ХАБАРИ ДОҒ

Рӯза рӯдаро пок мекунад!

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018


Гуфтори олимон дар бораи рӯза
Акнун дар бораи Рӯза ва аҳамияти он сӯҳбат мекунем. Алломаи марҳум Саид Муҳаммадризо дар «Тафсири мунор» ҷилди 1, саҳифаи 148 мегӯяд: «Яке аз фавоиди рӯза дар саломатии инсон ин, ки барҳам медиҳад ва дур мекунад моддаҳои таҳшиншудаи дар бадан бударо. Хусусан аз танпарварону ҳамкорон ё бекорон мехушконад тамоми рутубатҳои зарароварро ва пок месозад рӯдаҳоро аз табоҳии талха ва аз заҳрҳои тезу тунде, ки онҳоро пурхӯрӣ пайдо мекард …». Қоидаи дигари рӯза ин ки об мекунад равғани зиёдатиро ё монеа мешавад ва намегузорад, ки дигар дар шикам равған зиёд шавад. Ҳоло он ки зиёдатии равған дар бадан барои кори дил хатарнок аст.

Пурхӯрӣ побанди шаҳват мекунад!
Қоидаҳои дигари рӯза барои тандурусту солим гардонидани инсон аз тарафи олимони тиб исбот шудааст. Дар ин бора олими амрикоӣ Мог Фодин корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ҳар инсон ба рӯза эҳтиёҷу зарурат дорад, агарчанде бемор ҳам набошад. Зеро он заҳрҳое, ки аз ғизову доруҳои истеъмолӣ ҷамъ мешаванд, касро вазнину гарон месозад ва худро мисли бемор ҳис мекунад. Ин заҳрҳо нерӯ ва қуввати ӯро кам месозанд. Ва онҳо аз бадани ӯ бо рӯза доштан нобуд мешаванд. Рӯзадор он вазни зиёдатиро, ки дар муддати рӯза аз даст дода буд, баъди 20 рӯз боз ба даст меорад, лек ба 1 нерӯ ва қувваи тозае, ки пештар дар худ надошт. Ба гуфти табиби машҳур-Ҳалмут Лютзени олмонӣ, рӯза беҳтарин усули рафъ сохтани заҳрҳои дар 1 сол дар бадан ҷамъшуда ба ҳисоб меравад. Тибқи таҷрубаҳо шахси рӯзадор ба шароит мутобиқ шуда, дар охир гуруснагиро эҳсос намекунад. Пурхӯрӣ боиси пайдоиши бисёр касалиҳо гашта, инсонро побанди шаҳват месозад. Ҳини дар 1 сол 1 моҳ рӯза доштан рӯҳи инсон тозаву равшан мешавад.

Ёддошти доктор аз доштани рӯза!
Доктор Отто Бухингер дар китоби «Рӯзаи шифобахш» чи гуна аз дарди мафосил, буғумдард ба роҳи рӯзадорӣ халос шудани худро навиштааст. Вақте дарди мафосили Бухингер ниҳоят сахт шуда, ҷигараш варам кард, ба рӯзагирӣ рӯй овард. Ӯ зери назорати мутахассиси машҳури рӯза Густав Редл ба рӯзагирӣ шурӯъ намуд. Саломатиашро бо роҳи рӯзадорӣ барқарор сохт ва сипас ҳазорон беморро ба ин усул табобат карда, хулосаи таҷрибаҳояшро ин тавр баён намуд: «Филҷумла, рӯза 1 ҷарроҳии бе корд аст… Ман рӯза дошта дар рӯҳу зеҳни худ дигаргуниҳои зеринро эҳсос кардам. Дар тӯли рӯзадорӣ қобилияти фикру хаёлро дар 1 нуқта ҷалб кардан қодир шудам. Ҳиссиятро ба даст овардам ва тарангии торҳои асабам рӯз ба рӯз коҳиш ёфтанд…».

Рӯза шифои равонпизишкист!
Мутахассиси дигари рӯза доктор Лютзени олмонӣ бошад дар рӯзи 49-уми рӯзадорӣ масофаи 10.000 метрро аз ҳама хубтар тай карда, 1 давандаи 54-соларо дар таърихи варзиши ҷаҳонӣ махсус сабт кард.
Доктор Ҳалла Булдер бошад фарқи байни рӯзадорӣ ва гуруснанишиниро чунин баён кардааст: «Фарқи байни ин 2 танҳо дар ният аст. Рӯза 1 ҳаракати мусбатест, ки инсон рӯҳан худро ба тарки хӯрок ва одати бад водор месозад. Рӯза 1 навъ табобати психотерапӣ (равонпизишкӣ) аст. Дар ин бора Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд, ки «Иннамал аъмолу бинниёти», яъне ҳар коре вобаста ба ният аст. Инсон нияти рӯза карда, эҳсос менамояд, ки Худованд аз кулли рафтору пиндори ӯ огоҳ аст. Аз ин рӯ вай пинҳону ошкоро аз одатҳои бад худро нигоҳ медорад, ки аз болои ҳавои нафс ғолиб меояд.
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ…

Таровеҳ суннати муаккада аст!
Ман мехостам баёни намози таровеҳро бикунам. Дар ҳар шаби Рамазон баъд аз хондани намози хуфтан 20 ракаат намози таровеҳ хондан бар марду зан суннати муаккада аст. Ҷамоат дар таровеҳ суннати кифоя аст. Агар қавми 1 масҷид тамоман тарки ҷамоати таровеҳ кунанд, ҳама гунаҳгор мешаванд. Агар баъзе таровеҳро бо ҷамоат ва бархеи дигар танҳо гузоранд, суннати ҷамоати таровеҳ барҷо меояд. Аслан дар эътиқоди мо таровеҳ суннати муаккада аст. Таровеҳро 2 ракаат-2 ракаат хондан суннат аст. Дар миёни ҳар 4 ракаат ба қадри 4 ракаат истироҳат кардан, мустаҳаб аст. Дар вақти истироҳат хоҳанд агар сукут мекунанд, хоҳанд тасбеҳ бигӯянд ва хоҳанд дар танҳоӣ намози нафл мехонанд. Вақте ки намози таровеҳ баъд аз хондани намози хуфтан аст, то субҳи содиқ пеш аз намози витр хондани таровеҳ равост, аммо пеш аз намози хуфтан хондан норавост. Агар касе дар вақте ҳозир шавад, ки имом дар таровеҳ шурӯъ кардааст, ин шахс аввал фарзи хуфтанро гузорида, баъд аз таровеҳ ё дар миёни таровеҳ хондани ин шахс раво аст.

Ҷамоати витр раво нест!
Дар ҷамоати таровеҳ имом баланд қироат мекунад. Намози витрро бо ҷамоат гузоридан раво аст. Дар ҷамоати витр дар 3 ракаат ҳам имом баланд қироат мекунад. Муқтадиён сукут мекунанд, аммо дуои қунудро имом аз қавм ҳама паст-паст мехонанд. Дар ғайри Рамазон ҷамоати витр раво нест. Дар Рамазон ба таровеҳ 1 бор хатми Қуръон кардан суннат аст. Дар ракаатҳои таровеҳ Қуръонро тақсим намуда, хонда ва хатм карда мешавад. Агар дар кам аз 1 моҳ хатми Қуръон карда шавад, дар шабҳои дигар боз таровеҳ хондан суннат аст.
Дирӯз 1 қорие маро савол дода буд, ки хатми Қуръонро кардем, оё таровеҳҳои дигарро бихонем, ё не? Бале, бародари азиз! Таровеҳҳо хондан суннати муаккада аст. Дар 1 моҳи мубораки Рамазон таровеҳро хондан лозим меояд. Ба сабаби хатм таровеҳ соқит намешавад. Дар нияти таровеҳ намози таровеҳи ҳамин вақт гуфта, ният карда мешавад. Тасбеҳи таровеҳ ин аст: «Субҳона зилмилки вал малакут, субҳона зилиззати вал азамати вал кибриёи вал ҷабарут. Субҳонал маликил ҳайил лази лояному ва лоямут. Суббуҳун, қуддусун раббуно ва раббул малоикати ва рӯҳ. Ло илоҳа илаллоҳу настағфируллоҳ ва насъалукал ҷанната ва наузубика миннаннор».

30 шаби пурасрори Рамазон
Дар баёни фазилати намози таровеҳ чанд сухан мегуфтам. Ривоят мекунанд, ки Ҳазрати Алӣ карамаллоҳу ваҷҳаҳу аз Ҳазрати Расули акрам (с) аз фазоили таровеҳ пурсиданд. Гуфтанд, ки ё Алӣ, шахсе аз уммати ман дар шаби аввали Рамазон бо ҷамоат таровеҳ гузорад, чун рӯзи таваллуд аз гуноҳ пок шавад. Дар шаби дувум мағфират кунад оллоҳ таъоло падару модари ӯро агар мӯъмин бошад. Дар шаби савум фаришта аз таҳти арш мунодӣ кунад, ки оллоҳ таъоло гунаҳҳои гузаштаи туро мағфират кард. Дар шаби чаҳорум савоби қироати Тавроту Инҷил ва Забуру Фурқонро дар номаи аъмоли ӯ нависанд. Дар шаби панҷум оллоҳ таъоло савоби намозгузорони масҷидулҳаром ва масҷиди Мадинаи мунаввара ва масҷиди Ақсоро рӯзӣ бигардонад. Дар шаби шашум савоби зиёрати Байтулмаъмурро дарёбад ва омурзиши ӯро кулли ҳаҷару мадар мехоҳанд ва дар ҳаққи намозхон дуо мекунанд. Дар шаби ҳафтум савоби нусрати Мӯсо (а)-ро, ки бар Фиръавн ва Ҳомон ёфта буданд, ёбад. Шаби ҳаштум атое, ки Худованд ба Иброҳим (а) дода буд, дарёбад. Дар шаби нӯҳум аз савоби ибодати пайғамбар (с) баҳра бигирад. Дар шаби даҳум хайри дунёву охират биёбад. Дар шаби ёздаҳум аз дунё бегуноҳ ба хонаи охират биравад. Дар шаби дувоздаҳум рӯзи қиёмат мисли қамар тобон бошад. Пас шаби сездаҳум эмин бошад аз азоби қиёмат. Дар шаби чаҳордаҳум дар вақти ҳисоби қиёмат фариштае омада ба таровеҳ хондани ӯ шоҳид гардад. Дар шаби понздаҳум фариштагони аршу курсӣ ба ӯ салавот фиристанд. Дар шаби шонздаҳум амри оллоҳ таъоло бароати ҳуҷҷати наҷоти ӯ аз дӯзахро китобат кунад. Дар шаби ҳабдаҳум ато кунад оллоҳ таъоло савоби пайғамбаронро. Дар шаби ҳаждаҳум фариштае нидо кунад, ки эй банда, оллоҳ таъоло аз ту розӣ гардид. Дар шаби нуздаҳум оллоҳ таъоло дараҷоти ӯро дар биҳишт баланд гардонад. Дар шаби бистум савоби шуҳадоро дар номаи аъмоли ӯ Худованд сабт кунад. Дар шаби бисту якум оллоҳ таъоло аз барои он банда дар ҷаннат қасре бино гардонад. Дар шаби бисту дувум эмин гардонад оллоҳ таъоло ӯро аз ҳар ғам ва ҳам дар шаби бисту севум бино гардонад шаҳреро ба номи он дар биҳишт. Дар шаби бисту чаҳорум 24 ҳоҷати ӯро Худо раво бигардонад. Дар шаби бисту панҷум оллоҳ таъоло азоби қабр аз он бардорад. Дар шаби бисту шашум оллоҳ таъоло ато кунад ба он банда савоби ибодати 40-соларо. Дар шаби бисту ҳафтум аз Сирот чун барқ гузарад. Дар шаби бисту ҳаштум оллоҳ таъоло дар биҳишт 1000 дараҷа ӯро ато фармояд. Дар шаби бисту нӯҳум савоби 1000 Ҳаҷ дар номаи аъмоли ӯ нависанд. Дар шаби сиюм оллоҳ таъоло гӯяд, эй банда, ту абди манӣ ва ман парвардигори туам! Ҷалла ҷалолуҳу!

Маънии лайлатулқадр
Таровеҳро аҳли эътиқод бо алвидоъ ба моҳи шарифи Рамазон мегузаронанд. Алвидоъ, алвидоъ, ё шаҳрар Рамазон, алфироқ, алфироқ, ё шаҳрал баракати вал эҳсон.
Дар баёни фазилати шаби қадр чанде бо бародарони қадрдон сӯҳбат мекардам. Овардаанд, ки маънии лайлатулқадр ҷамии умурот ва ҳукумоти илоҳӣ аз ин сол то соли дигар таслим аст. Ва 4 фариштаи муқарраб чунончи дафтари раҳмат ва дафтари азоб ба Ҷабраил (а) мусаллам аст ва дафтари арзоқ ва дафтари наботот ба Микоил (а) ва дафтари борон ва дафтари бодҳо ба Исрофил (а) таслим карда шудааст. Дафтари қабзи рӯҳ ва аҷали махлуқот ба Азроил (а) таслим аст.

Давом дорад


Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter