Дар даврони Советӣ аз СССР ҳар сол 20-25 нафар ҳаҷ мерафт, боз нимаш коркунони КГБ буд. Аз ноҳияи мо то соли 1987 ҳамагӣ 1 кас ҳоҷӣ буд. Ин ҳам бошад, Мулло Пирмаҳмад имом-хатиби масҷиди ҷомеи собиқ колхози Ленин. Дар ин вақт 1 масҷиди ҷумъахонӣ буд. Дар ин масҷид тамоми Шаҳринав, Ҳисор, Узун, Сариосиё ва Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷумъахонӣ меомаданд.
Соли 2005 вақте ман сафари ҳаҷ кардам, беш аз 5000 кас ҳаҷ рафта, Маккаю Мадинаро зиёрат карда, номи баланди ҳоҷигиро соҳиб шуда баргаштанд. Аз с.2000 инҷониб ҳар сол 5000 нафар ба ҳаҷ меравад. Шумораи ҳоҷиҳо нағз, акнун ба сифаташ мегузарем.
Нос ва тавофи Каъба
Дар вақти зиёрати хонаи Худо, ки мо 6 нафар аз Шаҳринав будем, 1 писар сӯи мо давида омад: «Шумо аз Тоҷикистонед?» Ҳа, чӣ буд? «Э, нос доред, нос!» Гуфтем, ки мо нос намекашем. «Илтимос, нос ёфта диҳед. Отам қасам хӯрда мегӯяд, ки то нос ёфта наоӣ, ман Каъбаро тавоф намекунам». Ана ёбу гир!
О, ҳамин хелин бангӣ будӣ, чаро ҳаҷ меравӣ? Хонаи худатро ҳаром кардӣ, кӯчаҳои Тоҷикистонро ҳаром кардӣ, боз Маккаро ҳаром мекунӣ? Эшони Нуриддинҷон (н.Ваҳдат), Ҳоҷӣ Мирзо (Кӯлоб), Эшони Аллома (н.Турсунзода) дар мавъизаҳои худ дар намози ҷумъа бо далелаш гуфтанд, ки нос ҳаром. Эшони Аллома ба саволи ман дар бораи нос гуфт, ки агар имом носкаш бошад, аз қафояш намоз нахонед! Ҳозир ҳоҷӣ носкаш, ҳоҷӣ арақхӯр, ҳоҷӣ зинокор, ҳоҷӣ дурӯғгӯ, ҳоҷӣ сигорӣ, ҳоҷӣ дурӯғнавис ва… ҳамакора. Ҳатто ҳоҷӣ герчикҳо ҳам ҳастанд.
Гоҷиҳои ҳоҷиҳо
1 ҳоҷӣ аз Регар дар тӯяш маст бо артистҳо то соати 1 шаб рақс карда, аз даҳони артист бӯсидааст. Дар ҳамин вақт замин ҷунбидааст. Гуфтааст, дидед, заминро ҳам ҷунбонидам. Наузанбиллоҳ! Ман барои навиштаҳоям ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё ҷавоб мегӯям. Ман 40 сол нони СССРро хӯрдам. СССР моро хӯронд, пӯшонд. Ман ятим калон шудам. Ҳар сол мактаб ба ман ботинка, курта, жимпер, соли охири хониш ҳатто палто дода буд. Чӣ хел ман инҳоро инкор мекунам? Агар дурӯғ нависам, нони СССР маро мезанад. Воқеан, СССР камбағалпарвар буд. 1 халта орд аз Русия меомад-12 сӯм, 1 кг биринҷ аз Таиланд меомад-80 тин, 1 кг моҳӣ аз Сахалину Владивосток меомад-90 тин...
Савод ва ҳоҷӣ
Боз меоем сӯи масъалаи ҳоҷиҳо. Ҳукумати Тоҷикистон бояд барои ҳаҷравон курси якмоҳа кушояд ва одати ҳаҷро омӯзонад. Чунки бисёр ҳоҷиҳо бесаводанд. Фарзу суннати ҳаҷро намедонанду бетартибу беинтизом, чашмгурусна, одоби одии одамиро намефаҳманд. Вақте дар Мино будем, дар палатаи ҳамсоя ҳоҷиҳо баланд-баланд механдиданд. Дарёфтам, ки инҳо албатта аз Тоҷикистонанд.
Вақте мо дар Масҷиди ҷануби Азизия будем, 1 муллобача аз Хуҷанд амри маъруф карда гуфт: «Пули кӣ ҳаром бошад, аз ҳамин ҷо баргардад, Мадинаро ҳаром накунад, хоҳ-нохоҳ ҳаҷаш қабул намешавад. Агар касе баъд аз ҳаҷ рафтан тарки намоз кунад, арақ нӯшад, зино кунад, ҳаҷаш ботил мешавад. Модоме, ки баъд аз ҳаҷ омадан, арақ менӯшӣ, зино мекунӣ, кина меварзӣ, дурӯғ мегӯӣ, ришва мегирӣ, нағзаш ҳаҷ нарав. Хонаи худро ҳаром кардӣ, илтимос, Маккаю Мадинаро ҳаром макун!»...
Ҳаҷ чанд бор аст?
1 ҳоҷӣ таъриф мекард, ки 6 бор ҳаҷ рафтааст. Гуфтам, ки бародар, ҳаҷ 1 бор фарз, ана 2 бор, вале 6-7 бор ба ту чӣ лозим? Ягон ятимро зан деҳ, ба бечорае соя шав, дар қишлоқат пул ё мактаб соз, ё трансформатор хар! Ана ту ба савоб! Дар ҷавоб гуфт, «кори ту набошад. Ман бо пули ту меравам?». Баъд аз ҳаҷ омадан (агар қабул шуда бошад) ба 1 гуноҳ 70 гуноҳ, ба 1 савоб 70 савоб навишта мешавад. Шайх Саъдӣ мегӯяд:
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд ҳанӯз хар бошад.
Ҳоҷӣ-дурӯғгӯ нашавед
1 рафиқ дорам, аз сангмелагиҳо, номаш Нормурод. Ҳозир ҳамааш оилавӣ дар Русия зиндагӣ доранду шаҳрванди Русия. Дар шаҳри Чита чанд мағоза доранд. Бисёр бой, боқувват. Ӯро 1 вақт дар 1 маърака дар деҳаи Сангмела дида, пас аз салому алайк пурсидам, ки «ту бойӣ, чаро ҳаҷ намеравӣ?» Гуфт: «Ман фақат мардумро фиреб мекунам, дурӯғ гап мезанам, лоиқи мартабаи ҳоҷигӣ нестам». Раҳмат бар падарат гуфтам, барои рост гуфтанат. Солҳои ҷанги бародаркуш баъзе боевикҳо хонаи тоҷикро ғорат карда, падари худро ҳаҷ роҳӣ карданд. Ман инро бо 2 чашми худ дидаам. Ёд дорам, соли 1993 Арабистони Саудӣ зоирони моро «шумо мусулмонкуш» гуфта қабул накард. Баъд зоирони мо аз ҳисоби Ӯзбекистон вориди Маккатулло шуда буданд.
Ҳоҷӣ Раҷабалӣ Ҳусейнзода,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Шаҳринав