Ҳамчунин занҳои дар Рамазон ҳоиза (ҳайздида) ва нифосдида метавонанд ба адади рӯзҳои беморияшон рӯза нагиранд. Баъди сиҳҳатшавӣ рӯза гирифтан барояшон лозим меояд.
Фидяи рӯза
Пири солхӯрда ва барҷомонда, ки тавону қуввати рӯзагирӣ надорад, ҷоиз аст, то дар Рамазон рӯза нагирифта, дар муқобили рӯзааш фидя бидиҳад. Фидя ин аст, ки барои фавти ҳар рӯз барои 1 мискин таом ё қимати таомро медиҳад. Дирӯз дар намози ҷумъа 1 бародари мо инро суол карда буданд: Рӯзадорро чизе хоидан ва аз ғайри зарурат ба нӯги забон таъми чизеро дидан, ба қасди таскини ҳарорат дар об нишастан, дар ҳаммом зиёда аз ҳоҷат бисёр нишастан, дар обҳои бузург мисли рӯду ҳавз ва кӯл оббозӣ кардан, ба шарте ки об ба дарунаш наравад, агар об ба дарунаш равад, рӯзааш табоҳ мешавад?
Дар таҳорат сахт ғарғара кардан ва обро дар даҳон бисёр гирифтан, ба нафаре бо назари шаҳват нигаристан, дар вақти истинҷоъ аъзои худро суст кардан ва нафас гирифтану сахт шустан, ба шарте ки об ба дарун наравад, аммо агар об ба дарун равад, рӯза табоҳ мегардад.
Бо мардум сахт гуфтан ва ҷанг кардан, ба тамошои беҳуда ва абас нигаристан, тамоми рӯзро ба хоб ё ба бекорӣ сипарӣ кардан, шаб ифтор накарда, 2 рӯз паиҳам рӯза гирифтан ва яке аз суннатҳои рӯзаро тарк намудан, макрӯҳ аст.
Аммо таоми мехаридагӣ ё мепухтагиро барои зарурат ба нӯги забон таъмашро дидан, ё барои тифли хурдсол дар зарурат таомро хоида додан, дар ҳаммом ба қадри зарурат истодан, дар хона об рехта ғусл кардан, мисвок намудан, сурма кашидан, мӯйи лабро равған кардан, фарзанди худро бӯсидан, ҳиҷомат кардан, шуллук мондан, оби даҳони худро аз ғайри даҳон баровардану фурӯ бурдан мубоҳ аст. Ба ҳар ҳол кароҳияте дорад. Дар ин корҳо рӯза намешиканад ва аз кароҳат ҳам хавф бурдан лозим аст, рӯзадори азиз!
Худованд дар тановули банда мӯҳтоҷ нест
Агар рӯзадор аз пайравӣ аз фармони парвардигор, ҳини рӯза аз хӯрдани таомҳои лазиз худдорӣ варзад, ҳатман иродааш мустаҳкам хоҳад шуд. Ӯ хоҳад андешид, ки ҳар қадам ва ҳар кораш аз ҷониби Худованд назорат хоҳад шуд. Аз ин рӯ аз дурӯғ, фитна, бӯҳтон, ғайбат, дашном ва дигар афкори бад худдорӣ хоҳад кард. Чунончи Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: Ҳар рӯзадоре, ки сухани дурӯғ ва амал кардан ба дурӯғро хотима надиҳад, Худованд дар нахӯрдану нанӯшидани банда эҳтиёҷе надорад. Рӯзадор бояд қоидаҳои рӯзаро пурра риоя кунад, таслими пурхӯрӣ шудан бар хилофи ахлоқ аст.
Пур махӯр, охир баҳоим нестӣ!
Аз ин рӯ дар ғизо хӯрдан андозаро бояд нигоҳ дошт. Чунки пурхӯрӣ мояи амрози гуногун ва аз даст додани саломатист, хонандаи азиз!
Дар рӯзакушоӣ низ бояд хӯроки сабук бихӯрӣ. Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) чунин ҳадисе гуфтаанд: Рӯза нерӯи пешгиранда аст. Агар касе аз шумо рӯза мегирад, набояд калимоти зиштро ба забон оварад. Ва набояд бо ашхоси бад ошно шавад. Агар касе бо ӯ муноқиша кунад, ӯ бигӯяд:
Эй бародар! Ман рӯзадорам!
Қазо ва кафорати Рӯза
Ҳар касе, ки дар моҳи Рамазон рӯзадор бошаду қасдан ба ихтиёри худ, об, таом мева, дору бихӯрад ва ё ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) кунад, рӯзааш мешиканад. Ба ин шахс ҳам қазо ва ҳам кафорат лозим мешавад.
Қазо он аст, ки дар баробари 1 рӯзи шикастагиаш баъд аз Рамазон рӯза медорад. Кафорат он аст, ки 2 моҳ пайи ҳам рӯза медорад. Агар аз ӯҳдааш набарояд, ба 60 мискин таом медиҳад. Агар рӯза нафлӣ ва ғайри моҳи Рамазон бошад, дар он сурат фақат қазо лозим мешавад.
Ҳар кас рӯза будани худро дониста ва ғайри қасд, яъне нохост чизеро фурӯ барад, мисли ин ки дар вақти таҳорат кардан ба ҳалқаш об равад ва ё ҳини даво кардан давои ғизое ба ҳалқу димоғ ё шикамаш равад, ё ба зӯр чизе бихӯронанд, ё кори мухолифи рӯзадорӣ бикунонанд, ё ба гумони ин ки субҳ надамидааст, кори мухолифи рӯзадорӣ кунад, ҳол он ки офтоб фурӯ нарафта бошад, ё чизҳои одатан ғизову давои намешуданиро истеъмол кунад, мисли фурӯ бурдани сангреза, хок ё хокистар, ё зӯран худро қай кунонад, ё аз миёни дандонҳои худ ба қадри нахӯд ғизоеро фурӯ барад, ё дар вақти ба осмон нигаристан аз ҳаво борон ё барф ба даҳонаш омада ба ҳалқаш фурӯ равад, ё ҳуқна (клизма) кунад, ё ба сабаби бозӣ кардану бӯсидану даст расондан ба зан ғайри хуфту хоб эҳтиломӣ шавад, рӯза мешиканад. Дар ин ҳолатҳо баъди ид 1 рӯз қазо медорад. Ҳини рӯй додани ҳолатҳои боло бояд то вақти шом мисли рӯзадор бошад. Рӯзҳои дигари Рамазонро пурра бояд, ки ният кунад.
Дар мавриди суннат ва фоидаи рӯза бояд гуфт, ки ғизои саҳарро бешитоб бояд хӯрд. Рӯзаро бояд пеш аз хондани намози шом бо хурмою намак, мавиз, об ё мева, кушодан суннат аст. Ҷаноби пайғамбар чунин мекарданд.
Рӯза ба мусулмони соҳибулақл воҷиб аст!
Хонандаи ниҳоят гиромиқадр! Нияти моҳи шарифи Рамазонро ба шумо арза медоштам. Нияти рӯза гирифтан: Ният кардам рӯзаи фарзии фардоро, ки аз моҳи Рамазон аст. Ва шомгоҳон нияти рӯза кушодан чунин аст: Парвардигоро, танҳо барои ту рӯза доштам ва ба ту имон овардам. Ва ба ту таваккул кардам ва аз ризқи додаат ифтор мекунам.
Рӯза яке аз рукнҳои асосии Ислом аст, бародарони азиз! Рӯза гирифтан дар моҳи мубораки Рамазон дар қатори намоз, закот, зиёрати хонаи Каъба ва ба забон рондани калимаи тайиба ва шаҳодат, аз ҷумлаи 5 рукни асосии Ислом аст. Рӯза ба мусулмонони соҳибулақл воҷиб аст. Оид ба фарз будани рӯза Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Аузибиллоҳи минан шайтонир раҷим. Ё айюҳа лазина оману кутиба алайкуму сиём каммо кутиба алаллазина мин қабликум лаалакун таттақун. Ин ояти 183 дар сураи Бақара аст. Яъне, эй касоне, ки мӯъмин шудаед, ба шумо ҳукм аст, ки рӯза бигиред. Ҳамон тавр ки барои пешиниёни шумо ҳукм гардид, то шояд парҳезгор шавед. Ба воситаи рӯза доштан, нафси инсон ба тарки лаззат ва хоҳишоти шаҳвонӣ одат мекунад. Он гоҳ кас метавонад аз лаззату орзуҳое, ки шаръан ҳаром аст, нафсашро боздорад. Ва ба ин восита порсову парҳезгор шавад. Аз ин рӯ дар моҳи мубораки Рамазон барои ҳар як марду зан ва духтару писари болиғи мусулмон рӯза доштан фарз аст.
Рӯзадор аз фаҳш бигурезад!
Барои рӯзадор 2 шодмонии бузург аст, бародари азизам! Яке аз онҳо вақти кушодани рӯза ва хурсандии дигар мушоҳидаи дидори парвардигор, ки иншооллоҳ, дар охират комёб хоҳад шуд. Рӯза гирифтан сипар аст, аз расидани шарри бадиҳои шайтон дар дунё ва аз расидани оташи дӯзах дар охират. Рӯза гирифтан танҳо аз хӯрдану нӯшидан ва аз алоқаи ҷинсӣ кардан иборат нест, балки каси рӯзадор аз алфози нолоиқ, дашном, фаҳшу бешармӣ бояд худдорӣ бикунад. Агар шахсе рӯзадорро дашном диҳад, ӯ дар ҷавоб бояд бигӯяд, ки бародари азиз, ман рӯзадорам! Аз Худованд метарсам, ки бо ту мунозира кунам.
Дар ин моҳ дилозорӣ кардан ниҳоят гуноҳи бад аст. Чунончи гуфтаанд:
Моҳи Рамазон омад аз сӯйи биҳишт,
Омад ба машоми мӯъминон бӯйи биҳишт.
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
Не рӯйи биҳишт бинаду не бӯйи биҳишт.
Худованд ҳушдор медиҳад!
Дар Қуръони Карим Худованди бузург ба рӯзадорон чунин ҳушдор медиҳад: Ба шумо иҷозат дода мешавад, ки дар шабҳои рӯза ба занонатон наздикӣ дошта бошед. Онҳо либоси шумоанд ва шумо либоси онҳоед. Худованд донист, ки шумо худатонро мефиребед ва ба шумо рӯ оварду аз шумо хостори он шуд, акнун бо онҳо алоқа кунед ва он чӣ, ки Худованд ба шумо ҳукм намуда, биҷӯед. Бихӯред, бинӯшед, то ҳангоме, ки барои шумо хатти сафед ва хатти сиёҳи сапедадам ва сипас рӯзаро то шаб ба ҷо оваред. Ва бо онҳо (занонатон) алоқа накунед. Ҳангоме ки шумо парҳезкорона дар маҳалли ситоиши ҳузур варзида бошед. Чунин аст марзҳои Худованд. Бо онҳо наздик нашавед. Худованд ин гуна оёт ва нишонаҳои худро ба мардум тавзеҳ медиҳад. Шояд, ки онҳо парҳезгор шаванд. Ин дар сураи 187-уми ояи Бақара, хонандаи азизам!
Дилро аз кудурат бирӯбед!
Рӯза кори довталабона аст ва фақат Худованд метавонад, ки онро назорат бикунад. Ин кор комилан пинҳонист ва касе наметавонад онро бубинад. Рӯза дурӯягиро намеписандад. Яке аз хосиятҳои рӯза он аст, ки ҳамаи мардумро аз таъсири худ баробар месозад ва баробарии онҳоро дар муқобили Худованд хотирнишон месозад, рӯҳи худро пок мегардонад. Яъне мӯъмин дар баробари рӯза доштанаш боз забони худро аз фаҳшу дашном, ғайбату дурӯғ, қасами ноҳақ, бӯҳтон, нигоҳ медорад. Ҳушашро бояд аз шунидани ғайбат, суханҳои бемаънӣ ва алфози бад нигоҳ дорад. Дар рӯза ба сӯйи номаҳрамон ба назари шаҳват нигоҳ накунад ва дар дил ба касе кинаву кудурат ва нияти бад нанамояд. Вагарна аз субҳ то шом гуруснаву ташна гаштани рӯзадор фоидае надорад. Мисли гови даҳонбаста аст ӯ.
Яке аз хосиятҳои моҳи шарифи Рамазон ин аст, ки ба мустаҳкам шудани иродаву имони инсон мусоидат менамояд. Инсон маҳз ба хотири ризогии Худованд худро аз хоҳишоти нафсонӣ-хӯрдан, нӯшидан, алоқаи ҷинсӣ кардан, носу сигор кашидан, дашном додан, нигоҳ медорад. Ба ин васила рӯзадор хоҳад фаҳмид, ки азоби гуруснагиву ташнагӣ чист. Аз ин рӯ вай ба қадри камбағалу бечорагон мерасад. Пас маълум мешавад, ки рӯза дар инсон некӣ кардану инсондӯст буданро парвариш мекардааст.
Ривоят дар бораи Рӯза
Дар фазилати моҳи Рамазони муборак ва он чизе мутааллиқ аст бад-он. Овардаанд, Расули алайҳисалом фармуд, ки Худои таъоло фармуд, ки рӯза марост ва аҷру подоши ӯро худам медиҳам. Пас, эй мӯъмин! Аҷре, ки парвардигори олам ба худ изофат кунад, он ба шумори касе барнаояд. Ва дигар. Худои таъолоро фариштае ҳаст, ки ба адади ситорагони осмон чашмҳо дорад. Он фариштаро фармон бошад. Он чӣ аз ибтидои олам офаридам, шумор кун. Дар замон он чӣ дар он аз олам шумор кунад. Фармон шавад, савоби рӯзадорони моҳи Рамазонро низ дар шумор биёр. Чанд ҳазор сол он фаришта дар шумор бошад, ки натавонад савоби якрӯза ҳам дар шумор орад ва оҷиз гардад. Он гоҳ фаришта гӯяд:
Илоҳо, аҷри рӯзадоронро ба карами худ изофат кардаӣ. Ман натавонам, ки дар шумор орам.
…Хонандаи гиромӣ, ин ҷо сӯҳбати мо поин меравад, зеро саҳафоти ҷудокардаи газетаи мардумии СССР барои мо дар ин соат тамом шуд. Иншооллоҳ, дар шумораи дигар сари Рӯза ва суннатҳои Рӯзадорӣ ва мафоди Рӯза сӯҳбат хоҳем кард. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР