ХАБАРИ ДОҒ

1 соати Рамазонии раъиятро баргардонед!

  • Чоршанбе, Июл 13 2016

Ба таваҷҷӯҳи Раиси Дастгоҳи Президенти ҶТ

Мӯҳтарама Озода Раҳмон

 

Мӯҳтарама Озода Раҳмон! Роҷеъ ба мавзуъи фавқ, ки дар зер сари он баҳс меравад, газетаи мардумии СССР 3 сол шуд пайиҳам матлаб менависад. Вале ба назар мерасад, ки ё муллоҳои мо газета намехонанд ва ё барои онҳо далелҳои овардаи мо асар надоранд. 

Сухан сари Тақвими Моҳи Шарифи Рамазон меравад, ки ҳамасола маркази исломии ҶТ тибқи дастури Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар чоп кардаву дастраси мардуми мусалмон мегардонад.

Ба назари мо ин Тақвим ғалат аст ва Шӯрои уламо ҳудудан аз 60 то 88 дақиқа вақти раъиятро «медуздад». Шояд барои 1 мулло ва ё 1 узви ин Шӯро 60-88 дақиқа вақт кирои андеша набошад, зеро таври маълум ишон авқоти хешро дар масоҷиду мадорис, зери кондитсионерҳои муосир мегузаронанду шукронаи нанотехнологияи ҷадид мекунанд. Аммо барои садҳо ҳазор раъияти ин Давлат, ки бо корҳои саҳро, сохтмон, нақлиёт, тиҷорату савдо, кӯчарӯбӣ, роҳсозӣ, ҳаммолӣ ва ғ. ва ҳ. машғуланд, ин дақиқаҳо тақдирсоз буда метавонанд. Илми тибби муосир исбот кардааст, ки агар мардум 60-88 дақиқа пештар ё баъдтар ифтор кунад, ба қобилияти кории ишон ва саломатии онҳо таъсиргузор аст. Мутаассуф, таъсири ин Тақвим бештар манфист, ки мусбӣ бошад.

Чаро тақвими муосирро муллоҳо намебинанд?

Биёед, ба шафтолуи гап гузарем. Асри 21, қарни нанотехнология, интернет ва дигар дастовардҳои рақамист. Зимнан Тақвими муллоҳое, ки аз шики дастовардҳои ин аср-кондитсионеру баландгӯяку мошинҳои ҷадид истифода мекунанд, бояд бо Тақвимҳои астрономии муосир мутобиқ гардад. Амрикоро кашф намекунем, агар гӯем, Тақвимҳо ба дину мазҳабҳо тақсим намешаванд. Зимнан муллоҳои мӯҳтарами мо бояд ақаллан ба Тақвимҳои астрономие, ки дар сайти http://dateandtime.info/ru/citysunrisesunset.php?id=1221874&month=6&year=2016 ҷойгир шудаанд, назаре дӯзанд. Ҳамин кофист, то хатои худро дарк кунанд!

Дар ин сайт равшану возеҳ омадааст, ки Субҳи козиб кай фаро мерасаду Субҳи содиқ (замони даҳон бар ғизо бастани муслимин) кай меояд ва Тулуъи офтоб, яъне Рӯзи Равшан кай медарояд. Фарзи мисол, мегирем, санаи 06.06.2016-Рӯзи аввали моҳи Рамазони шарифро:

Дар Тақвими Шӯрои уламо омадааст, ки ин рӯзи аввали Рамазон буда, Субҳи Содиқ, яъне вақти даҳонбандии рӯзадорон соати 03:10 дақиқа фаро мерасад. Тулуъи офтоб-05:05 ва Шом, яъне вақти ифтор соати 19:55 дақиқа медарояд. Дарозии рӯзи Рӯзадорон тибқи ин дастур 16 соату 45 дақиқа аст. Ин сирф назари чанд муллоест, ки ба таҳқиқ аз илми астрономия хабар надоранд, вале мутаассуф фатво медиҳанд.

Акнун назаре мекунем ба Тақвими астрономие, ки дар тамомии олами муосир аз он сару кор мегиранд:

Мувофиқи ин Тақвим Субҳи Содиқ расо соати 04:29 дақиқа медарояд, Тулуъи офтоб 05:00 ва Шом 19:46 фаро мерасад. Дарозии рӯзи Рӯзадорон тибқи ин Тақвим 15 соату 17 дақиқаву 56 сония аст! Ба арифметикаи оддӣ рӯ меорем:

Х=16,45-15,17

Х=01,28

Яъне тибқи ин Тақвим дар рӯзи аввали Рӯза раъияти мусалмон ва соҳибимони ҶТ 1 соату 28 дақиқа=88 дақиқа гум мекунанд. Рӯзадорон медонанд, ки барои ишон 1 дақиқа чӣ қадар муҳим аст. Муллоҳои мо бошанд, ҳудуди 1,5 соат вақти ифтору айшу нӯши мардумро «дуздидаанд»!

Ба таҳқиқ муллоҳои мо Субҳи Содиқро аз Козиб фарқ намегузоранд. Субҳи козиб ин Субҳи Астрономист (астрономическая заря-сумерки), ки соати 03:05 дақиқа фаро мерасад. Субҳи Содиқ бошад дар илми муосир Субҳи Гражданӣ (Гражданская заря) ном дошта, соати 04:29 дақ. фаро мерасад. 

Дар Тақвими мазбур ҳатто шарҳи Субҳи козибу Содиқ меравад, ки ба забони асл, яъне русӣ меорем, ки сареҳатан равшан гардад:

Во время гражданских сумерек солнце находится от 0 до 6 градусов ниже линии горизонта. Предметы и объекты хорошо различимы без искусственного освещения. 

Во время астрономических сумерек солнце находится от 12 до 18 градусов ниже линии горизонта. После окончания вечерних и до начала утренних астрономических сумерек небо достаточно темно для проведения любых астрономических наблюдений...

Тақвимро ислоҳ кунед!

Кӣ ба доди мардуми мусалмон ва раъияти ҶТ мерасад, агар на Шумо, мӯҳтарама Озода Раҳмон, ки нафари муосир ва сиёсатмадори ҷадидед?

Мо чӣ мехоҳем? Мо Мехоҳем, ки аъзои бисёр мӯҳтарами Шӯрои Уламо дар Тақвими ояндаи худ дар моҳи Рамазон ин ситамро аз сари мардуми мусалмон дур кунанд ва ҳини пешкаши он ба раъият бо астрономҳо, физикҳо машварат созанд ва ё ҳадди ақалл аз Тақвими астрономии дар Интернет мавҷуда истифода баранд. Охир Рӯза ин нахӯрдану наошомидан ва тарки ҷимоъ аз Субҳи Содиқ то Фурӯ рафтани Офтоб аст!

Воқеан ҳам, худи муллоҳои мӯҳтарам медонанд, ки Рӯза Фарзи Илоҳӣ ва яке аз аркони Исломи азиз аст ва зимнан ба Намози Шом бастагӣ на-до-рад! Рӯзаро қабл аз бонги азони Шом мекушоянд, вақте Офтоб фурӯ рафт! Зимнан дар тақвим қабл аз Намози Шом бояд вақти ифтор, ё худ рӯзакушоӣ низ сабт гардад, ки ба таҳқиқ соати 19:45-19:50 дақиқа мешавад. Худи муллоҳо 10 дақиқа қабл аз Шом ифтор мекунанд. Ё не, муҳтарам домуллоҳо? Пас чаро раъияти бечора мунтазири бонги азон нишинад???

Фиреби мулло-гуноҳ!!!

Мо хуб медонем, ки муллоҳои мо дар асри 21 низ мардуми боҳуш ва донишмандро бо тамғаи куфру гуноҳу бидъат ва ғ. ва ҳ. метарсонанд. Зимнан СССР омодааст, бо ишон баҳси созанда кунад, ки Тақвимашон ғалат аст. Ғалат будани тақвими муллоҳои моро ҳатто худашон собит месозанд, ки соати 03:10 дақиқаи Рӯзи аввали Рамазон (мисли дигар рӯзҳои он) бонги Азони намози Бомдод намедиҳанд! Зеро Азони намози Бомдод 10-12 дақиқа қабл аз дамидани субҳи Содиқ садо медиҳад! Мо дар давлати дунявӣ ва муосир ба сар мебарем ва зимнан аз рӯи Тақвими кадом муллое Рӯза доштану ифтор кардан, ба фикри сирф фардии мо қобили қабул набояд бошад. Оре, мо мусалмонем, вале мусалмони мутаассиб не; мо мусалмони замонавӣ ва ҳамқадами асрем. Зимнан нахустин коре, ки кунем, ин ислоҳи ҳамин тақвим бояд буда бошад! 

Мӯҳтарама Озода Раҳмон! Умед дорем, ки баъд аз дахолати шахсии Шумо, ин мушкили воқеан ҳам бузурги рамазонии мо ҳаллу фасл мешавад. 

Мо метавонем!

Дар зер Тақвими астрономии роиҷ дар олами муосир пешкаши хонанда мегардад, ки худ бинаду қиёс кунад ва ҒАЛАТИ Тақвими Шӯрои уламоро дарк созад:

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter