Нисбати бокирагӣ бепарво набошед
Посух: Писарони мо вақте, ки бори аввал хоҳиши зангирӣ пайдо мекунанд, ҳамеша духтаре мекобанд, ки бакораташ нарафта бошад, ҳатто бо ҳеҷ мард додугирифт ё ҳамсуҳбат нашуда бошад. Ин хоҳиши писаронро падару модарон низ доранд. Дар ин ихтиёри писарон ва падару модарон ман низ ҳамроҳ ҳастаму ҳамфикр. Ин гуна хоҳишот нишонаи нангу номуси динӣ ва ҳам миллӣ аст. Агар мо ба бокираю ғайри бокира будан бепарво бошем, ин рафторамон ба дасти худ духтаронро ба беҳаёӣ, бедиёнатӣ ва фаҳшу фоҳишагӣ даъват кардан аст.
Вақте духтарҳое, ки бо сабабе аз шавҳарҳошон ҷудо шудаву боз мувофиқи онҳо мардҳо ҳастанд, шояд нафаре аз Паёмбар ҳазрати Муҳаммад (с) мисол орад, ки занҳои ҳазрат ғайр аз ҳазрати Ъоиша (р.з) ҳамашон сайиба (бева) буданд. Ин далел намешавад, зеро Паёмбарамон (с) ҳар зане, ки мегирифт, бо фармони Худо мегирифт ва гирифтани зан аз ҷониби Паёмбар (с) ба хотири тайёр кардани муаллимаи динӣ ва тез паҳн шудани таблиғоти динӣ буд. Ҳамаи занҳои Паёмбарамон (с) ъолима буданд ва мубаллиғи дин.
Шайх Саъдӣ фармудааст:
Чу бинӣ зане пой бар ҷой нест,
Субот дар хирадмандию рой нест.
Гурез аз кафаш бар даҳони наҳанг,
Ки мурдан беҳ аз зиндагонӣ ба нанг.
Мӯйлаби ман бояд чанд см бошад?
Дуруд ба кулли аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР ва домуллои гиромии мо! 1 савол перомуни дарозӣ ва ё андозаи мӯйлаб (бурут) дорам. Он, яъне бурут, чӣ миқдор бояд бошад? Оё калта кардану қайчӣ заданаш дуруст аст? Ва ё ин ки тарошиданаш мувофиқи мазҳаби Абуҳанифа ягон дигаргуние дорад?
Дӯстмаҳмад Ҷонов, тоҷири бозори Корвон, ш.Душанбе
Бурутро тарошед беҳтар аст
Посух: Дар Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 5892, ҷузъи 7, саҳ.206 дар китоби Либос андар боби тақлими азофир аз Расули Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ривоят карда, атрофи мӯйлаб калимаи «аҳфу»-ро истифода мебарад. Боз дар ҳамин китоб бо ривояти дигар аз мавсуф дар рости мӯйлаб калимаи «анҳику»-ро истифода мебарад. Дар китоби Саҳеҳи Муслим аз модарамон Ҳазрати Ъоиша аз Паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) меорад, ки 10 чиз аз фитрат аст ва дар давоми ҳадис дар рости мӯйлаб калимаи «қасс»-ро истифода мебарад. Боз дар ҳамин китоб дар китоби таҳорат аз Расули Худо (с) Имом Абуҳурайра ҳадисе меорад, ки дар рости калимаи мӯйлаб «ҷаззу»-ро истифода мебарад. Бинед, ин 4 калима-«аҳфу», «анҳику», «қасс», «ҷазз»-ро ъуламо чӣ маънӣ додаанд. Ҳофиз, яъне Аҳмад ибни Ъалӣ ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, соҳиби китоби «Фатҳул бори» андар шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ мегӯяд, ин ҳамаи калимаҳое, ки дар ростои мӯйлаб (бурут) омадааст, мақсад муболиға кардан аст, дар гирифтани мӯйлаб. Имом Бухорӣ дар саҳеҳи худ зикр кардааст, ки Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) мӯйлаби худро чунон мегирифт, ки сафедии лаби ӯ дида мешуд. Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар «Фитҳул бори» гуфта аст, Табарӣ (р.ҳ) ва Байҳақӣ (р.ҳ) аз тариқи Ҳазрати Ъабдуллоҳ ибни Абирофеъ ихроҷ карданд, ки «ман Ҳазрати Абусаъиди Худрӣ (р.з) ва Ҳазрати Ҷобир ибни Ъабдуллоҳ (р.з) ва ибни Ъумар (р.з) ва Рофеъ ибни Абихудайҷ (р.з) ва Або Саъиди Ансорӣ (р.з) ва Салма ибни Ақва (р.з) ва Абуроферо (р.з) дидам, ки эшон мӯйлабашонро мисли тарошидан мегирифтанд».
Табарӣ (р.ҳ) аз чанд тариқ аз Ҳазрати Ъурва (р.з) ва Солим (р.з) ва Қосим (р.з) ва Аби Салма (р.з) ихроҷ кардааст, ки эшон мӯйлабашонро ҳалқ мекарданд, яъне метарошиданд. Дар мазҳаби Имом Молик (р.ҳ) ва Имом Шофиъӣ (р.ҳ) калта кардани мӯйлаб ба андозае буд, ки атрофи лабаш намудор шавад. Дар мазҳаби Имом Ҳанбал (р.ҳ) мард байни калта кардан ва тарошидан ихтиёр дорад, вале тарошиданро беҳтар гуфтанд. Дар мазҳаби мо-Абуҳанифа (р.ҳ) тарошиданаш суннат аст. Хулоса, назди мазҳабамон тарошидани мӯйлаб беҳтару афзал аст.