ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронзода: Нархро бардоштӣ, 5 вақт намозат қабул нест!!!

  • Чоршанбе, Май 05 2021

 

 

СССР: Болобардории нарху наво дар бозорҳо, дӯконҳо, аптекаҳо ва соири марокизи тиҷорат, ахиран, дӯсти газета ва муаллифи доимии мо, олими саршиноси фиқҳ, Ҳоҷӣ Мирзоро таккон дод ва барои ҳушдори тоҷирон, савдогарон, доруфурӯшон матлабе навишт. Мардум, ин мақоларо хонед ва донед, ки тоҷир шудану худро меросбари пайғамбари ислом (с.) хондан гуноҳатонро 1 бар 10 меафзояду гаронфурӯшитон 1 бар 100. Ва мабод дар фикри гарм кардани бозори нафс оташи дӯзахро бар худ наздик карда бошед. Муроди мо насиҳат аст ва бо забони уламои фиқх. Ҳатман хонед. 

Мо Метавонем!

 

Касби пайғамбарӣ

Чаро ин касбро ман поктарин, беҳтарин, хубтарин хондам, зеро тамоми паёмбарон ва соҳибони мазҳаб ва дигар касоне, ки номи некашон дар саҳифаҳои китоб дарҷ шудааст, дорои ин касб буданд. Мардуми азизи Тоҷикистон шумо донед, ки ҳар касе, ки ин касбро ихтиёр мекунад, ӯро Аллоҳ (ҷ) ва расули Аллоҳ мадҳу ситоиш кардаанд. Чунки нафарони савдогар бисёр нақши муҳимро дар ҷомеъа мебозанд. Ҳамчунин савдогар доим дар хатар ва хавф аст. Яъне дар истилои мардум савдогар «риски» калон мекунад. Савдогар азбаски ҳаракати зиёд дорад, сафарҳои зиёд мекунад барои овардани ҳама чизе, ки мардум ниёз дорад. Пас маълум шуд, ки савдогар ҳам ҷонаш ва ҳам молаш дар хатар аст. Бисёри савдогароне ҳастанд, ки дар ҳолати сафар мурданд ё кушта шуданд, ё молеро ворид мекунад ба мақсади ба даст овардани фоидаву зарар мекунад. Имрӯзҳо савдогарон худ мегӯянд кор бисёр душвор шудаст. Чанд сабабҳои дохилию хориҷӣ меорад, яке аз онҳо пасту баланд шудани доллар аст. Дар  ибтидо гуфтем, ки савдогарро Аллоҳ ва Расули Худо (с) мадҳу сано  гуфтанд. Мехоҳам барои исботи ин чанд ишорае дошта бошам.

Савдогар бараҳм бошад!

Сураи бақара (195) Оли ъимрон (134) Оли ъимрон (148)  Моидаҳ (13) Моидаҳ (85) Аъроф (56) ва ғайра. Дар ин сураҳо Аллоҳ (ҷ) эълон мекунад, ки «муҳсин»-ро дӯст медорам. Муҳсин кист ва чӣ маъно  дорад? Муҳсин нафареро мегӯянд, ки бисёр ғамхор, накукор, некандеш, бараҳм, соҳиби эҳсон мебошад. Агар савдогарони мо ин хислатҳоро дошта бошанд, ҳар оина дар доираи ин оят дохиланд.

1. Ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ аз номи паёмбарамон овард, ки Аллоҳ (ҷ) бар бандае раҳм  мекунад, ки ҳангоми фурӯхтани молаш ғамхорӣ ё раҳм бар харидор  дорад (Бухорӣ)

2. Дар сухани ибни Моҷаҳ ҳадисе аз Паёмбарон оварда шудааст, ки савдогаре, ки ростгӯй бошад, мардумро ҷабру зулм накунад, рӯзи қиёмат ҳамроҳи шуҳадо (шаҳидҳо) мебошад (Моҷаҳ) 

3. Фармуд паёмбар (с) Муҷоҳид касест, ки бозори моро аз мол пур мекунад ва ҳини фурӯхтан ҳаққи бандагони худоро намехӯрад (Тирмизӣ)

Хуллас савдогар будан ва ё савдогар шудан аз ин ҳадисҳо маълум шуд, ки роҳи хуберо пеша кардед ё ба истилоҳи  дигар гӯем савдогарон бе назар нестанд.

 

Эмонро низ савдо мекунед?…

Барои чи ман ин мавзуъро меҳвари сӯҳбат интихоб кардам? Шояд барои нафароне маълум бошад ва гӯем, ки мавзуъи имрӯз ҳам ҳаст, дар ибтидои ин мақола ман покию беҳтар будани ин касб ҳарф задам ва бо ояту ҳадис  ҳам исбот кардам, вале худо шоҳид ҳаст аз таърифи савдогар барои он оғоз кардам, ки  қисман савдогарони боинсофу бораҳм ҳам вуҷуд доранд. Вале дар умум дар дилам 1 сиёҳӣ ва нороҳатӣ буд, ки савдогари имрӯза шоиставу лоиқи ин таърифро надорад!

Аксари савдогарони мо даъвои мусалмонӣ доранд. Агар ба гумонам ман ба инҳо гӯям садқаи ҳамин номи зебои мусалмонӣ бошӣ, ҳақ дорам ва исбот ҳам мекунам, агар даъвогаре пайдо шавад. Чи гунае шайхи бузургвор Ҷаноби Саъдӣ Шерозӣ мефармояд:

Саг бар-он одам шараф дорад, ки дили дустон биёзорад,

Ин суханро ҳақиқате бояд, то маъонӣ ба дил фуруд ояд.

Одамӣ бо ту даст дар матъум, саг зи берун остон маҳрум.

Ҳайф бошад саг вафо дорад, одамӣ душманӣ раво дорад.

Ҳазрат фармуд агар гӯям аз одами дилозорда саг беҳтар аст, хато накардаам ва ҳуҷҷат (факт) низ овардам, ки инсонҳо  дар 1 табақ нон мехӯранд саг бошад таҳмондаи  шуморо мехӯрад ва дар  табақи бо шумо шарик ҳам нест. Лекин мебинӣ саг бо ин дурӣ ва хорӣ дар ту вафодор ҳаст, вале табақнишинон, ки ҳама даъвои диндорӣ доранд, дар пайи озори якдигаранд.

Яъне шайх гуфт, ки ҳақ дорам, ки дилозорро ё мардуми бераҳму бешафқатро сагу хар хонам. Пайравӣ аз шайх кардаму гуфтам, ки ин савдогарони бераҳму  беинсофу, пулдӯстдорро, ки фоидаашро аз ҳама муқаддасот боло медонад, гӯям, ки садқаи номи мусалмонӣ ё  ҳоҷигӣ ё эшонию шайхи бошӣ.

 

Савдогари фиребкорро дар қиёмат ном нагиранд!!!

Паёмбарамон (с) вақте ба бозор даромад ҳамроҳаш ҳазрати Рифоъаҳ буд гуфт, ки эй фурӯшандаҳо ё эй савдогарон ё эй тоҷирон! Рифоъаҳ мегӯяд, вақте паёмбар ин нидоро сар дод, ҳамаи тоҷирон  гарданҳояшонро баланд карданд ва ба сӯйи паёмбар назар андохтанд. Пас гуфт, медонед, ки ҳар тоҷире, ки дар дунё фиребкор, хиёнаткор ва бераҳм бошад, рӯзи қиёмат номаш намегиранд, ки эй Абдураҳим, ё Абдукарим, балки ӯро ингуна  фарёд мекунанд, эй фоҷир, эй фосиқ, эй хоин, эй дуруғгӯ! Зеро ӯ ин хислатҳоро дошт. 

Оё аз ин дида дигар шармандагӣ мешавад. Ҳазрат Мавлавӣ чунин фармуд:

Ҳаққи мардум диҳад лаззат ба комат,

Гулӯгират шавад рӯзи қиёмат.

Ҳазрати Абизари Ғифорӣ аз паёмбари Ислом (с) меорад, ки 3-нафарро рӯзи қиёмат Аллоҳ назари раҳмат надорад, ба онҳо ҳамсуҳбат намешавад, инҳоро пок намекунад, ба ин 3 нафар азоби дарднок ҳам ҳаст. Абизар (р.з) мегӯянд, ин суханҳои паёмбар маро дар тарс овард, гуфтам ё расулаллоҳ ин 3-нафари  бе саъодат киҳо бошанд, ин 3-нафаре, ки аз гуфтаи шумо дар рӯзи қиёмат хору залилу расво ҳастанд киҳоянд? Расулуллоҳ (с) фармуд:

1.Шахсе, ки такаббур ҳаст (нописанд, худписанд, високомер, баландҳаво), 

2.Хизматҳои кардаашро ҳамеша миннат мегузорад (таъна мекунад), 

3. Савдогаре, ки бо қасамҳои дурӯғ савдояшро гарм мекунад (Имом Муслим).

Бародарони азиз Абизари Ғаффорӣ (р.з) аз ин гуфтаи паёмбарамон тарсид ва гумкон кард, ки яке аз ин 3-нафар набошам?! Ту ҳам ин ҳадисе, ки Имом Муслим овардааст, дар дуконат  бинавис  ва пайравӣ кун ва ҳар гоҳе нафсат ғолибӣ кард бо ин ҳадис нафсатро саркуб кун. Ҳазрати Ҷунунӣ фармуд:

Ҳама шармандагиҳо аз дурӯғ аст,

Чароғи ростон доим  фурӯғ аст.

Ба дунё ин қадар дорад хиҷолат,

Чи бошад хиҷлати рӯзи қиёмат.

Сутун аз ростӣ омад ба масҷид.

Хашабҳо аз каҷӣ зарби табар дид.

 

Нархро бардоштӣ, 5 вақт намозат ботил аст!

Имом Аҳмади Ҳамбал дар китоби Муснадаш ҳодисаеро аз номи паёмбарамон (с) меорад, ки кадом тоҷире, ки он маводеро, ки мардум ба вай ниёз дорад кӯшиш  кунад, ки нархи ӯро боло барад,  Аллоҳ гуфтааст, ки ин гуна савдогарро ман дар болотарини азобам  ҷойгузин мекунам.

Надорӣ тоқати 1 захми сӯзан,

Наметарсӣ чаро аз сӯзи гулхан? 

 (Ҷунунӣ)

Вақте ман тоҷир ё савдогар мегӯям шарт нест, ки гӯям, ки эй доруфурӯш, гӯштфурӯш, мевафурӯш, зеленфурӯш, бензинфурӯш ин ба ҳамаи савдогарон дахл дорад. Баъзе савдогарон мегӯянд, - бобои ҳоҷӣ дар болои моли овардаамон чанд фоиз монему фурӯшем? Бародарон, дини ислом ягон фоизро муайян накардааст. Ман мегӯям, бале  дар ислом беҳтарини фоиз ин ҳамон Ислом ё инсофат ҳаст, яъне чи қадар фоизро паст кунӣ ҳамон қадар баланд  будани фоизи диндориятро мефаҳмонад! Чи қадар боло бурдӣ  баланд будани фоизи номусулмониатро, ё диндориятро нишон медиҳад. Яъне, сода карда гӯем, касоне, ки фақат барои боло бурдани нарх талош мекунанд, тавфиқат, даъвои диндорият, ё ришдорият ё сатрдорият, ё ҳоҷи буданат, ё мегӯӣ, ки ман мусалмони 5-вақтаям, яъне намозамро тарк намекунам, ҳамааш ботил аст, дурӯғ аст. Хаёми Нишопурӣ фармуд:

Панде диҳамат агар ба ман дорӣ гӯш,

Аз баҳри худо ҷомаи тазвир мапӯш.

Дунё ҳама санъатеву умри ту даме,

Аз баҳри даме умри ъабадро мафурӯш.

 

Савдои Имом Абуҳанифа бо 1 зан

Худо раҳмат кунад ҳазрати Имом Абуҳанифаро, ки бисёр тоҷири бораҳм, боинсоф буд, хостам 1 муъомилашро бо харидор нақл кунам. Зане назди дуконаш омад, хост либосеро  ба Абуҳанифа  аз рӯйи зарурат бифурӯшад. Абуҳанифа нархи либосро медонист, вале пурсид чанд аст нархи либосат, ки гуфт 100 дирам Абуҳанифа гуфт ин либоси Шумо арзишаш 500 дирам аст ва 500 дирам ба зан дод. Зан маблағро гирифту дар ҳаққаш дуъо кард.

