дар 1 гӯшаи олами тамоман дигар аз ҳувияти миллии худ фахр дорад ва бо Президенти кишвараш бо лаҳни шевои русии худ ҳарф мезанад. Брависсимо!

Вале мо чӣ? Баробари дидани 1 руси кӯчарӯб дар ҷаласаҳо русӣ ҳарф мезанем. Намезанем? Мезанем! Ещё как мезанем!

Гузашта аз ин! Оё эрониеро дидаед, «миллиард сол» дар Тоҷикистон зиставу баробари дидани мо даҳону лабро каҷ карда, аз умқи ноф, то пушти хичак садо баркашида бигӯяд: «Ако, шумоба гап нест, чи хел шуд, ки пеши мо омадед» ва ё «хеле баақл менамоӣ худут»? Нашунидаед ва намешунавед! Вале дилхоҳ олим, забондон, фолклор¬шинос, чиновники Тоҷик баробари дидани эроние…эҳҳҳ, сар мекунадеее: «биродер, чӣ ҷурӣ шудэээ, ке шимо тешриф овардииид», ё ин ки «хили оғиле оғилииид» (яъне оқили оқилед!). Ва ё афғонеро дидаед, ки баробари дида¬ни Тоҷики тоҷикистонӣ лабу лунҷро ғундаву кунда кар¬да, бо лаҳни мо сухан гӯяд? Дидаед? Номаъқул кардед! Надидаед ва ҳам намебинед. Вале мутаассуф, ҳатто, дар сатҳи академикҳои мо ин ғунчалаббикшоии иииирониву дарӣӣӣ мушоҳида мешавад. Гарав мебандам: Агар дар дилхоҳ диалекти тоҷикӣ Эронро ИИИрон ё Ирун гӯянду «вежа»-ро «виже», «перомуни»-ро «пиииромуни» ва ғ.ҳ., расман аз ин мушти бар даҳони Тоҷикони марказшитоб задаам, пӯзиш мепурсам. Ин ҳам дар ҳолест, ки лаҳни Тоҷикии мо беҳтарин, нобтарин гӯиши форсист! Ин фор¬сии тозаи Тоҷикӣ на дар Афғонистон ҳасту на дар Иииирууун!

…Stop! Пеш аз оне ки ба ман тамғаи ииироншитобӣ часпонииид, андеша кунед. Андеша кунед, ки чаро за¬бону лаҳни худро мо дар баробари дидани 1 ҳамзабон фаромӯш мекунем? Андеша кардед? Акнун посухро биш¬навед: Зеро психология, хӯйи ғуломӣ доред! Чаро до¬ред? Зеро ман ҳич гоҳ аз гӯиши Тоҷикии худ шарм на-доштаам ва бо дилхоҳ мухотаб бо шеваи ноби Тоҷикии тоҷикистонӣ гуфтугӯ кардаам, мекунам ва хоҳам кард! Ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Теҳрону Кобул ва Зобулу Бобул ва ҳам дар Амрикову Аврупо. Зеро ман аз Тоҷик буданам фахр дорам! Ва ҳам хеле мутаассифам, ки аз ба¬родарони бисёр гиромӣ ва забондони худ танҳо аз Мир¬зо Шукурзода, Абдулқодири Раҳим ва Сафват Бурҳонов ҳамин рафторро мушоҳида кардааму бас! Дигар, бил¬кулл Тоҷик (аз ошноҳои ман!) баробари дидани ииирунӣ 120 км аз лаҳни шевои Тоҷикӣ фосила мегиранд. Гӯё ше¬вае, ки бо он дар хонадону кӯчаву бозор ва корхонаву ҷаласаҳои ҳукумати кишвари худ ҳарф мезананд, палид, хабис, мариз ва полуда бошад! 

Ва бо ин ҳама фикр доред, ки ииируниву афғонӣ шумо, яъне моро ҳурмат мекунад??? Неъ ва боз ҳам неъи қоқ! Маро бисёр хушам омада буд, ки боре дар конфрон¬си матбуотии сарони кишварҳои ҳамзабон ба суоли 1 «рӯзноменигоре ирунӣ» президент Эмомалӣ Раҳмон посух дод, ки «Бародар, забони ман аз забони эрониҳои шумо дида, хеле форситар аст!». Ин ғурури миллӣ буд! 

Он эронӣ бовар дошт, ки президенти ин кишвар ҳам монандаи кулли академику профессорҳояш пӯзиш хоста¬ву бо лабу лунҷи овезон посух мегӯяд ва бар шеваи эронӣ мадҳ мефиристад. Зеро дар ҳама сатҳ бо ӯ бо гӯиши каҷу килеби ирунӣ ҳарф мезаданд...

«Подхолимничество»-и забониро пеши ҳамзабонон бас кунед, ки обурӯи худро ҳамонгуна, ки дар Русияву Ӯзбакистону Қазоқистон рехтаем, мерезонед! Аз баро¬дарони афғон шеваи фахрро биомӯзед, ки 3 аср аст, дар ҳолати ҷанг қарор доранд, вале барои 1 сафари хидматии ройгон ба кишварҳои ҳамсоя обрӯи забони миллати ху-дро намерезанд:

Хуни худро гар бирезӣ бар замин,

Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор!

Бовар кун, хонанда, банда чизе бар зидди шеваи хубу гӯиши шунавидании эронӣ ва ё дарии афғонӣ надорам, ки асоси форсии бузургро таъсис медиҳанд бо шеваи Тоҷикии мо тавъам!  Аммо маро чун Тоҷик ҳайратам меояд, ки чаро мо ҳини сӯҳбат бо ҳамзабонон аз гӯиши худ ор мекунем?! Ман дар умри на чандон кӯтоҳу на он қадр тӯлониам, ки 4 қитъаи оламро пай задаам, на дидаам ва на шуни¬да, ки миллате аз гӯиши худ шарм дошта бошад, ки мо-Тоҷикон дорем! 

Ҳамзабононро иззат кунед, вале миллати худро дӯст доред! Интеллигенсияи мо пеши ҳамзабонон бо ҳамин думликконӣ обрӯи миллатро ба оҳистагӣ рӯфтан до¬рад, ки набояд аз ин раванд чашм пӯшид.

Миллате, ки аз гӯиши худ, шеваи модари худ, ки дар гоҳвора «суруди алла ёр»-аш мехонд, ор дорад, оё сазо¬вори номи миллату соҳиби истиқлолият буданро дорад? Ин суол ба ҳама ҳамватанони ман аст.

Ман усулан ҷонибдори ба алифбои арабиасос (на ниёгон) гузаштани Тоҷикистон ҳастам. Вале! Ғурури ва¬танпарваронаеро, ки профессор Иброҳим Усмонов дар ин росто дорад, наметавон нодида гирифт. Ӯст, ки худро бо фахр Тоҷик мегӯяд. Дигар кадом академику профес¬сураи мо мисли Усмонов ин фахрро дорад? Воқеан ҳам Иброҳим Усмонов низ дар ҳар дидору ҷаласае, ки дидаам, бо гӯиши тоҷикӣ сухан мегӯяд ва аз ин фахр ҳам дорад, ки ҳалолаш бод! Кай мо ҳадди аққалл чун профессор Усмонов миллатпараст мешавем? Агар ба ин суоли саҳлу сода посух дода тавонем, истиқлолияту миллати мо гоме ба сӯи абадият мебардорад; ва Мо Ме¬тавонем!

Дар сурати акс, 30 не, 300 ҳам не, 3000 сол мустақил ҳам бошем, миллат нестем ва оқибатамон ба хайр нест!!!

Тоҷик бош, хонандаи ман ва бо Тоҷикистону Тоҷикиятат фахр кун. Мо Метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 9 аз 9

Китобҳо

Flag Counter