ХАБАРИ ДОҒ


Дар Қуръони Карим Худованди бузург ба рӯзадорон чунин ҳушдор медиҳад: Ба шумо иҷозат дода мешавад, ки дар шабҳои рӯза ба занонатон наздикӣ дошта бошед. Онҳо либоси шумоанд ва шумо либоси онҳоед. Худованд донист, ки шумо худатонро мефиребед ва ба шумо рӯ оварду аз шумо хостори он шуд, акнун бо онҳо алоқа кунед ва он чӣ, ки Худованд ба шумо ҳукм намуда, биҷӯед.

Бихӯред, бинӯшед, то ҳангоме, ки барои шумо хатти сафед ва хатти сиёҳи сапедадам ва сипас рӯзаро то шаб ба ҷо оваред. Ва бо онҳо (занонатон) алоқа накунед. Ҳангоме ки шумо парҳезкорона дар маҳалли ситоиши ҳузур варзида бошед. Чунин аст марзҳои Худованд. Бо онҳо наздик нашавед. Худованд ин гуна оёт ва нишонаҳои худро ба мардум тавзеҳ медиҳад. Шояд, ки онҳо парҳезгор шаванд. Ин дар сураи 187-уми ояи Бақара, хонандаи азизам!

Дилро аз кудурат бирӯбед!
Рӯза кори довталабона аст ва фақат Худованд метавонад, ки онро назорат бикунад. Ин кор комилан пинҳонист ва касе наметавонад онро бубинад. Рӯза дурӯягиро намеписандад. Яке аз хосиятҳои рӯза он аст, ки ҳамаи мардумро аз таъсири худ баробар месозад ва баробарии онҳоро дар муқобили Худованд хотирнишон месозад, рӯҳи худро пок мегардонад. Яъне мӯъмин дар баробари рӯза доштанаш боз забони худро аз фаҳшу дашном, ғайбату дурӯғ, қасами ноҳақ, бӯҳтон, нигоҳ медорад. Ҳушашро бояд аз шунидани ғайбат, суханҳои бемаънӣ ва алфози бад нигоҳ дорад. Дар рӯза ба сӯйи номаҳрамон ба назари шаҳват нигоҳ накунад ва дар дил ба касе кинаву кудурат ва нияти бад нанамояд. Вагарна аз субҳ то шом гуруснаву ташна гаштани рӯзадор фоидае надорад. Мисли гови даҳонбаста аст ӯ.
Яке аз хосиятҳои моҳи шарифи Рамазон ин аст, ки ба мустаҳкам шудани иродаву имони инсон мусоидат менамояд. Инсон маҳз ба хотири ризогии Худованд худро аз хоҳишоти нафсонӣ-хӯрдан, нӯшидан, алоқаи ҷинсӣ кардан, носу сигор кашидан, дашном додан, нигоҳ медорад. Ба ин васила рӯзадор хоҳад фаҳмид, ки азоби гуруснагиву ташнагӣ чист. Аз ин рӯ вай ба қадри камбағалу бечорагон мерасад. Пас маълум мешавад, ки рӯза дар инсон некӣ кардану инсондӯст буданро парвариш мекардааст.

Ривоят дар бораи Рӯза
Дар фазилати моҳи Рамазони муборак ва он чизе мутааллиқ аст бад-он. Овардаанд, Расули алайҳисалом фармуд, ки Худои таъоло фармуд, ки рӯза марост ва аҷру подоши ӯро худам медиҳам. Пас, эй мӯъмин! Аҷре, ки парвардигори олам ба худ изофат кунад, он ба шумори касе барнаояд. Ва дигар. Худои таъолоро фариштае ҳаст, ки ба адади ситорагони осмон чашмҳо дорад. Он фариштаро фармон бошад. Он чӣ аз ибтидои олам офаридам, шумор кун. Дар замон он чӣ дар он аз олам шумор кунад. Фармон шавад, савоби рӯзадорони моҳи Рамазонро низ дар шумор биёр. Чанд ҳазор сол он фаришта дар шумор бошад, ки натавонад савоби якрӯза ҳам дар шумор орад ва оҷиз гардад. Он гоҳ фаришта гӯяд:
Илоҳо, аҷри рӯзадоронро ба карами худ изофат кардаӣ. Ман натавонам, ки дар шумор орам.
…Хонандаи гиромӣ, ин ҷо сӯҳбати мо поин меравад, зеро саҳафоти ҷудокардаи газетаи мардумии СССР барои мо дар ин соат тамом шуд. Иншооллоҳ, дар шумораи дигар сари Рӯза ва суннатҳои Рӯзадорӣ ва мафоди Рӯза сӯҳбат хоҳем кард. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

Қадаҳи оби таҳур!
Вақте ки моҳи Рамазон дар ҷаҳон мерасад, фармон шавад:
Эй ҷабраил, ба ҳукми ман бар биҳишт бирав, 1 қадаҳ оби таҳур биор!
Ва ҳукми фармон, Ҷабраил алайҳисалом қадаҳи оби таҳур бардорад ва биоварад. Фармон шавад, ки дар равзаи Муҳаммади Мустафо (с) бирав ва бигӯ:
Эй Муҳаммад! Моҳи Рамазон расид. Ту ҳам ба мувофиқати уммати худ оби таҳурро бихӯр!
Пайғамбар алайҳисалом гӯяд: Ба ғайри умматон шарбати таҳур чӣ гуна хӯрам?
Фармон шавад:
Ту бихӯр, то ба саодати насиби пасхӯрдаи ту уммататро низ рӯзӣ бигардонам.
Пайғамбар алайҳисалом онро бихӯрад ва боз қадаҳ бар дасти Ҷабраил диҳад ва бигӯяд:
Эй бародар, Ҷабраил! Чӣ кунам, ки бе умматон шарбат маро гузаранда нест. Он гоҳ фармон шавад:
Ё Ҷабраил! Он чӣ дар қадаҳ мондаст, он қадар рӯзадорон, ки рӯза доштанд, ту бар кӯзаҳои эшон андоз, то савоби пасмондаи Муҳаммади Мустафоро рӯзии онҳо бигардонем.

Имрӯз вақти караму икром аст!
Ал ғараз. Чун моҳи шарифи Рамазон ба ҷаҳон мерасад, хитоб расид, ки эй ризвони биҳишт? Дари дарвозаи 8 биҳишт бикушоед, ки Рамазон дар ҷаҳон расид. Ва молики дӯзахро хитоб расад: Ту ҳар 7 дари дӯзахро барбанд, то 30 рӯз 8 дари биҳишт кушода мебошанд ва 100.000 осиро, ки номи эшон дар дӯзах навиштааст, ҳар рӯз озод мекунад. Ва шитобон дар биҳишт мегардонанд. Ва дигар фармон мешавад:
Ё Ҷабраил! Ту раҳмат бар аҳли гӯристон бикун. Хушӣ ва хуррамӣ мар туро бод, ки моҳи Рамазон расид, бар ҳич аҳли қабре азоб нашавад. Дигар чун қиёмат қоим шавад, Ҳақ таъоло моҳи Рамазонро ба сурати хуб зери арш ҳозир кунад. Мар Худои азза ва ҷалларо саҷда бикунад. Фармон шавад:
Эй моҳи Рамазон! Имрӯз вақти саҷда нест. Имрӯз вақти караму икром аст. Бихоҳ аз Ҳазрати мо чӣ мехоҳӣ?!
Гӯяд:
Ё раб! Ту мебинӣ, ки уммати Муҳаммад (с) дар ин рӯз бархостанд. Фариштагонро фармон шавад:
Эй фариштагон! Ҳар якеро 70.000 ҳулла (либос) пӯшонед!
Фариштагон бираванд аз биҳишт, ҳуллаҳо биёранд ва ҳар яке бандаро бипӯшонанд.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter