Аз Худо талабем, ё аз мазор?
Ман ба домуллои мӯҳтарам, Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов 5 савол дорам ва хоҳишам ин аст, ки ба ин пурсишҳо посух нависад.
1.Касе ба хонаи Худо раваду ҳаҷ кунад, тамоми гуноҳҳояш бахшида мешавад. Оё ин ҳақиқат дорад?
2.Намозҳои солҳои пешин (давраи студентӣ, замони хизмати ҳарбӣ…)-ро хонем, ё не? Ва ё ҳамту тавба ҳам кунем мешавад?
3.Мегӯянд, пайғамбар дар қиёмат уммати худро шафоат мекунад, вале агар Худованд розӣ бошад. Ба инаш ҳам бовар кунем? Пас ин чӣ хел шафоат мешавад?
4.Аз мазорҳо талаб мекунем, ки «ба ман фарзанд бидеҳ». Оё дар дини ислом ин дуруст аст? Яъне талабро мо аз мазорҳо кунем, ё аз Худо?
5.Вақте бо ҷамоат намоз мехонем, бархе суннатҳоро алоҳида мехонанд ва баъзе дар масҷид пароканда шуда, ҳар сӯ мераванд ва қисме ҷои худро иваз карда намоз мехонанд. Оё ин дуруст аст?
Мирзоаҳмад Одинаеви 67-сола,
шаҳраки Панҷоб, н.Ҷайҳун, тел: 93 529 26 08
Ҳоҷӣ меҳмони Худост
Посухи суоли 1.Бале, ҳар касе адои ҳаҷ кунад, Аллоҳ гуноҳони ӯро бахшида мегардонад. Паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Ҳар кӣ ҳаҷҷи фарзӣ кунад ё умра анҷом диҳад, инҳо меҳмони Аллоҳ ҳастанд. Агар дуо кунад иҷобат мешавад, агар талаби мағфирати гуноҳ кунад, бахшида мешавад».
Посухи суоли 2. Намозҳоеро, ки нахонда бошем, қазои онҳо дар мазҳаби Абуҳанифа воҷиб асту бояд хонда шаванд.
Посухи суоли 3. Бале! Ҳабиби худо рӯзи қиёмат умматонашро шафоъат мекунад. Шафоъат, яъне кумак ё ёрӣ кардан аст, то аз зиллати он рӯз наҷот биёбӣ.
Посухи суоли 4. Сад афсӯс, ки то ҳол мо аз роҳи дурусти зиёрат аз қабристон огаҳӣ надорем. Ба ҷуз Худо касе лоиқ нест, ки ибодат шавад ё аз ӯ кӯмак хоста шавад ё ҳоҷате аз ӯ талаб карда шавад, зеро ғайри Худо ҳама махлуқ ва оҷизанд ва ба зоти худ наметавонанд ба касе нафъ ё зараре бирасонанд. Шайх Аттори валӣ чӣ зебо гуфтааст:
Аз Худо хоҳ ҳар чӣ хоҳӣ, эй писар,
Нест дар дасти халоиқ хайру шар.
Ҳар кӣ хонад ғайри ҳақро, эй писар,
Кист дар олам аз ӯ гумроҳтар?
Дар тафсири Кабир (ҷилди 5, саҳ.33. «Табъи Миср») омадааст, ки «агар фоида ё зарарро аз ғайри Аллоҳ бихоҳӣ, ту золимӣ».
Боязиди Бастомӣ аз машоихи бузург ба шумор меравад, мефармояд: «Кӯмак ё ҳоҷат хостани махлуқ аз махлуқ монанди кӯмак хостани зиндонӣ аз зиндонист».
Аллома Олусӣ мефармояд: «Бидуни шак мадад ҷустан аз мурдагон амрест, ки дурӣ аз вай воҷиб аст ва ин кор зебандаи хирадмандон нест» (Тафсири ибни Касир. 3/335).
Дар китоби «Ал-ғароиб фи таҳқиқил мазоҳиб» навишта шудааст: «Имом Абуҳанифа шахсеро дид, ки бар қабри бузургон омаду ба онҳо салом дод ва гуфт: Эй соҳибони қабр, чандин моҳ аст, ки шуморо садо мезанам, аз шумо кумак мехоҳам. Оё аз саволи ман бохабаред, ё бехабар? Имом Абуҳанифа пурсид: Ба ту чӣ ҷавоб доданд? Гуфт: Ҳеҷ чиз, хомӯшанд! Абуҳанифа гуфт: Нафрин ба ту ва номурод бошӣ. Чаро бо ашхосе суҳбат мекунӣ, ки ҳеҷ чизе дар ихтиёр надоранд. Сипас Имом ин оятро тиловат кард (Сураи Фотир. ояти 22).
Дар бало ёрӣ махоҳ аз ҳеҷ кас,
3-он ки набвад ҷуз Худо фарёдрас
Шайх Аттор
***
Надорем ғайри ту фарёдрас,
Туӣ осиёнро хатобахшу бас!
Саъдӣ
Посухи суоли 5. Сафро рост кардан фақат барои намозҳои фарз аст. Барои хондани намозҳое, ки суннатанд, пароканда будан ё ҷойҳоро иваз кардан хуб ва беҳтар аст.
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов