ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 24 Июн 2020 08:48

17.06.1917. Дар Петроград бо ташаббуси Максим Горкий Лигаи тарбияи иҷтимоъӣ таъсис дода шуд.

18.06.1917. Оғози буҳрони июнии Ҳукумати муваққат дар Русия. Дар ин рӯз даҳҳо ҳазор коргарон ба гирдиҳамоии сиёсӣ шурӯ карда, ҳукумати Керенский дучори бӯҳрони амиқи сиёсӣ гардид.

19.06.1920. Дар РСФСР бо қарори ШКХ, Комиссияи Фавқуллоддаи Умумирусиягӣ бобати маҳви бесаводӣ таъсис дода шуд.

20.06.1918. Дар Петроград аз ҷониби эссерони рост, яке аз беҳтарин суханварони ҳизби болшевикӣ Всеволод Володарский ба қатл расид. Қатли Володарский яке аз аввалин заминаҳои террори сурх аз ҷониби болшевикон унвон гардидааст.

20.06.1921. Дар бандари Петроград аввалин киштӣ бо маводи хӯрока барои кумак ба мардуми гуруснаи Поволже лангар партофт.

20.06.1945. Аз Берлин ба Маскав Парчами Ғалаба оварда шуд. Ин Парчам чанде қабл аз таслимшавии Олмон дар Берлин болои бинои парлумони ин кишвар (Рейхстаг) барафрохта шуда буд.

21.06.1941. Артиши олмонӣ сигнали шартии оғози амалиёти "Барбаросса”-ро дарёфт намуданд. Баъди дарёфти сигнал нерӯҳои низомии Вермахт дар нуқоти шурӯъи амалиёт мустақар гардида, гурӯҳҳои тахрибкори немис бошанд дар ҳудуди СССР ба амалиёти худ шурӯ карданд. Флоти ҳарбии немисҳо даромад ба халиҷи Финро минагузорӣ намуд. 

21.06.1941. Дар Самарқанд мақбараи Темури ланг боз карда шуд. Тибқи баъзе ривоятҳо кандани ин мақбара боиси ҷанг мегашт ва баъди чанд соати кандани мақбараи Темур Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид.

21.06.1956. Дар СССР мушаки нави Р-5М сохта дар истифодаи ҳарбиён қарор дода шуд. Мушаки Р-5М аввалин мушаки шӯравӣ буд, ки метавонист силоҳи атомиро интиқол диҳад.

Чоршанбе, 24 Июн 2020 08:40

Мақолаи бо номи «Ҷарима»-ҳои шахсии сардори БДА-и Ёвон, ки дар ҳафтаномаи «СССР» рӯи нашр оварда шудааст, санаи 12.06.2020 дар ҳузури роҳбарияти Раёсати БДА ВКД ҶТ бо иштироки роҳбарияти ШВКД дар н.Ёвони вилояти Хатлон ва ҳайати шахсии шуъбачаи БДА ШВКД дар ҳамин ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифта, далелҳои дар ҳафтаномаи «СССР» нашргардида, ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳамарӯза бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ҳайати шахсии ШБДА ШВКД дар н.Ёвон тибқи нақшаи ҷобаҷогузории ҳайати шахсии БДА, ки дар асоси таҳлилҳои вазъи садаманокӣ ва интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ тартиб дода, аз ҷониби роҳбарияти ШВКД тасдиқ гашта, ба хизмат сафарбар карда мешаванд.

Ҳамзамон ба маълумотатон мерасонем, ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 87 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҳангоми содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ҷавобгарӣ барои онҳо бо моддаҳои 317 қисми 1, 324, 333 қисми 2, 338 қисми 1, 340 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ  пешбинӣ гардидааст, ҷазои маъмурӣ вобаста ба ситонидани ҷарима дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ, бо додани пардохтномаи намунаи муқарраргардида амалӣ карда мешавад.

Дар дигар мавридҳо аз ҷониби кормандони БДА ҳангоми вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҳуҷҷати ронандагиашон гирифта мешавад.

Новобаста аз ин, нашри мақолаҳои танқидӣ дар матбуоти даврӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷой доштани ҳолатҳои содиршавии амалҳои ношоиста аз ҷониби кормандони БДА ШВКД дар н.Ёвон аз эҳтимол дур нест. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, роҳбарият ва масуълини ШВКД дар н.Ёвон вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти ҳайати шахсии БДА зимни хизматбарӣ дар дидбонгоҳҳо ва хатсайрҳои патрулӣ оид ба риояи қонуният, таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

А.Насимзода, генерал - майори милитсия, Сардори РБДА ВКД ҶТ 

 

Чоршанбе, 24 Июн 2020 08:39

 

 Аз номи кулли омузгорони ҷамоати Зиракии ш.Кӯлоб тариқи почтаи электронӣ- Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ба редаксияи Газетаи мардумии СССР номае расид, ки дар он омӯзгорон аз нагирифтани маош шикоят доранд.

   “- Салом СССР-и азиз! Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма мебинему мешунавем, ки сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтару хубтар мешавад. Вале сатҳи зиндагии мо-омӯзгорони ш.Кулоб айни замон ниҳоят вазнин шудааст, зеро чанд моҳ шуд маош нагирифтаем. ТВ-ҳо ҳар рӯз таъкид менамоянд, ки барои гирифтор нашудан ба беморӣ хуроки серғизо хӯрем, оё бе маош хӯроки серғизо харидану хӯрдан мумкин аст? Дар ин муддат касе ба омӯзгорони ш.Кӯлоб на хайре кардаасту на кумаке, ба ном дар рухсатиему бепул, пас куҷо равем?”-омадааст дар номаи омузгорон.

Аз редаксияи СССР: Мо ин паёми шуморо ҳатман ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф мерасонем ва умедворем, ки эшон барои пардохти пурраи маоши омӯзгорони Кӯлобшаҳр талош мекунанд. Мо Метавонем!

Чоршанбе, 24 Июн 2020 08:31

Лола Абдураҳимова, омӯзгор ва хонандаи домии газетаи мардумии СССР аз н.Абдураҳмонӣ Ҷомӣ занг зада (тел: 985 37 19 00) гуфт, ки оё метавонем бе ягон мушкилӣ барои супоридани қарз 1 моҳ озод шавем?

   - Дар нашри шумораи 11-уми июни соли равон газетаи дӯстдоштании СССР фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро нашр намуд, ки воқеан ҳам ҳамаи шаҳрвандони мамлакатро хурсанд намуд. Ман аз 1 ташкилоти хурди қарздиҳӣ қарз гирифтааму ҳар моҳ маблағ месупорам. Маблағ зиёд несту фоизашам кам, лекин мабодо моҳе, ки натавонем пулро саривақт супорем, ҳатман ҷарима мешавем? 

Чоршанбе, 24 Июн 2020 08:28

   

Саломи самими ба Исмоилҷон Маликов ва кормандони СССР! Ман ба унвони раиси н.Мастчох баҳри иҷроиши амри Президентамон таҳти рақами АП-1366 аз 4-уми августи соли 2010 (таҷҳизонии мактаб бо камераҳои мушоҳидавӣ) муроҷиат намуда будам. Муроҷиати мазкур аз МИҲД-и ноҳия ба идораи раёсати молияи ноҳия фиристода шуд. Аммо сардори ин идора аз иҷро намудани ин амри Президент даст кашида, дархости маро рад кард. 

   Бинобар ин маро зарур омад ба раиси вилояти Суғд муроҷиат намоям, то ки мактаби рақами 1-и ба номи Насим Салим, ки дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бустон ҷойгир асту дар ҳудуди ноҳия ҳамчун мактаби калонтарин ба ҳисоб меравад бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин кунанд, вале мутаассифона ҳанӯз ҷавобе нест.

Хусрав Ҳусейнов, тел: 929349494

 

Чоршанбе, 24 Июн 2020 08:25

   

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад». Лек, афсус, ки солҳои охир амалҳои характери коррупсионӣ дошта дар соҳаҳои хоҷагии халқамон бештар таъсир гузошта истодааст. Дар бархе корхонаҳо ҳатто котибаҳо барои  мӯҳр задану имзо мондани ягон ҳуҷҷат (гувоҳнома, пешниҳод, хулоса ва ғайра) ҳатман маблағ талаб мекунанд. Коррупсия аз ҳама бештар дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба назар мерасаду кор баҷое расидааст, ки дар ин 2 соҳа байни муассисаҳои давлатӣ ва шахсӣ фарқе намонда. Худо накунад, ки агар ҷарроҳӣ лозим шавад аз бинту спирту пахтаи тиббӣ сар карда, то ҷарроҳӣ 5000 сомонӣ меравад, агар иқболат баландӣ кунаду ҷарроҳии такрорӣ лозим нашавад. 

    Дар соҳаи маориф ҳатто аз боғчаю кӯдакистон пулситонӣ сар шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ин амал боз «ташаккул» меёбад. Яъне, дар мактабҳо ҳанӯз ҳам маблағ барои китоб, ҷарима барои қарзи солҳои гузашта, моҳона, маблағ барои обунаи маҷбурӣ, таъмир, барои озмуни ташкили дастархонороӣ, барои киною консерту спектаклҳо, барои суғурта ва ғайраю ғайраҳо идома дорад. Ман мактаберо медонам, ки ҳатто барои тарификатсияро тасдиқ намудан аз омӯзгорон 25 сомонӣ ҷамъ карданд, ки ин боз 1 эҷодиёти ҷадид мебошад.

Ҷаббор Раҷабов, 

хабарнигори мардумӣ, ш.Кӯлоб

 

Чоршанбе, 24 Июн 2020 08:22

Ҳоло Тоҷикистон яке аз марҳалаҳои ҳассостарини худро баъд аз «перестройкаи горбачевӣ», истиқлолхоҳии кишвар, пошхӯрди шӯравӣ ва майдоншиниҳои қабл аз ҷанги гражданӣ ва худи он ҷанги даҳшатбор, аз сар гузаронида истодааст. Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки кишвари мо дар арафаи гузашт ё худ интиқоли қудрат қарор дорад. Душманони синфӣ низ инро хуб дарк кардаанд ва ҳарчанд горе-идеологҳои мо фикр мекунанд, ки бо чашмпӯшӣ аз моҷаро конфликт хатм меёбад, хатои маҳз мекарданд. Зимнан ҳассостарин марҳала шуруъ шуд. Ва дар ин доду ситад шахсан маро мавқеи бемавқеӣ ё худ бетарафии бархе аз зимомдорони вақт ва сиёсатшиносону журналистон нигарон кардааст. Зеро таври маълум, «душман яқин аст», вале онҳое, ки мавқеъ, позитсия, изи ангушт, ҷои пой надоранд, мушаххас нестанд, ки дар сурати лозима фардо паҳлӯи кадом ҷониб қарор мегиранд.

   Ба масали бисёр гӯшнавози Бобои Ғуломи таърихӣ инҳо мардуми «ДУ…ГУНААНД», 2 погон доранд, ки ба таъкиди ҳамон Ғулом Шарипов чандтои онҳоро шахсан худаш бо амри Сталин дар майдони ҷанг парронда будааст. Зеро 2-погонаҳо басо бадтар аз 1-погонаҳостанд.

…Боре, дар соли 1991, дар водии Вахш будаму шоҳиди баҳси бобои Эшони худобиомурз Зарробиддини балҷувонӣ бо ҳамсояҳои қартегиниш гардидам. Журналист будам, ҷавон будам, ҳамагӣ 25 сол доштам. Бобои Чилла ном мӯсафеди нуронӣ дастамро дошту гуфт, ба фикри ту, журналисти «истоличный» кадом номзад хуб аст барои мо, ки аз пасаш равем? Гуфтам ба ӯ, ки дақиқан ҳоло нест, зеро ҳамон солҳо 80 сол беш дошт ва ба ту ҳам хонандаи ин сутур мегӯям:

-Барои Шумо бобо, беҳтарин номзад, каланди худатон аст! Пайғамбар ояд ҳам то кор накунеду наҷунбед, ба шумо нон намедиҳад! Аз кори худатон намонед…

Бобои Чилла дуоям дод. Баъди 4 ё 5 соли ҷанги гражданӣ дуоям дод, ки агар ҳамон вақт мо гапи туи ҷавонро намегирифтем, имрӯз шояд зинда намемондем.

Эй, мардум! Кӯр 1 бор асо гум мекунад. Шумо фикр доред, ки чанд евро-мулло омада хонаи шуморо обод мекунанд? Хестед, ки хобед… Аз худ ва давлату ватанатон намонед!

   Журналист ҳамеша бо ҳама ҳукуматҳо дар ҳолати Оп-позитсия (oppositio) қарор дорад. Яъне мавқеи мардумро, ки ҳифз мекунад, дилхоҳ вазифадор, ҳукуматдор дар симояш душманро мебинад. Ва бояд чунин ҳам бошад. Беҳтарин мавқеи Оп…позитсия мавқеи Додоҷон Атовуллоев аст. Ман низ бо ҳама ҳукуматдорон дар ҳама давру замон дар мавқеи Оп…қарор дорам. Зеро журналистам. Вале ба таъкид мегӯям, ин евро-муллоҳо ҳич вақт ба мо қадри 1 фулусе озодӣ нахоҳанд овард. Баракс, аз ҳамин рӯзамон низ мемонем…

Ман шахсан бо Нурӣ, Мирзо-Ҷагаи раҳматӣ, Искандаров, Қозӣ-домулло, Давлатов, раҳматии Шайх Абдусаттор, Мулло Абдураҳим, Кабирӣ… ва ғ. ва ҳ. риштаи ошноии касбӣ доштам. Ҳамаашон ин навиштаро мехонанд (зиндаҳо) ва медонанд, ки дурӯғ намегӯям. 30% ҳукумат дар дасти ҳаминҳо буд. Вале кадоме аз ишон гуфта метавонад, ки аз 30% ҳукумат, буҷҷа, қудрат, пул, мол, сарват, ғановат, тилову танга…ақаллан 1 «садик», 1 «стадион», 1 дабистон, 1 мактаб, 1 ПТУ, 1 донишкада, 1 китобхона, 1 донишгоҳ ва ҳатто 1 мадраса сохтааст???

ЯГОН нафарашон насохта буданд ва нахоҳанд сохт! Инҳо ҳатто 2 журналисте тарбият накарданд, ки имрӯз бо забони русӣ ақаллан (куҷо расад ба англисиву олмониву фаронсавӣ), дар байнулмилал аз манофеашон пуштибонӣ кунанд?! Ҳамаашон 3-4 то 7-8 зан доштанду коху кушку қасру бустонсароҳо, зеро 30% ҳукумати Тоҷикистон моли ҳалолашон буд!!!

Дигар ҳамин аст табиати ишон, ки имрӯз Европа низ рафта бошанд, либос тағйир кардаанд, вале ботин ҳамон аст, ки будӣ. Ва зимнан пеш аз оне, ки ба полемика ва лже-пафос ҳамкасбони гиромии ман дода мешаванд, бояд сари ин далел биандешанду аз «зерҳимоятҳошон» ақаллан суол кунанд, ки оё ҳамин Сайёфи Мизроб дар мавриди садику кӯдакистону мактабу мадраса рост мегӯяд ё на? Бе таҳқир, бе дашном, бе ҳақорат, пурсед аз ишон. Зиндаанд. Пешатон ҳастанд…

Ҳамдигариро наХоед, ҳамкасбони гиромӣ. Бо ҳарфи «Х.»-и ин дурӯғ-евро-муллоҳо, зеро имрӯз мехоеду фардо дигар ҳарфро корбаст мекунед. Бовар кунед, онҳоро аз ин додуситаду гирумони шумо, ба гуфтаи ҳамон Бобои Ғуломи таърихӣ, ки бетарафонро мепарронду дар ғалаба бар фашизм, дар соли 1941-45 бо ин амалаш саҳми бориз дошт, «пашоли шумо намебарад!».

Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 17 Июн 2020 11:50

- Салом ба аҳли эҷоди Газетаи мардумии СССР! Мо 1 гуруҳ падару модарони донишҷӯён бо назардошти ваъияти карантин дар ҷаҳон ва коҳиш ёфтани даромадҳои иқтисодӣ чӣ ба кишвару чӣ ба ҳар 1 оилаи тоҷик якчанд пешниҳод ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва  пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сарварӣ менамояд, дорем:

1. Дар муддати 2 сол (2020-2021) ҳаққи пардохти маблағҳои шартномаи донишҷӯёни макотиби олӣ ва мактабҳои миёнаи махсус, ҳама намуди муассисаҳои таълимдиҳанда, ки онҷо тариқи шартнома таҳсил мекунанд, коҳиш дода шавад;

2. Ба оилаҳои ниёзманд, маъюб, нафақахурон 50% иловапулӣ дар тули 1 соли оянда пардохт гардад;

3. Шахсони осебдида аз ин вазъият бояд дастгирии молиявӣ бинанд. 

4. Нархи фурӯши сару либоси мактабӣ бояд 30-40% арзон карда шавад.

5. Нархи доруворӣ бояд қатъиян дар назорати давлат бошад, на соҳибкорон;

6. Маблағи ташхиси техникии воситаи нақлиёт низ бояд 50% коҳиш ёбад.    

Умедворем бо назардошти вазъияти молиявии шаҳрвандони мамлакат, алалхусус сокинони деҳот Ҳукумати ҶТ сари ин масъалаҳо фикр хоҳад кард. Мардумро дастгирӣ кунед, то мардум шуморо дастгирӣ кунад!

Бо эҳтиром; Т.Ҷумъаев, О.Баротов, С.Назирмадов, М.Шарипов, Ё.Толибов, дар умум 23 нафар сокинони ш.Кӯлоб

 

саҳ 2 аз 9

Китобҳо

Flag Counter