Аз СССР: Тибқи ваъда, ки ба хонанда дар шумораи гузашта (СССР №21(714),26.05.2022) дода будем, сар аз ин шумора рисолаи илмии Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода-дӯст, бародар, пешво, роҳбалад, ҳодӣ, такягоҳи мазҳаб ва муаллифи доимии хешро, чоп мекунем. Аввал рӯҳи Ҳазрат, ки дар таърихи 18.05.2022, соати 04:43 дақиқа ба раҳмати Ҳақ пайваст, шод мешавад ва аз дигар сӯ куллияи мусалмонони ҳанафии кишвари мо аз таълимот ва зиндагиномаи Эмоми Аъзам Абӯ Ҳанифа Нуъмон ибни Собит июни Марзбон (699-767) воқиф. Ҳатман хонед, ки инро худи Ҳоҷӣ Исмоил (р.) мехостанд. Хонед ва аз ақоиди барғалати экстремистӣ баргардед ва пайвандонатонро низ ҳушдор диҳед.
Мо Метавонем!!!
Муқаддима
“Мазҳаби Абӯҳанифа ҳам таърихан ва ҳам амалан омили муҳимми ваҳдати умумиинсонӣ, ҳифзи субот ва амнияти низоми ҷамъият аст” (Эмомалӣ Раҳмон)
Мубрамияти мавзӯи таҳқиқот
Эълон шудани соли бузургдошти Имоми Аъзам ва таҷлили ҷашни 1310-солагии ӯ ҳалқае дар сиёсати фарҳангии сарвари давлат-Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳадафи онро худшиносии миллӣ, гиромидошт ва қадршиносии фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, абармардони майдони илму маърифат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи онҳо ташкил медиҳад. Мардуми ҷумҳурии мо, алалхусус ҷавонон, бо масоили таърих ва фарҳанги бостонии аҷдодӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда истодаанд ва хеле хуб ҳам мешуд, агар ин корро дониставу огоҳона ва дар асоси андешаҳои миллӣ анҷом медоданд. Агар мазҳаби Абӯҳанифаро дуруст омӯхта аз таълимоти он пайравӣ карда бошанд, бояд ақалан аркону аҳкоми онро хуб бидонанд ва фирефтаи онҳое, ки ин таълимотро барои таъмини ҳадафҳои сиёсиашон истифода бурданӣ мешаванд, нагарданд, ба он тақлиди кӯр-кӯрона накарда, доир ба масъалаҳои замони муосир бештар истифода кунанд, ифтихори миллӣ, башардустии ин мутафаккирро дар назар гиранд ва фақат побанди фиқҳи ӯ набошанд.
Ҳар қавму халқ ба арзишҳои таърихи худ ҳамеша ниёзмандии зиёд дорад. Ва ин арзишҳои воло пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мегарданд. Бо роиҷ гаштани ислом фарҳанги ин миллат аз инкишоф монду бисёр арзишҳои фарҳангии худро тоҷикон аз даст доданд. Баъди бунёди хилофати Аббосиҳо фарҳанги мардуми эронитабор имкони рушди тозае пайдо кард, ки заминаи он дар замони Абӯҳанифа гузошта шуд. Дар ин амри хайри эҷоди арзишҳои миллию таърихӣ фарзандони бузурги халқи тоҷик, Оли Бармак, Яъқуб ва Амри Лайси Сафорӣ, Исмоили Сомонӣ ва файласуфони машҳури тоҷик: Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Ровандӣ, Умар Хайём ва дар ин радиф Абӯҳанифа низ нақши барҷаста бозиданд.
Миллати Абӯҳанифа…
Корномаи Абӯҳанифа, ин шахси бузург ва нобиғаи асил дар дунёи илму маънӣ бо сабаби асосгузори «Фиқҳи Ҳанафӣ» буданаш то ба ҳанӯз асрори зиёди нокушода дорад. Аксари муаллифони пешин ва муҳақиқони муосир эътироф намудаанд, ки Имоми Аъзам бидуни шакку шубҳа, аслан тоҷик, аз сарзамини тамаддунхези Хуросони бузург, аниқтараш аз шарқи қитъаи он будааст. Вале аз ҳама муҳим ин шинохти дуруст ва воқеии таълимоти ахлоқию каломии Абӯҳанифа мебошад.
