Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, ки танҳо дар соли 2016 43 нафар шаҳрвандони кишварро, ки дар мактабҳои динии давлатҳои дигар ғайриқоунунӣ таҳсил мекарданд, баргардонидааст.
Чуноне ки Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи мазкур рӯзи 10.01.2017 зимни нишасти хабарӣ зикр кард, тайи солҳои охир ба Тоҷикистон 3493 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамуданд, баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 92 нафарашон бо роҳҳои гуногун дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштандва айни замон барои овардани онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.
СССР