Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти намозгузорон минбаъд дар кули масҷидҳои панҷавақта ва ҷомеи шаҳри Душанбе, ки расман фаъолият мекунанд, аз ҳисоби худи масҷидҳо камераҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои металлӣ насб карда шуда вуруди намозгузорон ба масҷидҳо тавассути ин дастгоҳҳо ба роҳ монда мешавад.
Бино ба иттиллои аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе ба мо расида, Маҳмадсаид Убайдуллов, инчунин дастур додаст, ки чунин муқаррарот дар муассисаҳои тиббӣ ва маориф, тарабхонаҳо, марказҳои савдою маишӣ пеш гирифта шуда назорати онҳо аз ҷониби сохторҳои зидахл зери назар гирифта шавад.
СССР