Фиқҳи Ҳанафӣ…
Пешрафти фарҳангиро танҳо дар асоси таълимоти парешону содаи ислом, ки мероси арабӣ буд, наметавонист таъмин кард. Барои пешрафт на фақат аз худ кардани фарҳанги пешрафтаи Юнону Ҳинд, суннатҳои фарҳангии мардуми эронинажод, балки заминаҳои диннию ахлоқии ин фарҳангро ба вуҷуд овардан лозим буд. Ба иҷрои ин кори азим Абӯҳанифа камари ҳиммат баст. Танзими дурусти фиқҳӣ, ки ба иҷтиҳоду андешаи мустақил такя кунад, ағлаби замону осори гузаштагонро фаро гирад, масъалаи муҳими замон буд ва аввалин танзимгари ин фиқҳ Абӯҳанифаи тоҷик гардид. Аммо фиқҳи ӯ ба танҳоӣ андешаҳои ин мутафаккирро ифода намекунад, балки барои дуруст дарк намудани таълимоти ӯ ҳам калом ва низ таълимоти ахлоқии ӯро ба назар гирифтан зарур аст. Маҳз дар насиҳатномаҳояш симои ҳақиқииин марди фозил ошкор мегардад ва ҳатто моҳияти таълимоти фиқҳияш равшан мешавад. Агар мо таҳқиқи воқеӣ ва дар осори бевоситаи худи ӯ ин масъаларо таҳқиқ намоем, мебинем, ки бисёр чизҳое, ки ба ӯ нисбат медиҳанд ва баъд онҳо дар фиқҳи ӯ ворид карда шудаанд, дар асл вуҷуди воқеӣ надоранд ва мебинем, ки чи гуна, фиқҳи ӯ хусусияти таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо ба худ гирифта буд. Ғояҳое дар он тарғиб карда мешаванд, ки ҳатто ба ҷаҳонфаҳмӣ ва сулҳу осоиши замони мо созгоранд.
Ахлоқ ва таҳаммулпазирӣ
-Аввалан, бинобар ҳассосияти масъалаҳои динӣ дастёбӣ ба иҷтиҳод, ки Абӯҳанифа ба он пардохт, амри ниҳоят мушкил буд. Ба хусус дар давроне, ки саҳоба ва тобеин фаъолу эътибори динӣ ва иҷтимоии онон возеҳ ва мусаллам буд.
-Дуввум то ба Абӯҳанифа доираи масоил ва мавзуоти иҷтиҳод нисбатан маҳдуд шуда буд.
-Севвум, татбиқ ва амалкарди иҷтиҳод барои мусулмонон бинобар густариши қаламрави андеша ва шиддати рӯзафзуни ихтилофу зиддиятҳои ақидатӣ-фикрӣ ва иҷтимоӣ яксон ва умумӣ набуд.
-Чаҳорум, ташаккули иҷтиҳод ба сифати яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини фиқҳи исломӣ дар шароити пайдоиш ва шаклгирии мафкуравӣ ва соҳаҳои муҳими суннатӣ бо шумули таърих, ҷуғрофия, риёзиёт, тиб ва ғайра ҷараён мегирифт. Ин амр, албатта, ба мазмун, чаҳорчӯбаи мавзӯот ва хусусиятҳои иҷтиҳод таъсири амиқ дошт.
-Панҷум, иҷтиҳод ифодаи возеҳи зарурати таърихии посух гуфтан ба таҳаввулоту тағйирот ва падидаҳои навини иҷтимоӣ буд, ки онҳо мазмуни печида ва норавшан доштанд ва ин амр таъбиру тафсири айнии онҳоро мушкил месохт.
Бо тақозои рӯзафзуни ҷомеа Абӯҳанифа беш аз пеш ба истифодаи сарчашмаи дигари фиқҳи исломӣ-қиёс даст зад...
Давом дорад