Дар тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ тибқи мактуби раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳайати муассисон 29 адад иттиҳодияи динӣ бо роҳи худбарҳамдиҳӣ аз Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ бароварда шудааст. Дар ин бора ба хабарнигорон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи мазкур рӯзи 12 июл иттиллоъ дод.
Чуноне ки Сулаймон Давлатзода иброз дошт, айни замон Кумита 162 нафар сархатибону имомхатибонро ба мувофиқа фаро гирифта аз ин теъдод 142 нафар ба мӯҳлати 1 сол, 7 нафар ба мӯҳлати 6 моҳ, 10 нафар ба мӯҳлати 2 моҳ аз мувофиқа гузаштаанд. Вобаста ба таҳлилу ташхиси адабиёти динӣ бошад, дар ин муддат дар асоси 78 дархост, 132 номгӯи адабиёт аз ҷониби коршиносони кумита мавриди таҳлилу ташхиси динӣ қарор ёфта, ба 55 номгӯи адабиёт хулосаи мусбат ва ба 77 номгӯй хулосаи манфӣ дода шудааст.
СССР