(идома аз шумораҳои пешин)
Нӯъмон ибни Собит ибни Марзбон, мулаққаб ба Абӯҳанифа, машҳур ба Имоми Аъзам аз озодагони форс ва аз хонадони шарифу муҳтарам буд. Асли ҷаддаш, ки ӯро Завтӣ ё Зуто ва дар баъзе ривоёт Марзбон низ овардаанд аз аҳли Кобул (Афғонистони имрӯза) аст. Бинобар Тоҷик будани Абӯҳанифа қавли машҳурест, ки муаррихон ва маноқибнависони муътамаду маъруф онро қабул кардаанд. Дар ҳамин замина ривояте низ мавҷуд ҳаст, ки ишора ба аз аҳли Кобул будани Абӯҳанифа мекунад. Хатиби Бағдодӣ дар “Таърихи Бағдод” менависад:
“Баъзе аз муаррихон ва донишмандони исломӣ Абӯҳанифаро аз Кобул гуфтанд, қисмате дигар бошад, ба хотири баланд бардоштани мақому манзалат ва дараҷаву мартаба ӯро араб гуфтанд.”
Ин гурӯҳ даъво доранд, ки Завтӣ ҷадди Абӯҳанифа аз бани Яҳё бини Зайд бини Асад, ба қавли дигар бини Рошиди Ансорӣ мебошад. Вале ин даъвоҳо беасос ва ғайри қобили қабуланд. Зеро қавли саҳеҳ ва машҳур ҳамон аст, ки Абӯҳанифа насабаш форсиасл буда, ба саидзодагони ин қавм мансуб мебошад.
Асли ҷаддаш ҳамон тавре, ки аксари таърихнигорон баён карданд, аз Кобул-пойтахти Афғонистони имрӯза аст. Инчунин дар бораи иқомати падараш Собит дар шаҳрҳои мухталиф – Тирмиз, Насо ва Анборо маълумот зикр кардаанд. Имкон дорад, ки Собит дар ин шаҳрҳо иқомат карда бошад. Дар ин замина қавли саҳеҳ он аст, ки охирин мақоми иқомати Собит Куфа будааст ва фарзанди ӯ Нӯъмон соли 80 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба 699 мелодӣ) дар ҳамин ҷо ба дунё омадааст. Собит падари Нӯъмон дар Куфа бо Алӣ бини Абутолиб халифаи чаҳорум мулоқот кардааст.
Дар ривояте, ки онро ба яке аз наберагони Абӯҳанифа, Умар бини Ҳаммод бини Абӯҳанифа мансуб донанд, омадааст, ки ҷадди эшон Завтӣ аснои фатҳи Кобул ба асорати араб афтода, чун ғулом Саҳми бани Наим баъди қабули ислом аз ғуломӣ озод гаштааст.
Куфа-зодгоҳи Абуҳанифа
Абӯҳанифа дар Куфа яке аз шаҳрҳои бузурги он давраи Ироқ, мутаваллид шудааст. Куфа аз ҷиҳати бузургӣ шаҳри дуввуми Ироқ ба шумор мерафт ва он маркази тамаддуни қадима буда, пеш аз ислом дар ин ҷо суриёниҳо зиндагӣ мекарданд. Суриёниҳо дар инҷо бештар барои худ мадраса, таълимгоҳ ва донишгоҳҳо таъсис намуда буданд, ки дар онҳо фалсафаи Юнон ва ҳикмати Форс таълим дода мешуд. Пеш аз ислом дар ин ҷо равияҳои мухталифи насронӣ дар масоили эътиқодӣ байни худ баҳсу ҷидолҳои зиёде доштаанд. Вале баъди омадани ислом ин шаҳр ба иллати омезиши ҷинсиятҳои мухталиф, маркази изтиробу нооромиҳо, назарияҳои мутазоди сиёсӣ ва эътиқодӣ гашта буд. Дар ин шаҳр шиа, хавориҷ, муътазила ва мазоҳибу ҷараёнҳои дигар боҳам дар ҳоли низоъу кашмакаш қарор доштаанд.
Ин шаҳр бо ҳама изтиробҳояш боз макони муҳимми иқтисодӣ, тиҷоратӣ ҳисоб мешуд. Муҷтаҳидони зиёдеро аз тобеъин, ки асли саҳобагонро дарёфта, ҳомилу ноқили илми эшон гашта буданд, дар худ ҷойдода, маркази илми дин гашта буд.
Мактаби Ҳаммод
Аз хурдӣ Абӯҳанифа ба илму донишомӯзӣ машғул мешавад ва фақеҳи машҳур Абулайлоро бо зеҳни фавқулодда ва донишаш ба ҳайрат мегузорад ва бо тавсияи ӯ барои таълим ба назди Абу Сулаймон Ҳаммод меравад ва 18 сол аз ӯ илм меомӯзад.
Аз байни улуми исломӣ ӯ фиқҳро интихоб мекунад. Ҳарчанд дар аввал ба масоили каломӣ пардохта бошад ҳам, лекин он вақт калом ҷузъи фиқҳ ҳисоб мешуд, яъне он масъалаҳое, ки Абӯҳанифа дар “Фиқҳи Акбар” -и худ баён доштааст, дар дар доираи илми фиқҳ низ баррасӣ мегарданд ва калом дар он замон илми мустақиле нашуда буд. Баъдҳо, пас аз бурузи мӯътазила ин қисмат аз масъалаҳои шаръӣ илми каломро ташкил додаанд. Ба ғайр аз Ҳаммод, Абӯҳанифа боз аз устодони зиёди дигар низ таълим гирифтааст. Аз ҷумла аз Ҳасани Басрӣ, Иброҳим -аш-Шаъбӣ, (фақеҳони Куфа), Ато ибни Абурибоҳ, Муҳаммад Боқир ва дигарон. Муҳаққиқон аз 80 то 319 нафарро аз ҷумлаи устодони Абӯҳанифа медонанд. Ба ҷуз ин дар сафарҳояш ба Маккаю Мадина ба бисёр фақеҳони Ҳиҷоз баҳсҳо ороста, дар сӯҳбатҳои онҳо иштирок карда, аз онҳо илм омӯхтааст. Абӯҳанифа аз ҳамсӯҳбатони тобеин буда, ба он гурӯҳ дохил аст. Аксари осори ӯро улуми шариат ташкил медиҳад аммо ӯ ба масъалаҳои каломӣ низ машғул шудааст. Аз ҷумлаи онҳо “Ал-фиқҳ-ал-акбар” (Фиқҳи акбар) мебошад, ки то рузгори мо боқӣ монда, мавриди истифодаи ҳамаи дӯстдорони ин илм ва пайравони мазҳаби ӯ мебошад. Рисолаи мазкур аз бузургтарин таснифоти Абӯҳанифа дар калом аст, ки дар байни донишмандони исломӣ ҳамчун яке аз нахустин асар ва ё худ рисолаи давраи муққадимотии илми калом маъруфият дорад.
Давом дорад