Талоқ дар хоб қабул аст?
Суол: Ин ҷо ман дар робита ба мавзӯъи талоқ аз домулло савол карданиам, ки мард дар хоб агар занашро талоқ диҳад, баъд чӣ мешавад? Хоҳишмандам, ки ба ин пурсиши ман устод бо далел аз оятҳои қуръонӣ, агар бошад бо ривоят ва амри маъруф, посух бидиҳанд. Мо ташнаи мавъизаи устод ҳастем. Қаблан сипосгузорам!
Ҳаким Усмонов, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Бохтар
Посух: Дар аввали ибораҳои китоби талоқ, дар китоби «Мухтасар-ул-виқоя» чунин омадааст: Талоқ воқеъ мешавад агар талоқдиҳанда ъоқил бошад. Талоқ воқеъ намешавад аз ҷониби нафаре, ки девона бошад, ё дар хоб занашро талоқ диҳад, зеро ихтиёри ин нафарҳо дар дасташон нест.
Мафҳуми «талоқ» дар истилоҳи шаръӣ изолаи ъақдро мегуянд, яъне кушода шудани гиреҳ, яъне никоҳ, ки мисоли гиреҳ аст. Талоқ кушодани ин гиреҳ аст.
Дар мастӣ талоқ додан равост?
Суол: Ман 1 мушкили сахту печида дорам. Ростӣ, хело фикр кардам, ки дар бораи ин ба кӣ гӯям? Ва оё гӯям, ё нагӯям? Зеро аз гуфтанаш-ку тарс надорам, аммо шарм медорам. Ин барои ман ор аст. Ман моҳе пеш занамро дар ҳолати мастӣ, ки аз меъёр зиёд нӯшида будам, талоқаш додааму худ бехабар. Баъди он ки чанд соат пас ба худ омадам, занамро дар хона надидам, ҳатто кӯдаконамро низ. Аз апаам, ки дар ҳамсоягиям зиндагӣ мекунад, пурсидам, ки оилаам куҷо рафт, гуфт, ки дина занатро талоқ додӣ-ку? Валлоҳ, ки дарак надорам! Бовар кунед, ки аз зиқӣ дар 1 моҳ 13 кг хароб шудаам. Ягон иштиҳои кору бор ва хӯрдан нест. Қариб аст, ки ба касалии рӯҳӣ гирифтор шавам. Ман аз домулло бо ихлосу самимият пурсиданиам, ки мард дар ҳолати мастӣ занашро талоқ диҳад, талоқаш қабул мешавад ё не? Зеро мард аз беҳушӣ талоқ додааст, яъне надониста…
Нуриддин Каримов, ронандаи таксӣ, маҳаллаи 103, н.Сино
Посух: Аввалан, бародари ъазиз, ҳар чизеро, ки Аллоҳ моро аз вай манъ кардааст, ҳамеша ба фоидаи мост. Агар касе шароб, ҳашиш, афюн ё маводи масткунандаи дигаре истифода барад ва дар ҳолати мастӣ ҳамсари худро талоқ кунад, талоқ воқеъ мешавад. Вале дар қавле аз Имом Шофеъӣ (р.ҳ) ва дар ривояте аз Имом Аҳмад (р.ҳ) талоқи маст умуман воқеъ намешавад. Ва ин қавлро аз имомони мо Имом Зуфар (р.ҳ), Имом Таҳовӣ (р.ҳ) ва Имом Кархӣ (р.ҳ) ихтиёр намуданд, зеро одами маст дар ҳолати беҳушӣ ва берун аз ирода қарор дорад ва ӯ дар ин ҳолат ба манзалаи маҷнун (девона) аст. Мурод аз мастӣ дар ин ҷо ниҳояти мастист, ки шахс дар он дигар заминро аз осмон нашиносад, мардро аз зан ҷудо карда натавонад (ҳошияи «Ҳидоя», ҷилди 3, саҳ.14).
Ба ъақидаи Ибни Ҳумом, ибни Ъобидин (р.ҳ) ҳадди мастӣ шарт нест, балки гуфтани ҳазён ва ихтилол (беҳудагӯӣ, сафсатагӯӣ) кифоя мекунад. Пас шумо ба идораи Маркази Исломӣ муроҷиъат кунед, иншоаллоҳ коратон ҳал мешавад.
«Ҷиҳодиёни баргашта» ҳаққи зистан доранд?
Суол: Онҳое, ки бо ҳар роҳ аз ҷиҳод гӯё пушаймон шуда бармегарданд, ҳаққи зистан доранд? Зеро бархе бар ин фикранд, ки онҳо аз Сурияву Ироқ ҳамчун миссионер баргаштаанд ва фаъолияти ҷосусиро дар Тоҷикистон ба роҳ мемонанд. Онҳоро бояд ё аз рӯйхати шаҳрвандӣ хат занем, ё бипаронем?
Арслон Исломов, муаллим, ш.Қӯрғонтеппа
Посух: Имрӯз аз тарафи Давлати Тоҷикистон ҳамчун ғамхор инҳоро мебахшанд. Фақат инҳоро минбаъд тарбияи дуруст кардан даркор. Фикрҳои нодурустро аз сари инҳо дур сохтан даркор. Аз Худо умед ҳаст. Хуб мешаванд. Вақте инсон аз гуноҳ пушаймон мешавад ин худ тавба аст.
Мурдаи занро кӣ дар қабр гузорад?
Суол: Агар майита ягон маҳрами тан надошта бошад, он гоҳ кӣ вайро ба қабр мегузорад? Дар ин ҳолат оё шавҳар ҳаққи дар қабр гузоштанро дорад?
Ҳоҷӣ Абдуллоев, нафақагир, ш.Душанбе
Посух: Мурдаи занро дар қабр бояд маҳрамаш гузорад, мисли падар, бародар, тағо, ъаммак, фарзандаш. Агар инҳо набошанд метавонад дар зарурат шавҳараш, ё марди солеҳ ӯро дар қабр гузорад.