Пайравони Абуҳанифа дидед, ки Раҳбари мазҳабамон чи гуна рафтор  кард? Метонист 400 дирамро надиҳад, вале имом Абуҳанифа ин корро накард. Пас Абуҳанифа гӯяд, ки ман мусалмонам, ҳоҷиям, суфиям, шайхам бовари инсон меояд. Лекин имрӯз шиъори мо ба ном мусалмонон ин аст: 

Гӯр сӯзаду дег ҷушад! Мавлоно бисёр хуб гуфтааст:

Ҳар ки охурбин бувад ӯ бедин аст

Ҳар ки охирбин бувад ӯ бо дин аст.

Яъне касе, ки фикри шикамашро кунад ӯ дин надорад, вале касе, ки фикри охираташро кунад, диндор аст.

 

Тарозудузд офат меорад!

Паёмбарамон фармуд, ҳар гоҳ хушксолӣ омад ва офат  дар зироъату меваҳо шуд, бидонед, ки ин аз ҳисоби савдогаронест, ки ҳаққи мардумро мехӯранд ва дар тарозу фиреб мекунанд.

Дар охир аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш мекунам, ки он чиро хондед  ба он амал кунед, худро зери дуъои бади мардум қарор надиҳед. Ин рӯзҳое, ки мову шумо қарор дорем, рӯзи дастгирист, рӯзи дар паҳлӯи якдигар истодан аст. Охир шумо бинед нафароне, ки Қуръонро намедонанд, бисмилоҳро намедонанд, мусалмон нестанд, вале бар мардуми хеш кӯмаки билоиваз дар ин рӯзҳои бади мубталоӣ ба коронавирус кардан доранд.  Мову шумо худмона аз онҳо боло мегирем, ки мо мусулмонем, мо баъди мурдан ҷаннат меравем, инҳо футболисти машҳур Роналдо ё ҷанговари UFС-Мак Грегор ва дигарон миллионҳо доллар ёрдам доранд ба мардум. Пас муқоиса кун нияти ту нек аст, ё нияти инҳо? 

Одамият чист худро дурр аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан нафъи безар доштан.

Имрӯзҳо, ки мардуми дунё мисли гаравгон дар хонаҳо нишастаанд, пайдо кардани маблағ бисёр мушкил шудааст. Нархҳо ҳам аз пештара боло рафтааст. Бояд тоҷирони ъазиз даст кашем аз фоидае, ки мебинем дар ғаму дарди имрӯзаи мардум. Саъдии бузургвор фармуд:

Ту, ки аз ғами дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

 

Ҷои фоидаи имрӯза хайри оқибат кунем

Имрӯзҳо на танҳо дунболи фоида нагардем, балки саховату дастгириро пеша кунем. Чи гунае, ки дар байни 12-моҳ моҳи Рамазон дар гирифтани савоб фарқ мекунад, яъне дар ғайри Рамазон 1 кори савоб 10-дараҷа аҷр дошту дар рамазон 1- аъмоли хайр 700-савоб дорад, дар ин рӯзҳое, ки ба ҳамаи мо маълум аст, аз сари фоида гузаштан ё нархҳоро поён бурдан, ё дасти мардумро гирифтан савобаш беъадад аст, савобаш бешумор аст. 1 матали тоҷикӣ ба ёдам омад ва бисёр маънои баланд дорад. «Ҷое, ки сабза дамида буд, боз аз сари нав сабза медамад, лекин рӯйи нафаре, ки ин сабзаро оташ зада буд, сиёҳ мемонад!». Фаромӯш накунед, ки ин рӯзҳо мегузарад, вале номи шумо ё ба бадӣ ё ба некӣ боқӣ мемонад. Аллоҳ нигаҳбон.

1 нуқта бас аст агар шуур аст,

Варна чу чароғ пеши кӯр аст. 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter