ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Мирзо: Эмон адаб аст!

  • Чоршанбе, Май 03 2017


Қиссаи ахлоқии №4:

Ба кӯдак шири ҳалол диҳед!
Қиссаеро барои тасдиқи суханҳои дар шумораи гузашта рафта меорам, ки шояд ин қисса дар ҳаёти мо таъсири нек гузорад ва минбаъд фарзандони хушфеъл, ғайюр дар ҷомеъаи мо ба вуҷуд биёяд.

Амир Дӯстмуҳаммадхон яке аз подшоҳони Афғонистон будааст. Дар замони подшоҳии ӯ подшоҳе бо артиши худ ба Афғонистон ҳамла кард. Ӯ нороҳат шуд ва аз он тарсид, ки салтанаташ аз байн мераваду мулкаш харобу вайрон. Ба хонумаш гуфт, ки «душман ба кишварамон ҳамла кардааст, фарзандро бо лашкар ба муқобалаи душман фиристодаам». Хонумаш гуфт, «нигарон мабош, худованд ба ту кумак мекунад». Рӯзи дигар подшоҳ хеле нигарон вориди кох шуда, ба хонумаш гуфт: Хабари ғамангез, писарамон дар муқобили душман шикаст хӯрда аз майдони ҷанг фирор кардааст, душман ворид ба хоки мо мешавад. Хонумаш гуфт: Ин хабар дурӯғ аст, аслан ин хабарро бовар накун. Подшоҳ гуфт: Аз манобеъи муътабар хабар расидааст. Хонум гаштаю баргашта мегуфт, ки ин хабар дурӯғ аст. Подшоҳ ба худ гуфт: Ин 1 зан аст, дидаю нодида барои хуш кардани худаш ин ҳарфҳоро мезанад. Рӯзи дигар подшоҳ бисёр хушҳол вориди кох шуда, гуфт: Хонум, табрик ба Шумо, чизе Шумо гуфтед, рост будааст. Хабар расид, ки душман шикаст хӯрд, душман фирор кард. Фарзандамон дар ҳоли баргашт аст. Хонум бо «Алҳамдулиллоҳ» худоро сипос гуфт. Подшоҳ ба хонумаш гуфт: Ту аз куҷо донистӣ, ки писарамон шикаст нахурдаву фирор накардааст? Оё ба ту ягон илҳом меояд? Хонум гуфт: Не, ба ман илҳом намеояд, илҳом ба авлиёҳо меояд. Подшоҳ гуфт: Чӣ хел ту бо дили пур гуфтӣ, ки онҳо шикаст нахӯрданд? Зан гуфт: Ин ҷо дар воқеъ 1 розе вуҷуд дорад ва ман розро то имрӯз ба касе нагуфта будам ва намехоҳам бигӯям. Дустмуҳаммадхон исрор кард, ки то онро бигӯяд. Хонум маҷбур шуд ва ъарз кард: «Ман яқин доштам, ки фарзандамон ё пирӯз мешавад, ё кушта, аммо ҳаргиз аз ҷанг фирор намекунад. Ъиллаташ ин буд, ки вақте ин бача дар шиками ман буд, бо Худованд ъаҳд кардам, ки то 9 моҳ луқмаи ҳаром дар даҳонам намегузорам, зеро хуне, ки аз ғизои ҳаром дуруст шавад, ба ахлоқи фарзанд таъсир мегузорад. Ман бар ъаҳди худ пойбанд будам. Натанҳо аз ҳаром, балки аз ғизоҳои машкук ҳам парҳез мекардам. Дигар ин, ки вақте ин фарзанд таваллуд ёфт, хеле аз хидматгузорон ҳозир буданд, ки ба ӯ шир диҳанд. Аммо ман розигӣ намедодам ва равиши шир доданам чунин буд: Таҳорат мекардам, 2 ракъат намоз мехондам, баъд шир медодам, барояш дуъо мекардам. Бинобар ин аз шири пок ва хуни пок дуруст шуда ва ахлоқи неку дар ӯ ба вуҷуд омад. Фирор кардан аз душман, буздилӣ нишони 1 хислати зишт аст. Шуҷоъату шаҳомат хислати хубест, бо ҳамин далел вақте аз Шумо шунидам, ки писарам фирор кардааст, бовар накардам. Албатта Шумо мегуфтед ӯ шаҳид шудааст, бовар мекардам.
Ҳазрати қорӣ Муҳаммад Тайиб баъд аз нақли ин қисса сухани бисёр боҳикматона мезанад: «Вақте занони кохнишин метавонанд чунин парҳезгор бошанд, пас чаро хоҳарону модарони дигар наметавонанд ин гуна роҳи некро бигиранд?»
Дар охир аз хонандагони азиз инро таманно дорам, ки баъд аз хондани ин сутур Худованд ба шумо тавфиқи пойбанд шудани ин роҳро насиб гардонад.
Бо сухани ширини шайх Саъдӣ ин сӯҳбат ба поён расид:
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рӯзе завол.
Ъинон суи ъилму ъадаб тохтанд,
Ки номи наку аз адаб ёфтанд.
***
Кардам аз ъақл суоле, ки бигӯ, имон чист?
Ъақл бар гӯши дилам гуфт, ки имон адаб аст.

9

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter