Моли закотдиҳанда ҳалол аст
Посух: Яке аз фарзҳое, ки бар гардани мусалмон сарбанд аст, ин закот ё ушр мебошад: Дар аҳамияти закот ҳамин далел бас аст, ки дар 30 ояти Қурони маҷид ҳамроҳи намоз зикр шуда, аз нишонаҳои имондорӣ ва сабаби растагорист. Аллоҳи меҳрубон закотро чунон таҳрезӣ кардааст, ки бар сарватмандон бори гаронро ба вуҷуд намеорад. Ин ҳудуди 2,5%-ро ташкил медиҳад, мисли аз 1000 доллар 25 доллар. Инчунин адо кардани закот дар ҷамъ фазои ҳамдардӣ, меҳрубонӣ, таъовуну ҳамкориро ба вуҷуд меорад. Сарватманд дар назари мардум дигар на 1 унсури манфур, судҷӯ, бахил, балки инсони неку наҷиб, хайрхоҳ ба шумор меравад. Закот дар луғат ба маънои «покӣ» ва «зиёдат» аст ва дар истилоҳи шаръӣ 1 миқдор молест, ки ба мустаҳиққи закот дода шавад. Молҳое, ки дар онҳо закот воҷиб мешавад, 5 навъ аст:
1.Пули нақд на кам аз $2000 бошад, тило ва нуқра. Тило бояд 20 мисқол бошад, нуқра 200 дирҳам аст. 1 мисқол ба 4,68 мг баробар аст. Пас нисоби тило аз 81,360 мг сар мешавад, яъне аз 81,360 мг бояд ним мисқол закот бидиҳӣ, яъне 2,184 гр. Аз назари вазнҳои имрӯза 20 мисқол тило баробар ба 85 гр аст ва аз ин бояд 2,5 гр закот дода шавад. 200 дирҳам баробар ба 595 гр аст ва аз ин 14,8 гр закот дода шавад. Инчунин аз бонкнотҳо, коғазҳои қиматнок, чекҳои бонкӣ ва ғайра.
2.Молҳое, ки барои фурӯш аз қабили хона, мошин, амволи манқул ва ғайриманқул.
3.Аз ҳайвонҳои доштаат мисли шутур, гов, гӯсфанд, буз, асп…
4.Маҳсулоти зироатӣ, мисли гандум, ҷав, меваҷот ва асал.
5.Канданиҳои муфид, сарватҳои зеризаминӣ, рӯизаминӣ, табиат, бозёфтҳои ганҷ.
Хуллас, ҳар кӣ закот ё ушр (даҳяк)-ро ҷудо кард, ба мардуми мустаъриқ дод, молаш ҳалол асту ибодаташ пеши Аллоҳ қабул.
Намозро бо чӣ забон хонем?
Дуруд, СССР! Ман ба домуллои гиромӣ, устод Ҳоҷӣ Мирзо 1 савол ё таклифе дорам. Росташро гӯям, 99%-и мардуми мо ба маънии ояту сураҳои қуръонӣ аслан сарфаҳм намераванд. Ҳама ба яккаву ягонагии Худову Расул бовар дорем, алҳамдуллилоҳ. Аммо вақте бо забони арабӣ намоз мехонем, намедонем, ки зикри мо чӣ маънӣ дорад? Ҳазрати Эмоми Аъзам соҳиби ғурури миллӣ буд ва мақсад дошт, ки аҷамиҳо намозу оятҳоро бо забони модарияшон-тоҷикӣ хонанд. Вале ӯ аз тарафи душманони миллат террор шуд. Акнун ҳозир намозу оятҳоро бо забони тоҷикӣ бихонем, гунаҳкор мешавем???
Асадуллои Бохтарӣ,
н.Кӯшониён, тел: 98 703 57 73
Намозро бо забони арабӣ хонед
Посух: Бародарони азиз! Дар 4 мазҳабе, ки вуҷуд дорад, дар асаҳи ривоят намозро иҷозат намедиҳанд, ки ба ғайри забони арабӣ хонда шавад. Ҳар паёмбаре, ки омадааст ва китобе Аллоҳ барои онҳо нозил кардааст, бо забони ҳамон паёмбар ва қавмаш омада аст. Барои чӣ Қуръон бо забони дигар миллат наомад, ин баҳси алоҳида аст. Фақат инро донем, ки ин Қуръони маҷид ва ин паёмбари охируззамон ҳазрати Муҳаммад (с) барои тамоми ҷаҳониён омадааст. Бояд ҳамаи қавмҳо, миллатҳо пайравӣ аз ин китоби осмонӣ ва ин паёмбари охируззамон кунанд.
Дар хусуси ғурури миллии Эмом Абуҳанифа. Бале, ҳар як Имом ё нафаре бояд ғурури миллӣ дошта бошад. Эмом Абуҳанифа аз ғурури динӣ ҳам кам набуд. Хуллас, бояд намоз бо забони арабӣ хонда шавад, агарчӣ аз маънои сураҳо огоҳӣ ҳам надошта бошем. Зарур аст, ки мо таълим гирем то он чиро мехонем, маънояшро бифаҳмем, то ин мушкилот, ё шубҳа аз байн равад.
1 эроди яҳудиро дар интернет нисбати мусалмонҳо дидам ва қабул кардам, ки дуруст мегӯяд. Вай гуфтааст:
1.Мусалмонҳо Қуръон намехонанд!
2.Агар хонанд ҳам маънояшро намефаҳманд!
3.Агар маънояшро ҳам фаҳманд, вале бо Қуръон амал намекунанд!
Қазоват бо шумо.
Ҳоҷӣ-тоҷирон инсоф надоранд!
Салом, СССРи арҷманд ва мардумӣ! Аксарияти туҷҷори бозорҳои кишвар ба Маккаи мукаррама рафта, номи ҳоҷӣ доранд, сафеду сиёҳро фарқ мекунанд. Дар сӯҳбатҳои худ дар бораи ҳалолу ҳарому баинсоф будан ва 5 вақт намозро дар вақташ гузоштан, ҳаққи мардумро нахӯрдан, закотро дар вақташ додан «амри маъруф» мекунанд. Лек дар амал, чунонки ҳар сол мушоҳида мекунем, бо фарорасии ҳар иду ҷашн-Рамазон, Қурбон… ҳамаи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи тоҷирони ҳоҷӣ дар бозорҳо боло бардошта мешаванд. Кас ҳайрон мемонад, ки аксарияти тоҷирон мусулмон бошанду аҳли қибла, чаро дар моҳҳои шарифу идҳои миллӣ нархҳоро мебардоранд? Аз домуллои гиромӣ дар ин боб назарашро фаҳмиданием...
Абдулазиз Абдуллоеви 67-сола,
ш.Душанбе, нафақагир
Ислом Инсоф аст!
Посух: Бародарони азиз! 1 чизро набояд фаромӯш кард, ки дини Ислом моро ҳамеша ба якдигарфаҳмӣ, ростқавлӣ, раҳмдилӣ, эҳтироми якдигар, инсоф… даъват мекунад. Чӣ кунем, ки таълимоти динамон дигар асту кору амаламон дигар. Вақте беинсофӣ дорем, ҳаққи якдигарро мехӯрем, ба якдигар раҳму шафқат надорем, ғайбат мекунем, фиреб мекунем, оё ислом гунаҳгор аст, ё мо?
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.
Пас бояд гуфт, ки «Аз мост, ки бар мост». Дигар ба назари ман агар имомони масҷид аз уҳдаи даъват баромада тавонанд, таъсири хуб расонида метавонанд, зеро тамоми савдогарон дар масҷидҳо ҳузур доранд. Ёд дорам, дар ш.Кӯлоб дар моҳи рамазон савдогарон аз фоидаи ба даст меомада даст кашида, дунболи савоб дар ин моҳ буданд. Инчунин дар ин моҳ ёриҳои зиёд ба мардум мекарданд. Ба гумони ман аз ин роҳ таъсир зиёдтар аст.
Аз пушти кепкадор намоз хонем?
Салому дуруд ба кулли ҳафодорони газетаи мардумии СССР ва устод Ҳоҷӣ Мирзо. Ман 6 савол дорам ба домуллои мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, оид ба мушкилоти рӯзи ҷомеа.
1.Барои мусалмонҳо нӯшидани кулли машруботи спиртӣ-аз ақл берункунанда манъ асту ҳаром, аммо дар фаъолияти тиббӣ иҷозат аст. Мисле, ки пеш аз укол кардан аввал спирт мемоланд. Яъне бе спирт кору табобат дар тибб номумкин аст. Назари шумо ба ин чист? Магар вақте спиртро дар тан мемоланд, либоси мо бенамоз намешавад?
2.Дар дини мубини ислом Соли нави милод, яъне зодрӯзи Исои Масеҳро ҷашн гирифтан дуруст аст?
3.Садақа додан ба кӣ хуб аст: ба лӯлӣ, гадо, ё ятим?
4.Аз пушти намозхоне, ки дар пушташ, аз бараш, ё дар кулоҳаш сурати аҷинамонанде дорад, намоз хондан қабул аст?
5.Баъзе аз одамон дар газетаи мардумии СССР дар баҳси босмачизму болшевизм иддао доранд, ки «Ленин моро 70 сол хӯронд!» ҳол он ки бандаро Худо мехӯронад ва ризқдиҳанда ин Худост. Назари шумо чист?
Исмоил Маҳмудов,
н.Ҷайҳун (Қумсангир), тел: 93 388 07 47
Спирт либосро бенамоз намекунад
Посух: 1.Спирт агар тоза бошад, яъне дорои 96 градус, расидани он дар бадан, либосро бенамоз намекунад. Спирт-ин барои нӯшидан нест, барои давоӣ аст. Дохили инсон, ки 36 градус аст, тоқати нӯшиданашро надорад ва албатта бо зарар анҷом меёбад. Вақте дар спирт об мерезанду ҳарораташро паст мекунанд, ин замон вай бенамоз мешавад, агар дар бадан ё либос расад, бояд шуста шавад.
Посух: 2.Дар дини Ислом фақат 2 ид аст: Рамазон ва Қурбон. Дигар иду маросиме, ки ҷашн гирифта мешавад, иборатанд аз урфу, одат ва замони имрӯза.
Посух: 3.Садақаро ба касе диҳед, ки мискину фақир бошанд, ё қарздор.
Посух: 4.Агар сурат дар пеш, паҳлӯ ё тори сар бошад намозхонӣ иҷозат нест. Яъне бо либоси суратдор ё дар хонаи суратдор намоз хондан рухсат нест. Агар сурати одам ё ҳайвон бошад, дар сурати манзараҳо ё хонаи Каъба, зиёне нест.
Посух: 5.Дар сураи «Ҳуд», ояти 6, Аллоҳ фармуд: «Розиқи аслӣ ман ҳастам», яъне ризқи мо дар ёди қудрати Аллоҳ аст. Агар инсон гӯяд, ки розиқи ман фалонист, аз дин бегона мешавад. Дар ин боб Хоҷа Ҳофиз мефармояд:
Гар ранҷ пеш ояду гар роҳате ҳаким,
Нисбат макун ба ғайр, ки инҳо Худо кунад.
ё Абдулқодири Бедил фармуда:
Чаро худро асири ғам зи фикри бешу кам дорӣ,
Ки нагзорад туро муҳтоҷ эзид то ки дам дорӣ.
Машав бе дасту по аз муфлисиву оҷизӣ ҳаргиз,
Магар нашнидаӣ Бедил, Худо дорӣ, чӣ ғам дорӣ!
Ҷоду дар Ислом дуруст аст?
Дуруд ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман саволу ҷавобҳоро бо устод, домулло Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов хонда, 1 қиёмат маънӣ мебардорам. Ҳоло 1 саволи заминиву замонӣ ба домуллои гиромӣ дорам. Ман мехостам фаҳмам, ки ҷоду аз назари домулло Ҳоҷӣ Мирзо чӣ маънӣ дорад ва оё сеҳр дар ислом равост?
Фарҳод,
узви Ихвон-ал-СССР, тел: 908 44 90 15
Ҷодугар кофир аст!!!
Посух: Аввалан маънои сеҳр чист? Сеҳр калимаи арабист. Маънояш: Ҳар чизе, ки иллати он пинҳон ва дақиқ бошад, итлоқ мешавад. Дар забони тоҷикӣ онро ҷоду мегӯем. Пайдоиши сеҳр хеле қадим аст. Зеро дар Қуръони маҷид дар сураи «Зориёт», ояти 52 омадааст: «Ҳар паёмбаре, ки ба сӯи мардум омаданд, мардум ба онҳо гуфтанд, ки ӯ соҳир аст, ё девона». Аввалин паёмбар ҳазрати Нуҳ аст. Бо таваҷҷуҳ бо ояти мазкур қавми ҳазрати Нуҳ бо он сухан бо ӯ ба муқобала пардохтанд.
Ҷодугар аз нигоҳи дини ислом кофир аст ва ҳар кӣ ин илмро ҳам ба касе омӯзонад, вай низ кофир аст. 1 чизро бояд донист, ки то ҷодугар ба Қуръони карим кофир нашавад ва хӯрокаш аз ҳаром набошад ва худаш доим дар ҳолати ҷанобат набошад, ҷодуяш барор намегирад. Ин суханро қариб 15 сол пеш ман дар 1 баромадам қайд карда будам, ки пеши роҳи занҳоятонро гиред, то пеши ҷодугарон нараванд. Ҳосили ҷодуву ҷодугаронро вақтҳои охир аз тариқи телевизион дидед, ки бо занҳо чиҳо карданд. Ҳар касе пеши ҷодугар раваду сухани ӯро қабул кунад, худаш аз доираи дин берун ва занаш талоқ мешавад!!! Ин ҳукми ислом аст, на аз ман!
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов,
Хос барои СССР