ХАБАРИ ДОҒ

Гурӯҳҳои фаъол дар масҷидҳои кишвар

  • Ҷумъа, Март 04 2016

Дирӯз дар Китобхонаи миллии кишвар бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки имомхатибони шаҳру вилоятҳо дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» баргузор гардид.

 

Ҳадафи баргузории чорабинӣ гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, фаҳмонидани моҳияти дини мубини ислом ва мактаби тарбиявии Имоми Аъзам буда, инчунин боло бурдани сатҳи донишу маърифат ва худшиносии миллӣ дар замири ҷавонон шарҳ дода шуд.

Зимни суханронӣ иштирокдорони маҳфил аз талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду шукуфоии мамлакат, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, баланд бардоштани мавқеи ҷавонон ҳамчун бунёдгузори ҷомеаи фардо, ҳамзамон эҳёи расму оин ва суннатҳои мардумӣ ибрози назар карданд.

Иштирокдорон таъкид намуданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатару таҳдидҳои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ даст зада, ҳазорон ҷавононро бо роҳи фиребу найранг ба коми ҷанг мекашад, нигаронии шадид дорад. Боиси таассуф аст, ки имрӯз баъзе ҷавонони тоҷик ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтода, ҳамсару фарзандони ноболиғи худро танҳо гузошта, дур аз Ватан ва наздикону пайвандон дар кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ даст ба ҷиноятҳои вазнин мезананд. Қисме аз онҳо дар он ҷо ба ҳалокат расида, гурӯҳе маъюбу корношоям гардидаанд.

Ходимони дини Тоҷикистон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки гурӯҳҳои ҷангҷӯе, ки худро аъзои ба ном “Давлати исломӣ” мегиранд, ягон амал ва рафторашон ба мусулмонӣ рост намеояд. Онҳо зери мафҳуми ҷиҳод мардуми осоишта, мӯйсафедон, ҳатто кӯдакону наврасонро зинда ба зинда оташ зада, зери хок мекунанд, занону духтаронро таҷовуз намуда, манзилҳои зисташонро ба харобазор табдил медиҳанд, тамоми боигарӣ ва дороияшонро ғорат мекунанд.

Ташкили ҳар гуна равия ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ танҳо бо мақсади ҷоҳталабӣ ва низоъ андохтан дар байни мардум аст. Аз ин хотир аъзои ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади тухми кинаву нифоқ коштан ва ҷудоӣ андохтан дар байни мардум дар масҷидҳо ҳар гуна ақидаву андешаҳои тундгароиро ба ҷавонон тарғибу ташвиқ мекунанд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар пешниҳод гардид, ки дар масҷидҳо гурӯҳи “Фаъолон” таъсис дода шавад. Аъзои ин гурӯҳ моҳияти дини мубини ислом, ҳадисҳои расули акрамро дар бораи гиромӣ доштани қадру эътибори падару модар, дӯст доштани Ватан, анҷом додани корҳои хайр, инчунин таълимоти мактаби тарбиявии Имоми Аъзамро, ки имрӯз мо онро қабул дорем, ба мардум ва намозгузорон фаҳмонанд.

Ин гурӯҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мусоидат намуда, онҳоеро, ки дар миёни мардум зидди сиёсати давлату ҳукумат ва арзишҳои олии он, инчунин ҷудоиандозӣ дар миёни мардум талош мекунанд, дастгир намуда, бояд ба мақомот супоранд.

Ҷ. Мақсуд

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter